Нақши модар дар тарбияти ахлоқии кӯдакон

139

Дар ин навишта ба нақши яке аз муҳимтарин авомили тарбияти ахлоқӣ яъне модар пардохта шудааст. Бинобар ин ибтидо мароҳили тарбияти ахлоқӣ, ки қабл аз таваллуд  ва баъд аз таваллуд ва авомили муассир дар тарбияти ахлоқии кӯдакон аз қабили варосат ва муҳит ва волидайн аст. Ва нақши куллии модар дар тарбияти ахлоқии кӯдак монанди муроқибат ва ҳимоят, модар улгӯи кӯдак, ҳузури модар ва таъсироти он дар тарбият ва сохтани шахсияти кӯдак ишора шудааст. Ҳадаф аз тарбияти ахлоқӣ худшиносӣ, худсозӣ, таодули рӯҳӣ ва қурб ва ишқи илоҳӣ аст, ки дар бисёре аз кутуби тарбиятӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Дар натиҷа ин ки нақши модарӣ як нақши муқаддас ва дар айни муқаддас будан сангин ва душвор аст. Пас модар баяд бо усули тарбиятии кӯдаки худ ошно бошад, то роҳкорҳои муносиби тарбиятиро барои тарбияти кӯдаки худ ба кор гирад. Ва агар дар ин маврид, модарон нукоти тарбиятиро риоят кунанд метавонем ҷомеаи солим аз ҳаргуна мушкилот дошта бошем. Зеро бидуни ин маворид наметавонанд кӯдакони худро саҳеҳ ва дуруст тарбият кунанд ва модарон дар рафтори худ ҳадди ақал эътидолро риоят кунанд ва дар тарбияти кӯдаки худ кушо бошанд.
Вожагони калидӣ:
Тарбият, тарбияти ахлоқӣ, модар.

Муқаддима:
Ҳамд ва сипос бар Худои Азза ва Ҷалла, ки муназзаҳ аз ҳама айбҳо ва бениёз аз ҷумлаи махлуқот, эҳтиёҷи ҳама ба Ӯ ва Ӯ ба ҳеҷ кас муҳтоҷ нест ва сад ҳазорон салавот ва таҳият бар ҷони пок ва мутаҳҳари Муҳаммади Мустафо(с) сайиди аввалину охирин ва беҳтарини оламу одам ва ҷамии анбиё ва мурсалин(а).
Масъалаи тарбияти ахлоқӣ аз муҳимтарин масоили фард ва ҷомеа ва аз баҳсангезтарин мавзӯоти ҳаёти миллатҳост, ки аз замони садри Ислом вуҷуд дошта, то ба имрӯз идома дорад. Тарбият амре аст, ки сарнавишти зиндагии имрӯз ва фардои башарият бадон вобаста аст. Тарбияти ахлоқӣ дар худи инсон ё дигарӣ аст. Пас дар аҳамият ва зарурати тарбияти ахлоқии кӯдакон ҳамин бас, ки дар партави он ҳама ниёзмандиҳои кӯдакон тақвият мегардад. Ва ҳадаф аз тарбияти ахлоқӣ, худшиносӣ, худсозӣ, таодули рӯҳӣ, қурб ва ишқи илоҳӣ аст, ки бо мутолиа ва баррасии оёт ва ривоёт ошкор мегардад, ки ҳадафи асосии ҳамаи паёмбарон махсусан Расули Акрам(с) итмоми макорими ахлоқ будааст.

Ҳадаф аз тарбияти ахлоқӣ:
Тарбият иборат аст аз интихоби рафтору гуфтори муносиб, эҷоди шароит ва авомили лозим ва кӯмак ба шахси мавриди тарбият, то битавонад истеъдодҳои нуҳуфтаашро дар тамоми абъоди вуҷуд ва ба таври ҳамоҳанг парвариш дода шукуфо бисозад ва ба сӯи ҳадаф ва камоли матлуб тадриҷан ҳаракат кунад.
Ҳадафи тарбияти ахлоқӣ дар Ислом, сохтан ва пардохтани инсоне аст, ки ба камоли лоиқи худ дар ҷиҳоти моддӣ ва маънавӣ ноил гардад. Файзи Кошонӣ ҳам ҳадаф аз тарбияти ахлоқиро худшиносӣ, худсозӣ, таодули рӯҳӣ ва қурбу ишқи илоҳӣ медонад.

