Маҳоратҳое барои барқарории робитаи заношуии солим

231

 

Маҳоратҳое барои барқарории робитаи заношуии солим

Таваҷҷуҳ ба одоб дар ҳар коре метавонад эҳсоси ризоятмандии фард аз корро афзоиш диҳад. Барои робитаи ҷинсии солим низ одоби маънавӣ ва моддӣ, гуфторӣ ва рафторӣ вуҷуд дорад, ки нақши муассре дар ҳусули ризоятмандӣ аз робитаро дорад:

 1- Иртибот бо Худо

Иртибот бо Худо ва дархости тафоҳум ва созгорӣ аз ӯ, аз авомили бисёр муҳим ва муассир дар эҷоди улфат ва ҳамоҳангӣ ва ризоятмандӣ миёни ҳамсарон мебошад.

 2- Аузу биллоҳ ва бисмиллоҳ гуфтан қабл аз оғози омезиш.

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

Танаффур, безорӣ ва носозгорӣ дар иртиботҳои машрӯъ натиҷаи фаъолияти шайтон аст, ва улфат ва маваддат ва созгорӣ аз ноҳияи Худост пас бояд аз шарри шайтон гурехт ва бо номи Худо иртиботро шурӯъ кард то аз мавоҳби ӯ бархурдор шуд.[1]

 3- Омодасозии рӯҳӣ

Барои баҳрамандии бештар дар равобити ҷинсӣ, лозим аст ҳамсарон омодагии омезишро дошта бошанд. Вуҷуди Паёмбари акрам(с) барномаи худро ба гунае тадорук дида буданд, ки ҳар як аз ҳамсарони ӯ медонистанд чӣ шабе ифтихори ҳамроҳии ҳазраташро доранд. Огоҳии ҳамсар аз ҳузури ҳамсари хеш, заминаи иҷобати беҳтар дар баробари дархости ӯро фароҳам хоҳад сохт.

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

Барои мард муносиб нест дар шабе, ки аз сафар бармегардад бар аҳли худ ворид шавад, магар инки сабр кунад то субҳ шавад.[2]

 4- Назофат ва зинат

Риояти беҳдошти ҷинсӣ, аз байн бурдани мӯҳои изофии бадан, кӯтоҳ кардани мӯйи сар, ислоҳи риш, интихоби маводи беҳдоштӣ ва ороишии муносиб ва ғ., бояд ба сурати ҷидди мавриди таваҷҷуҳ қарор бигиранд.

Ҳеҷ як аз ҳамсарон набояд ингуна ба ҳамсараш бингарад, ки ӯ мунтазир аст то пас аз омезиши ҷинсӣ ҳам ғусл кунад ва ҳам ба назофати худ бирасад, балки бояд чунин бидонад, ки ҳамом кардан пас аз омезиши ҷинсӣ фақат барои анҷоми амри илоҳи дар анҷоми ғусли воҷиб аст ва эҷоди ин омодагӣ барои занон дар авлавияти бештаре матраҳ аст, зеро мардон аз тариқи ҳисси биноӣ ва буёӣ таҳрик мешаванд.

 5- Омодасозии ҷинсӣ

Заминҳсозӣ барои ирзои ҳарчи беҳтари хостаҳои ҷинсӣ барои ҳамсарон амре аст, ки мавриди ташвиқи дини мубини Ислом аст ва шитоб кардан дар ин замина мавриди накӯҳиш воқеъ шудааст.

Паёмбари Аъзам(а) мефармоянд:

Ҳаргоҳ яке аз шумо ирода кард, ки бо ҳамсараш омезиш кунад, худхоҳона шитоб накунад.[3]

Ва ин фароянди, муқаддамотиро лозим дорад аз ҷумла: бозӣ бо ҳамсар.

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

Малоика ҷуз дар мавориде аз ҷумла бозии мард ва омодасозии иртиботи ҷинси бо ҳамсараш ҳозир намешванд.[4]

Паёмбари гиромии Ислом(с) мефармоянд: се чиз аз ҷафо мебошад:

а) Инки касе бо як фарде ҳамроҳ ва ҳамсафар шавад аммо исму расми ӯро напурсад;

б) Инки ба таоме даъват шавад вале посухи мусбат нагӯяд;

в) Қабл аз омодасозӣ аз тариқи суханони пурҷозиба ва бозӣ, бо ҳамсараш омезиш кунад.[5]

 6- Таҳрики завҷайн тавассути якдигар

Қатъан барои расидан ба ирзои (рӯҳӣ равонӣ) ҳар касе тафаккуроте дар сар дорад, ки истилоҳан инҳоро тафаккуроти ҷинсӣ меноманд. Тафаккуроте, ки мардон ва занонро таҳрик мекунанд ва дар робитаи ҷинсӣ ба думболи рафъи он ниёз мебошанд ва албатта ин тафаккурот дар афрод, мухталиф ҳастанд.

Мисол: бархе мардон аз мӯйи сари баланди ҳамсари худ лаззат мебаранд ва таҳрик мешаванд ва шояд ин вазъият барои марди дигар натанҳо таҳрикпазирӣ надошта бошад, балки мумкин аст аслан мавриди таваҷҷуҳ низ қарор нагирад.

Баъзе мардон аз ҳарф задан бо занон лаззат бурда ва таҳрик мешаванд, бархе бо дидани ружилаб, лаки нохун ва ғ., лаззат бурда ва таҳрик мешаванд. Баъзе бо дидани ҷӯробҳои нозук ва либоси зери занон таҳрик шуда ва лаззат мебаранд ва чӣ басо ин ҳолатҳо барои баъзе дигар аз мардон беоаҳаммият бошад. Хеле аз занҳо аз тафаккуроти ҷинсии мардони худ, ончи боиси таҳрик ва лаззат бурдани онҳо мешавад беиттилоанд. Яъне тасаввурашон ба ин аст, ки бадани урёни онҳо фақат боиси таҳрики мардашон мешавад, ки ин фикри носаҳеҳ аст.

 Кадом робитаи ҷинсӣ беморгуна аст?

Замоне, ки робитаи ҷинсӣ фақат ба як навъ амал, дар як замон ва макон бахусусе барқарор шавад, ин робитаро беморгуна мегуянд.

Дар як робитаи ҷинсии комил ҳар дуи завҷайн дар замони барқарории робита дӯст доранд, ки ҳар тарафи худро комилан дар ихтиёри тарафи муқобил қарор диҳад. Ҳатман пайдо кунед маворидеро, ки дар вуҷуди ҳамсаратон кумак мекунад то ӯ ба ирзои рӯҳӣ равонӣ дар канори ирзои ҷинсӣ бирасад.

[1] . Васоил, ҷ.30, саҳ.118

[2] . Ҳамон, саҳ.15

[3] . ҳамон, ҷ.30, саҳ.118

[4] . Фуруи кофӣ, ҷ.5, саҳ.49 ва 50

[5] . ҳамон, саҳ.119

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.