Оғози тарбият қабл аз таваллуд

141

Уламои бузурги дини Ислом бар тарбияти фарзанд аҳамияти фаровон медоданд ва нисбат ба ҳалолу ҳаром диққати бисёр доштанд, то мабодо гӯшту пӯсти фарзандонашон бо моли ҳаром рушд ёбад.

Бузургони дин ба тарбияти фарзанд пеш аз таваллуд аҳамият дода ва ҳамсари худро ҳам

нисбат ба он огоҳ мекарданд.

Аз ин рӯ барои доштани фарзанди солиму бо ахлоқ бояд пеш аз таваллудаш барномарезӣ кард. Ахлоқу рафтори модар ва ҳатто падар пеш аз бадунё омадани бар рӯи фарзанд таъсир мегузорад.

Рӯзе бузурге бо дидани кирдори нохушоянди сурох кардани кисаи дигарон тавассути фарзандаш нороҳат гашта, дасти ӯро гирифта ба хона бурд, ба ҳамсараш гуфт, медонед, ки ман дар тарбияти фарзандам диққати бисёр доштаам, имрӯз амале аз ӯ дидам, ки маро ба фикр водошт. Ман дар обу авқоти фарзандамон диққат кардаам то аз роҳи ҳалол ба даст ояд, намедонам ба чи сабаб аз ӯ амали нописанд сар задааст. Тӯ фикр кун, ки чӣ коре анҷом додӣ, ки вай чунин амалеро анҷом додааст? Ҳамсараш каме фикр карда гуфт, росташ замоне, ки писарамонро ҳомила будам аз дарахти анори ҳамсоя анореро сузанзада миқдоре аз он чашидам. Он бузург оҳе кашида ба рози амали нописанди фарзандаш пайбурд.

Ба ҳамин хотир дар аҳодиси Паёмбари Акрам (с) таъкид шудааст, ки хӯрдани ғизои ҳаром гарчанде, ки андак бошад ҳам ба нутфа (ҷанин) таъсири бад мегузорад.

Бузургони илми тарбият ҳам гуфтаанд: Тарбияти фарзанд қабл аз таваллуд оғоз мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.