Аҳамият ва зарурати тарбияти ахлоқӣ:
Аҳамият ва зарурати тарбияти ахлоқии одамӣ бар касе пӯшида нест ва ҳеҷ мактаб ва мазҳабе инро инкор намекунад. Дар аҳамияти тарбияти ахлоқӣ кӯдакон ҳамин бас, ки дар партави он ҳама ниёзмандиҳои фитрӣ ва табии кӯдакон ба василаи тақвияти ҳисси ахлоқӣ тақвият мегардад. Бо мутолиа ва баррасии оёт ва ривоёт ҳам ошкор мегардад, ки ҳадафи асоси ва ниҳоӣ аз беъсати ҳамаи паёмбарон ба хотири итмоми макорими ахлоқ буда, ки Паёмбар(с) мефармоянд: “Ҳамоно ман барангехта шудам, то макорими ахлоқро ба итмом бирасонам”.

Мароҳили тарбияти ахлоқӣ:

1.    Қабл аз таваллуд
А) Интихоби ҳамсар:
Дар сираи Аҳлу байт(а), тарбияти кӯдак қабл аз таваллуди кӯдак оғоз мешавад. Аз замони издивоҷ ва интихоби ҳамсар аст, ки конуни тарбият рақам мехӯрад, зеро кӯдак ҳассостарин замони рушд ва тарбияти худро дар хонавода мегузаронад ва зану шавҳар аз аркони хонавода ба шумор мераванд. Паёмбар(с) ва Аҳлу байт(а) ҳам ба дигарон дар интихоби ҳамсар суфориш кардаанд ва ҳам худашон диққат намудаанд, ки Паёмбар(с) ба ҳазрати Фотима(с) фармуданд: “Ба Худо қасам агар дар хонадони ман беҳтар аз Алӣ касе буд туро ба Алӣ намедодам”. Бинобар ин касоне, ки ба ояндаи фарзандони хеш меандешанд ва мехоҳанд фарзандони солим ва бо ахлоқ ва диндор бошанд, бояд қабл аз издивоҷ дар ин мавзӯъ тааммул кунанд. Мард бояд ба ҳангоми интихоби ҳамсар комилан диққат кунад, ки сарнавишти фарзанди ояндаи худро ба дасти чигуна зане месупорад? Зеро ҳамсаре, ки аз хонаводаи асил ва наҷиб бошад беҳтар метавонад кӯдаконро тарбият кунад. Ва ҷумла мавзӯъҳое, ки дар издивоҷ бар он таъкид шуда, интихоби ҳамсар аст, зеро вижагиҳои ҳамсар бар вижагиҳои фарзанд таъсир мегузорад. Паёмбари Ислом(с) фармуданд: “Бо хонаводаҳои солеҳ издивоҷ кунед, ки хусусиёти модар ба фарзандон мунтақил мешавад”.

Б) Даврони бордорӣ:
Масъулияти ислоҳ ва тарбияти фарзандон танҳо барои баъд аз вилодати онон нест, балки волидайн бояд дар айёми ҳамл ва ҳатто қабл аз омезиш мувозиби оқибати фарзандон бошанд, ба хусус модар дар айёми ҳамл бояд бисёр муроқиб бошад, зеро ҳамаи ҳолот ва рафтори ӯ дар фарзандаш муассир хоҳад буд. Зан бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки мавҷуди зиндаро дар раҳми худ парвариш медиҳад ва дар сарнавишти ӯ. то миқдори зиёде таъсир дорад, зеро раҳими модар нахустин муҳити парвариши кӯдак аст, ки дар шахсияти ояндааш таъсири басазое хоҳад дошт.
Бинобар ин як хонуми бордор наметавонад даврони бордориро як замони оддӣ тасаввур кунад ва ба он беэътиноӣ кунад. Чун мумкин аст саломатии худро аз даст бидиҳад ва ё фарзанди ноқис ва ақибмонда ва низ аз назари рӯҳи ҳам фарзанди бемор ба дунё биёварад. Пас модар, дар ин даврон илова бар беҳдошти ҷисмонӣ ва беҳдоштии равонии худ низ бояд таваҷҷӯҳ кунад ва аз муҳити ором ва пурнишот бархурдор гардад, зеро танишҳои равонӣ ва тааммулоти рӯҳӣ таъсири бад бар ҷанин мегузорад.

