Тафовутҳои зану мард

166

 

Тафовутҳои зану мард

Яке аз мабоҳисе, ки аз реша ғалат аст муқоиса байни зан ва мард аст ва мо асосан ин чунин муқоисаеро таҳқири занон медонем зеро дар ин маворид мардро асл қарор медиҳанд ва зан бояд ба ин асл наздик шавад. Дар ҳоле, ки аз дидгоҳи Ислом, занон  дорои ҷойгоҳи мушаххас ва таърифшуда ҳастанд.[1] Аз назари Ислом зан ва мард ду ҷинсанд аз як навъ ба номи инсон, ки халифатуллоҳ (ҷонишини Худо) аст. Ҳарду инсон ҳастанд, ҳаркадом вежагиҳои хосси худро доранд ва чун занон аз ҷиҳати хилқати зоҳирӣ бо мардон тафовутҳое доранд,[2] дар аҳком ва масоили шаръӣ низ бояд ихтилофоте дошта бошанд.

Дар Ислом тафовутҳои байни зану мард дақиқан бар воқеият ва ҳикмат устувор аст, на бар зулм ва табъиз. Тафовутҳои [табиӣ ва таквинӣ] ва [ҷисмӣ ва рӯҳи].

Профессор «Рик» равоншиноси машҳури Амрикоӣ мегӯяд: «Дунёи мард; Бо дунёи зан ба куллӣ фарқ мекунад. Агар зан наметавонад монанди мард фикр ё амал кунад, аз ин руст, ки мисли ҳам набуда ва ҳеҷгоҳ мисли ҳам дар муқобили иттифоқот ва ҳаводис аксулъамал нишон намедиҳанд».[3]

Хонум «Элисон» мегӯяд: «Ба унвони як зани равоншинос, мутолиоте дар мавриди рӯҳияи мардон ва занон анҷом додам, ки ба натоиҷи ҷолибе даст ёфтам; Ба ин натиҷа расидам, ки хонумҳо тобеи эҳсосот ва оқоён тобеи ақл ҳастанд. Бисёр дида шуда, ки хонумҳо, аз лиҳози ҳуш на фақат бо мардон баробарӣ мекунанд, балки гоҳе дар ин замина аз онҳо бартаранд. Нуқтаи заъфи хонумҳо, фақат эҳсосоти шадиди онон аст. Мардон ҳамеша амалитар фикр мекунанд, беҳтар қазоват мекунанд, созмондиҳандаи беҳтаре ҳастанд. Ва беҳтар ҳидоят мекунанд, пас бартарии рӯҳии мардон ва занон, «бартарӣ» ба унвони як имтиёзи арзишӣ, ба тафовутҳои ҷисмӣ, ва рӯҳӣ ва кору кирдҳои ихтисосии зан ва мард бастагӣ надорад. Балки бар асоси имон ва амали солеҳ аст; Занон ба иллати инки ҳассостар аз оқоён ҳастанд, бояд ин ҳақиқатро қабул кунанд, ки ба назороти оқоён дар зиндагиашон эҳтиёҷ доранд. Корҳое, ки ба тафаккури мудовим эҳтиёҷ дорад, занро касил ва хаста мекунад…» (маҷалла Зани рӯз, шумораи 101)

Вуҷуди ин тафовутҳо баъзан мавқеият ва нақши мутафовитеро барои зан ва мард дар даруни хонавода ва арсаи иҷтимоъ зарурӣ месозад. Ин мавқеият ва нақши мутафовит, худ мӯҷиби бархе тафовутҳои ташриӣ мешавад.

Тафовути зан ва мард аз ҷинси [таносуб] аст на аз ҷинси [нақс ва камол].[4]

Мисол: зан мавҷуде аст, ки бинобар ҳикмати хилқат: барои ҳадафи хосс халқ шудааст ва барои расидан ба он ҳадаф 5% ақл 100% отифа, 20% дарёфти мағзӣ ва …ниёз дорад ва мард мавҷуди дигаре аст, ки барои ҳадафи дигар халқ шудааст ва барои расидан ба он ҳадаф, масалан 10% ақл, 5% отифа, 15% дарёфти мағзӣ ва ғ… ниёз дорад.

Албатта асли ҳадафи хилқат барои мард ва зан яке аст, ки ҳамоно [ибодати Худованд] аст.

Худованди (азза ва ҷал) мефармоянд:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ.[5]

Ман ҷин ва инсро нёфаридам, ҷуз барои инки ибодатам кунанд, (ва аз ин тариқ такомул ёбанд ва ба ман наздик шаванд)

Локин мисдоқи ибодат дар ҳар ду мавҷуд фарқ дорад ва яке нест. Агар дар қолаби масал бихоҳем баён кунем инки яке (себ) аст ва дигарӣ (анор) маъқул нест, ки аз себ интизори аноршудан дошта бошем ва билъакс аз анор интизори себ шудан.

