Роҳкорҳои беҳтарин барои занон

128

Як даста аз корҳо аст, ки анҷом доданаш сахт аст вале агар анҷом шаванд воқеан дар зиндагӣ мӯъҷиза мекунанд. Ин фанҳои содда калиди муҳими зиндагӣ аст, ки мо исмашро мегузорем “муҳаббт бо сиёсати занона”:

1- Ҳаргиз дар иборотатон аз калимаи “ман” истифода накунед ҳатман бигӯед “мо”.

2- Ҳаргиз худатонро дар даъвоҳои холазанакии қавми шавҳар гирифтор накунед, вақти шумо арзишмандтар аз ингуна масоил аст.

3- Як кори хеле сахт ин аст, ки дар муқобили шавҳар лҷбозӣ ва исрор накунед ҳар чанде, ки ҳақ бо шумо бошад осораш баъдан мушаххас мешавад.

4- Агар аз дасти ҳамсаратон нороҳат ҳастед то замоне, ки ором нашудед чизе нагӯед. Бигузоред вақте ором шудид бо забони дуруст ва мантиқӣ интизоротатонро баён кунед.

5- Дар ҷамъ ҳамсаратонро ишқи ман садо назанед ҳатто агар воқеан ошиқи ӯ ҳастед, ҳатман аз исми фомилӣ ё изофа кардани оқо ба исми ҳамсар истифода кунед ошиқонаҳои худро бигузоред дар муҳити амни ду нафараи худ иброз кунед.

6- Пеши дигарон тавре вонамуд кунед, ки ҳамсаратон тасмим гирандааст ва дар ҳама чиз бо ӯ машварат мекунед ин ба марди шумо қудрат медиҳад ва шуморо азизтар мекунад.

7- Ҳангоме, ки ҳамсаратон дар ҷамъе сӯҳбат мекунад шумо аввалин нафаре бошед, ки дар ҷамъ бо диққат ва кунҷковӣ ҳарфашро думбол мекунед ин кор ба ӯ ин ҳисро мунтақил мекунад, ки шумо бештар аз ҳама ба ӯ баҳо медиҳед ва ташвиқгараш ҳастед.

Лозим аст ба ин нукта ишора кунем, ки ин сиёсатҳо сирфан ҷиҳати рушди равобити заношуӣ аст ва агар ахлоқу рафторатон бо ин мавориди зикршуда фосилаи дуру дароз дорад, ором ором пеш равед то ҳамсаратон гумон накунад, ки аз ӯ дархосте доред, ки инчунин меҳрубон шудид! Шумо метавонед танҳо бо анҷоми бахше аз ин корҳо аз зиндагӣ кардан бо марди худ лаззат баред.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.