2.    Баъд аз таваллуд
А) Нақши шири модар дар тарбияти ахлоқӣ:
Аввалин ғизои кӯдак пас аз таваллуд шири модар мебошад. Ба хотири ҳамин бояд муроқиби ғизои худ бошад, зеро ғизои ҳаром ва наҷас дар шир асар мегузорад ва шири ҳаром ва наҷас дар фарзанд асар мегузорад. Ва шир, ғизои комил ва аз лиҳози маводди ғизоӣ, ғанитарин ғизоҳост ва шири модар барои кӯдак муносибтар ва солимтар мебошад. Ислом низ шири модарро беҳтарин ғизо барои кӯдак ва як ҳаққи табии ӯ медонад. Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: “Ҳеҷ шире барои кӯдак судмандтар ва пурбаракаттар аз шири модар нест.” Бинобар ин бонувоне, ки ба тарбияти саҳеҳи фарзандони хеш алоқа доранд, бояд то ҳадди имкон онҳоро бо шири худашон тағзия намоянд ва бидонанд, ки бо ин ки бо ин кор ба саломати ҷисм ва равони онҳо кӯмак хоҳанд кард.

Б) Нақши тағзия дар тарбияти ахлоқии кӯдакон:
Яке аз авомили муҳимми тарбият, тағзия кӯдак аст, ки дар тарбият ва парвариши ӯ таъсир дорад. Аз тариқи таркиби ҷисмонӣ ва таъсироти равонӣ ва отифӣ, агар модар бо як барномаи саҳеҳ ниёзҳои ғизои навзодашро таъмин кунд, ба саломати бадан ва аъсоб ва мағзи ӯ кӯмак хоҳад кард ва дар натиҷа дар тарбият ва парвариши ахлоқиёти ӯ низ таъсир хоҳад гузошт. Пас падар ва модаре, ки ба саодати фарзанди хеш алоқа доранд бояд ниёзҳои ғизоии ӯро шиносоӣ карда ва бо барномаи саҳеҳ ӯро тағзия кунанд. Ва аз яксолагӣ бояд аз он чи ки худамон мехӯрем ба кӯдак бидиҳем ва аз 15 моҳагӣ ҳам тифлро дар ғизо хурдан озодаш бигузорем ва худамон ба ӯ ғизо надиҳем. Ғизо бояд тайиб ва пок бошад, чун ин бо амал ва рафтори кӯдак робитаи мустақим дорад. Ва замони тарбият, замони навниҳолии кӯдакон аст, чунки фитрати ин навниҳолон пас аз таваллуд даст нахӯрдааст ва ин кори мураббиро бисёр осон мекунад. Ҳазрати Алӣ(а) ба фарзанди бузургвораш мефармояд: “Ман ба тарбияти ту пардохтам пеш аз он ки дилат сахт ва фикрат машғул шавад. Қалби кӯдак чунон замини холӣ аст, ки ҳар базреро дар он бирезед, рушд хоҳад кард.”