Чун зан, зан аст ва мард, мард. Камоли зан ин нест, ки марди ноқис бошад. Балки камолаш ин аст, ки зани комил бошад. кадбону бошад, афиф, босавод, меҳрубон, боҳунар, зебо, солим, латиф ва зариф бошад. На инки бархе аз хавоси мардро ҳам ба таври ноқис дар худ ҷамъ карда бошад; Чаро, ки зан ҳар хасисаи мардонаеро, ки бигирад, як хасисаи занонаро аз даст медиҳад. Агар мисли мардон қавӣ шуд дигар мисли занон зариф ва латиф нахоҳад буд. Агар (хашин) шуд; дигар (нарм ва атуф) нест. Агар шуғли мардона бигирад, дигар шуғл занона надорад ва…

Шумо донаи меваеро дар назар бигиред, агар ин донаро дар беҳтарин макони манзил, масалан бар рӯи мебел бигузорем, пас аз муддате ба чизе табдил мешавад пур аз мӯрча, магас ва ҳашроти дигар; Аммо агар дар зери хок, ки ба зоҳир ҷои паст ва номуносибе аст дафнаш кунем, пас аз муддате реша медавонад ва бор медиҳад. Онон, ки мехоҳанд занро ба ҳар қимате аз хона берун кунанд ва дар маърази ҳамагон қарор диҳанд, ба ҳақиқат кори мисли қарордодани дона бар рӯи мебел кардаанд. Ва онон, ки занро аз даруни хона ба авҷ мерасонанд; Ба ҳақиқат коре мисли коштани донаи мева дар зери хоки муносиб кардаанд ва агар қарор бошад муқоисаи ғайри мантиқӣ байни зан ва мард шакл бигирад, натанҳо занон нисбат ба мардон ноқис хоҳанд буд, балки мардон низ нисбат ба занон ноқис хоҳанд буд; Чаро, ки ҳамвора бархе хусусиятҳо ва вежагиҳо дар яке аз ин ду ҳаст, ки дар дигаре нест. Ба унвони мисол: дар тӯли таърих, ҳаргиз марде фарзанде ба дунё нёвардааст ва ин яъне инкӣ, лоақал занон тавони анҷоми як коре мисл зоимонро доранд, ки мардон наметавонанд ва ин дар қонуни муқоисаи ғайримантиқӣ, яъне нақси мард!

Ва агар ин муқоисаи ғайримантиқиро байни инсон ва дигар ҳайвонот анҷом бидиҳем дар он сурат, ҳам зан ва ҳам мард, ки ҳар ду намунаи (ашрафи махлуқот) ҳастанд аз бисёре ҳайвонот ноқистранд, мисол: уқоб қодир аст 30 километр ҷилватр аз худро бибинад. Шутур то чандин ҳафта, бе хӯрдани об ва алаф қодир аст ба ҳаёти худ идома бидиҳад ва кайк қаҳрамони праиши ҷаҳон аст, ки шаст баробари қади худ мепарад…, ҳол онки ҳеҷ як аз ин корҳои инсоне, ки намунаи (халифаи илоҳӣ[6]) астро наметавонанд анҷом диҳанд. Оё инҳо ба маънои нуқсони зан ва мард нисбат ба дигар ҳайвонот аст? Ҳаргиз чунин нест. Зеро нақс онгоҳ аст, ки инсон барои иҳрози мақоми (халифатуллоҳи) ба таври билқувва, абзори лозимро дар ихтиёр надошта бошад. Пас «чӣ лузуме дорад, ки тафовутҳои зан ва мардро ба ҳисоби ноқис будани яке ва комил будани дигарӣ бигузорем;, ки маҷбӯр бошем гоҳе тарафи мардро бигирем ва гоҳе тарафи занро.[7]

[1] .  моҳномаи Субҳ, шумораи.68, саҳ.5

[2] .Низоми ҳуқуқи зану мард дар Ислом, с.178 ва Фарҳанги бараҳнагӣва бараҳнагии фарҳангӣ, саҳ.63

[3] . Маҷалаи Зани рӯз шумораи 90

[4] . Маҷмуаосори устод Муттаҳҳарӣ, ҷ.19, саҳ.175

[5] .сураи Зориёт, ояти.56

[6] . сураи Бақара, ояти 30. (وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلاَئِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الأَرْضِ خَلِيفَةً…)

[7] .Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом, саҳ.178

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.