Авомили муассир дар тарбияти ахлоқӣ:
Дар сохтори тарбияти афрод авомили бешуморе таъсир доранд.
Бадеҳӣ аст, ки ҳамаи авомил дар як дараҷа ва сатҳ нестанд. Бархе аз онҳо таъсироташон амиқтар ва баъзе дигар сатҳӣ аст. Дар инҷо ба зикри бархе аз авомиле, ки таъсиргузории онҳо амиқтар аст ишора менамоем:
1.    Виросат:
Виросат иборат аст аз интиқоли бисёре аз сифоти ҷисмонӣ ва равонӣ ва маҷмӯае аз ҳолоти ахлоқӣ ва амалӣ, аз падар ва модар ва ё хешовандон, ба наслҳои баъдӣ аст.
Манзури ирс бурдани кӯдак аз сифот ва вижагиҳои падару модар ва аҷдод аст, ки аз роҳи нутфа ба фарзандон интиқол дода мешавад. Агар падар мутадайин ва хушхулқ бошад, рӯҳияи хушхулқӣ ва диндориро ба фарзандони худ интиқол медиҳад.
Ба хотири ҳамин Ислом барои издивоҷ таъкид кардааст, ки муроқиб бошед, ки нутфаҳои худро дар куҷо қарор медиҳед? Ва модаре, ки фарзанди шуморо шир медиҳад чигуна модаре аст? Ислом қарнҳо пеш падидаи виросатро матраҳ карда, ки виросат аз ҳамон оғоз дар раҳими модар аст, дар тифл асар дорад ва заминаи некбахтӣ ва ё бадбахтии кӯдак дар даврони ҷанинии ӯ рақам мехӯрад чунонки Расули Акрам(с) фармуданд:

                                     «السَّعيدُ مَنْ سَعِدَ فى‏ بَطْنِ امِّهِ وَالشَّقىُّ مَنْ شَقِىَ فى‏ بَطْنِ امِّهِ»
Хушбахт касе аст, ки дар шиками модараш хушбахт шуда ва бадбахт касе аст, ки дар шиками модараш бадбахт шудааст.
Дили модар заминасози саодат ё шақовати тифл аст.
Пас аз ин ҳадис мефаҳмем, ки нақши виросат дар шаклгирии заминаҳои шахсии кӯдак дахолат дорад. Ва барои ин ки насли ахлоқӣ ва шоиста ба ҷомеа арза шавад, Ислом дар интихоб кардани ҳамсари хуб таъкид мекунад. Паёмбари Акрам(с) дар мавриди интихоби ҳамсар мефармоянд:
                “ایاکم و خضراء الدمن قیل یا رسول الله و ما خضراء الدمن؟ قال: المرأة الحسناء فی منبت سوء”
Яъне бипарҳезед аз “сабзаи мазбала” ба ҳазрат гуфтанд мазбала чист? Фармуданд: Зани зеборӯе, ки дар хонаводаи разл ва паст ба дунё омада бошад.
Пешвоёни Ислом ҳам нақши мусбат ва манфии варосат дар сохтани шахсияти кӯдакро баён кардаанд, ки кӯдак танҳо мерос дар хусусиёти зоҳирӣ ва ҷисмии падару модар нест, балки вижагиҳои рӯҳӣ ва ботинии онон (монанди шуҷоат ва саховат ва ғайра) ба фарзанд мунтақил мегардад. Ва нақши виросатии модар беш аз падар аст ва касоне, ки мехоҳанд фарзанди солим ва солеҳ дошта бошанд бояд дар интихоби ҳамсар диққат кунанд. Чунки Паёмбар(с) фармуданд: “Бо хонаводаҳои шоиста издивоҷ кунед, чаро ки ба раг ва реша таъсиргузор аст.”  Ва варосат сабаб мешавад, ки инсон бидуни талош баъзе аз вижагиҳоро аз падару модари худ ба ирс бибарад. Монанди ранги пӯст, баландӣ, кутоҳӣ ва ғайра ва бархе аз вижагиҳои ахлоқӣ низ варосатианд, ки ҳазрати Алӣ(а) тарсуии Муҳаммади Ҳанафияро (яке аз фарзандонаш)-ро ба ирс расида аз модари вай медонист. Ва аз лиҳози варосат нақши модар дар кӯдак муҳим аст, чун кӯдак бахше аз сифоти ирсии худро аз тариқи женҳои ӯ ба даст меоварад. Ва ҳам дар муддати ҳаёти худ дар раҳими ӯ ва бад аз даврони ширхорагӣ ва вижагиҳои модар ба кӯдак мунтақил мегардад.
2.    Муҳит:
Муҳит иборат аст аз маҷмӯае авомил ва шароите, ки фарзанд дар он рушд ва нумув пайдо карда ва зиндагӣ мекунад.
А) Хона: Авомили дигаре, ки дар тарбияти ахлоқи фарзандон муассир аст таъсироти муҳитӣ аст ва ғараз аз ин муҳит авомиле аст, ки кӯдакон дар он рушд ва зиндагӣ мекунанд. Ва ин авомил ба инсонӣ ва ғайри инсонӣ тақсим мешавад, ки манзур аз авомили инсонӣ ин аст, ки кӯдак дар чӣ хонаводае мутаваллид ва бо чӣ навъ рафторҳое ошно мегардад. Ва метавон гуфт, ки пояҳои тарбияти ахлоқии фард дар хона ниҳода шудааст. Ва хона асоси сиҳҳати ахлоқии кӯдакро бунёнгузорӣ мекунад ва арзишҳои ахлоқиро аз муҳити хона фаро мегирад. Ба хотири ҳамин, оёт ва ривоёте дорем, ки мефармоянд: Барои доштани фарзанди солим ва солеҳ дар интихоби ҳамсар камоли диққатро бинамоед. Чун Қуръон аз ҷинси зан таъбир ба “ҳарс” (замини қобили кишт) ва ё таъбир ба “ум” (реша ва асл) кардааст ва дар ривояте, ки Паёмбар(с) асҳобашро аз издивоҷ бо “خضراء الدمن” боз медорад вақте асҳоб аз эшон пурсиданд “خضراء الدمن” кист? Ҳазрат мефармоянд: Зеборӯёне, ки дар хонаводаи носолеҳ рушд кардаанд. Ин худ баёнгари сарнавиштсози хонавода дар тарбияти ахлоқии фарзанд аст. Бинобар ин агар модаре бо салоҳияте набошад наметавонад меваи ширин ба бор оварад. Аз ин рӯ поксозии муҳити хона ва ироаи улгуҳои шоиста аз масъулиятҳои ҷиддии волидайн аст. Ҳазрати имом Хумайнӣ(рҳ) бо ишора ба таъсири муҳити хона, махсусан нақши модар дар сарнавишти фарзанд мефармоянд: Домани модар бузӯргтарин мактабест, ки фарзанд дар он тарбият мешавад, фарзанд аз модар беҳтар мешунавад, то аз муаллим, пас аз байни аъзои хонавода муҳимтарин нақши тарбиятиро модар ҳатто дар даврони ҷанинӣ, рӯҳиёти модар рӯи фарзанд асари матлуб ё номуносиб дорад, лизо модаре, ки дар даврони бордорӣ тоҳир аст ва ё зикр мегӯяд ва аз ғизои ҳаром парҳез мекунад, ҳамаи инҳо дар рӯҳи фарзанд таъсири матлуб дорад ва бо ин аъмол модар базри покӣ ва таҳоратро дар рӯҳи фарзанди худ кишт мекунад.

Б) Мактаб:
Конуни дуввуме, ки кӯдак пас аз хона ба онҷо пой мегузорад мактаб аст. Мактаб яке аз авомили муҳим дар тарбияти ахлоқӣ ва парвариши хусусиёти кӯдакон аст, ба ҳамин ҷиҳат даст ёфтан ба равиши саҳеҳи тадрис ва бархӯрд бо шогирдон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор мебошад. Тамоми кормандони мактаб аз мудир гирифта, то кормандон ҳама нақши муассир дар тарбияти ахлоқӣ навниҳолон доранд. Пас бояд ҳама дар ҷиҳати рушд ва пешрафти кӯдакон бо ҳам ҳамоҳанг бошанд ва мавориди дарси низ аз фазои кофӣ бархӯрдор бошанд, то беҳтарин иттилоот дар ихтиёри донишҷӯ қарор гирад, заминаи рушди кӯдакон дар мактаб ба хотири рушди ҷисмӣ ва фикрӣ зиёд аст, тамоми барномаи мактаб аз дарсӣ. то ахлоқии ҳокима бар мактаб бар ӯ таъсир мегузорад. Пас бояд волидайн муваззаф бошанд ва фарзандони худро ба беҳтарин мактабҳо бибаранд ва аз ин таъсироти мусбат баҳраманд шаванд. Чун вақте донишомӯз аз муҳити хона ба муҳити мактаб мунтақил мешавад, шароити ҷадиде пеши рӯй қарор мегирад, аз иртибот бо дӯстон гирифта, то муаллим ва мудир ва ҳама барои ӯ тозагӣ ва таъсиргузор аст ва агар фард дар мактаб ба сурати саҳеҳ тарбият шавад дигар дар ҷомеа мушкилотофарин набуда ва фарди муқайяд хоҳад шуд. Хулоса нақши муҳит дар тарбияти кӯдакон хеле муҳим аст, пас барои тарбияти ахлоқии онҳо муҳитҳои солим интихоб шавад, то заминаи шукуфоии истеъдодҳои навниҳолон бештар фароҳам шавад ва қадам бардоштан дар роҳи хайр ва салоҳ барои кӯдакон осонтар шавад.

Нақши мадар дар тарбияти ахлоқии кӯдакон:
Модар боризтарин маншаи осоишу меҳр ва олитарин манбаи саодати хонаводагӣ аст. Комравоӣ дар хона эҳсоси амният ва оромиш дар он ва низ эҳсоси қудрат ва истиқлоли кӯдакон дар хонавода бастагӣ ба вуҷуди модар дорад.
Муҳимтарин ва ҳассостарин вазифаи бонувон тарбияти фарзанд аст.
Тараққӣ ва таназзул ва пешрафт ва ақабмондагии иҷтимоъ дар дасти бонувон аст. Ин модарон ҳастанд, ки метавонанд бо донистани рамзҳои тарбият ва ба кор бастани он фарзандони саодатманд тарбият кунанд. Дили инсон дар даврони кӯдакӣ саҳнае аст, ки ҳар нақшеро мепазирад, ҳангоме ки дар ин робита аз тарафе иртиботеро, ки модар бо фарзанд дорад ва аз тарафе омодаги барои пазириши ҳар нақшро дар кӯдак дар назар бигирем мебинем, ки аҳамият ва арзиши гуфтори Паёмбари Акрам(с), ки фармуданд: Биҳишт зери пои модарон астро беҳтар дарк кунем. Яъне агар модарон кӯдакони худро имрӯз боимон, дуруст кор, шуҷоъ, хушахлоқ, хайрхоҳ, хидматгузор, ростгӯ ва ғайра тарбият кунанд, фардо бо ҳамин сифоти олӣ дар ҷомеа зоҳир хоҳанд шуд, ва ҷомеаи бо ин мазоё ба вуҷуд хоҳанд овард ва фазои ҷомеаро ба фазои биҳишт табдил хоҳанд сохт.

Муҳимтарин нақши модар дар ин ҷо иборатанд аз:
1.    Муроқибат ва ҳимоят аз кӯдак:
Аввалин муҳит ва макони амне, ки кӯдак эҳсос мекунад, домони модар аст. Домони модар муҳитест, ки падар аз муҳаббат ва отифа ва ишқ ба фарзанд, ки муроқибати ҳамроҳ бо гузашт ва фидокории модарӣ, дар он дида мешавад. Ин дастҳои пурмеҳри модар аст, ки кӯдакро дар зиндагӣ ёрӣ мекунад. Кӯдак дар солҳои аввали зиндагӣ мавҷудест муттакӣ, ки дар ҳаёташ истиқлоле надорад. Ва дар ҳама ҷо вобаста ва тобеи модар аст ва ҳаёт ва камолаш ва бисёре аз хасоисаш, ки дар бузургсолӣ нишон медиҳад ба модар вобастагӣ дорад ва агар дар ин синин мавриди таваҷҷӯҳи модар қарор нагирад музтариб ва афсурда мешавад ва ҳатто бузург намешавад. Бештари он кӯдаконе, ки бемориҳо ва камбудҳо дар онҳо дида мешавад кӯдаконе мебошанд, ки аз муроқибатҳои модар маҳрум мондаанд. Таваҷҷӯҳ ва муроқибат аз кӯдаки худ, мавриди суфориши илму Ислом қарор гирифтааст, ки модар бештар ба кӯдаки худ таваҷҷӯҳ дошта бошад ва муроқибати ҳамаҷониба аз кӯдаки худ бипардозад. аммо ин муроқибат аз кӯдак ба андозае набошад, ки кӯдак шахси комилан вобаста ва муттакӣ ба бор ояд.

2.    Модар улгӯи кӯдак:
Дар ҷанбаи улгӯи нақши модар ба маротиб қавитар аз нақши падар аст. Модар нахустин ҳодии кӯдак ва оғӯши ӯ гармтарин ва омӯзандатарин оғӯшҳо аст. Кӯдак бахши аъзами ҳанҷорҳо ва рафторҳои хешро аз модар меомӯзад. Ин таъсирот ба он хотир аст, ки кӯдак бо модараш беш аз падар маънус аст. Мушобиҳати рафтори кӯдак бо модар ҷиддӣ аст, ки ҳатто аз тариқи кӯдакони хурдсол метавон модарони онҳоро шинохт, ин нақш аз он бобат муҳим аст, ки кӯдак доиман модарро дар баробари чашми худ дорад ва ҳамаи ҳаракот ва саканоти ӯро мебинад. Ҷанбаи улгу будани модар ончунон муҳим аст, ки метавон гуфт заминаи инҳитот ва ё таолии равонии кӯдак, то ҳудуди зиёде марбут ба он аст. Тифл, модарро ба унвони улгу ва сармашқ, интихоб мекунад ва шеваҳои рафтори ӯро тақлид менамояд ва чи бисёр кӯдаконе, ки рафторро аз модар ёд гирифтаанд ва як умр он рафтор музоҳими зиндагишон буда ва натавонистаанд онро ба хуби аз худ дур намоянд. Бинобар ин ин ҷо рағбат аз тариқи ироаи улгуҳои дуруст ва арзанда падид меояд. Волидайн бояд таолими ахлоқии мавриди қабули худро дар хештан таҷассум диҳанд ва ҳисси тақлиди кӯдакро барангезонанд, чунки кӯдак дар хурдсолӣ мафоҳими муҷарраде аз ахлоқ надорад, аз роҳи дидан ва шунидан ба такрори амале, ки рангдиҳандаи ӯ ҳастанд хоҳад пардохт.

3.    Ҳузури модар ва таъсироти он дар тарбияти ахлоқӣ:
Ҳузури доимии модар дар солҳои нахустини зиндагӣ ба вижа дар сесоли аввал аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Ҳузури ҳамешагии модар дар ин марҳила ҳамроҳ бо меҳрубонӣ ва муроқибатҳо ва меҳру авотифи хосси ӯ, ин эҳсосро дар тифл ба вуҷуд меоварад, ки дар ин ҷиҳот танҳо ва беёвар нест ва агар дозим шавад аз ҳимояти бедареғи модар баҳраманд хоҳад шуд. Ва ин дар таъйини амнияти хотири кӯдак бисёр муассир аст ва дар ин маврид низ модар нақши беназир дорад. Кӯдак бояд аз сарчашмаи авотифи саршор ва меҳру муҳаббати модар сероб шавад, ин амр дар рушди ақлии ӯ таъсири ба сазое дорад. Тифл ба меҳр ва оғӯши гарми модараш ниёз дорад.
Дидани чеҳраи ӯ дар рӯҳ ва эҳсосоти ӯ асар мегузорад ва дар ҳақиқат, ғизои рӯҳи ӯст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки рушди баданӣ ва ақлӣ ва отифии кӯдаконе, ки дар синни шашмоҳагӣ то сесолагӣ дар шароити беҳдоштӣ ва ғизои номуносиб дар канори модарашон ба сар мебаранд аз рушди кӯдаконе, ки дар беҳтарин шароити беҳдоштӣ ва ғизоӣ, дур аз модари худ бузург шудаанд беҳтар будааст. Нақши ҳузури модар дар тарбиятро наметавон маҳдуди замоне кард, ки кӯдак метавонад хуб ва бадро ташхис бидиҳад, балки аз даврони ҷанин низ модар нақши ба сазое дар амри тарбият дорад, чунки кӯдак моҳҳо дар раҳими модар ё ҷисму рӯҳи ӯ иртиботи танготанг дорад ва дар тамоми умр ба модар вобаста аст.
Ҳамчунин кӯдаке, ки дар канори модар парвариш меёбад дар оянда аз суботи шахсиятии солиме бархурдор шуда ва дучори носозгориҳои ахлоқӣ намешавад.

4.    Модар созандаи шахсияти кӯдак:
Домани модар аввалин мактаби кӯдак ва тақлиди бача аз модар аз ҳамаи тақлидҳо болотар аст. Аз ин рӯ таъсири модар дар рӯҳияи атфол бештар аз падар аст. Ва шуруи парвариш аз домани модар мебошад ва аз ин рӯ домани модар аввалин марказ ва маҳалли тарбияти кӯдак аст. Дар парвариши шахсияти кӯдакон хонаводаро вазоифи сангин ва душворе аст, ки бояд муттаҳиди он гарданд, ки ин тааҳҳуд шомили ахлоқ ва рафтор ва гуфтори волидайн аст, ки бояд бар асоси завобит ва равиши хос бошад. Модар дар парвариши шахсияти кӯдакон аввал бояд худро бисозад ва худро аз таодули равонӣ бархурдор намояд, чун дар хонаводае, ки волидайн мутаодил буда ва шахсияташон ба андозаи кофӣ рушд карда бошад, кӯдак ҳам шахсияти мутаодил хоҳад ёфт. Дар сохтани шахсияти кӯдак, модар нақши аввалро дорад аз он бобат аст, ки баъд аз таваллуд, модар бо кӯдак равобити гуногуне аз хашм ва меҳр ва ташвиқ ва танбеҳ ва ғайра вақоҳат дорад, ба кӯдак наздик аст. Нахустин замзамаи сурудҳо ибрози эҳсосот аз сӯи ӯ бар кӯдак илқо мешавад ва ӯро сахт вобаста ва шефтаи худ месозад. Ва бадин сон вазифаи модар дар ин замина муҳим аст. Ӯ бояд шахсияти ояндаи тифлро поягузорӣ кунад. Оғози созандагии шахсияти кӯдак аз ҳамон рӯзҳои аввали таваллуд ва шояд ҳам каме пештар аз омили раҳим шурӯъ шавад. Пас аз таваллуд аз ҳамон рӯзҳои аввали зиндагӣ ва аз даврони ширхорагӣ пайрезии шахсият махсусан дар ҷанбаи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ва отифӣ ва ғайра оғоз мегардад. Ва ин замоне иттифоқ меафтад, ки модар аз кӯдаки худ шинохти комил дорад. Ва яке аз масоили зариф дар тарбияти ахлоқии кӯдакон эҷоди одатҳои хуб ва решакан намудани одатҳои бад аст.

Натиҷагирӣ:
Нақши модарӣ як нақши муқаддас ва дар айни муқаддас будан, сангин ва душвор аст. Модарон касоне ҳастанд, ки амри парвариши фарзандонро дар даврони ҳамл ва пас аз он бар ӯҳда доранд. Ва низ нақши муҳитӣ ва варосатии модар дар тифл асар мегузорад. Ба хотири ҳамин модар бояд гуфтор ва рафтори худро дуруст кунад ва ва бо усули тарбиятӣ ошно бошанд, чунки ҳузури модар дар тарбияти ахлоқии кӯдакон ҳам таъсири ба сазое дорад. Ва дар воқеъ онҳо созандагони воқеии ҷомеа ҳастанд. Модарон бояд дар тарбияти кӯдакони худ барнома ва ҳадаф дошта бошанд, зеро бидуни ин наметавонанд кӯдаки худро дуруст ва саҳеҳ тарбият кунанд ва дар рафтори худ бо кӯдак ҳадди эътидолро риоят кунанд, на зиёдаравӣ ва на кутоҳӣ ва дар тарбияти кӯдаки худ бидуни ҳеҷ чашмдошти моддӣ ва маънавӣ кушо бошанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.