Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 13

83

posukhportyushesh-250x160
Савол: шавҳарам дар назди хонаводаи худаш ба ман бееҳтиромӣ мекунад ва вақте ман ба ӯ эътироз мекунам, мегӯяд, ки ман мехоҳам ба ҳама бифаҳмонам, ки занзалил нестам. Роҳнамои бифармоед.

Ҷавоб: Баъзе аз мардон маънои занзалилиро намедонанд. Занзалили яъне инки мард тамоми ихтиёри зиндагиро ба дасти хонум бидиҳад ва ҳамаи масоили зиндагӣ дар ихтиёри зан бошад. Зан мудирият кунад ва мард бидуни иҷозаи зан об нахурад. Ин хилофи иқтизои табиати мард аст. Ривоят дорем, ки мард масъули хонавода ва зан мудири хона аст. Агар мард ин масъулиятро ба ҳамсараш бисупорад, ин хилофи иқтизои худаш аст. Занҳам ки иқтидори мардро мегирад хилофи иқтизои табиати худаш аст. Ва ин зан, ин мардро дуст намедорад зеро зан дӯст дорад, ки мардаш қудратманд бошад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар ба ҳамсарашон эҳтиром бигузоранд ва меҳрубонӣ кунанд ба хостаҳои мантиқии ӯ ҷавоб бидиҳад ин занзалили аст. Агар эҳтиром ба зан ва меҳрубонӣ ба ӯ занзалилӣ аст тамоми авлиё Худо занзалил будаанд. Пайғамбар (с) ба Хадиҷа хеле таваҷҷӯҳ мекарданд ва ба эшон эҳтиром мегузоштанд ва ҳазрати Алӣ (а) ба Фотима (с) меҳрубонӣ мекарданд ва дар хона кор мекарданд. Дар Қуръон таъқид шуда аст, ки бо ҳамсаратон бо неки муошират бикунед. Расули Акрам (с) фармуданд: Шумо занро басурати амонати илоҳӣ гирифтаед бо онҳо ба хубӣ рафтор кунед. Ҳазрати Алӣ (а) мефармоянд: зани шумо амонати илоҳӣ дар дасти шумо ҳастанд бар онҳо сахт нагиред. Вақте шумо ба ҳамсаратон эҳтиром бигузоред, муҳаббат кунед ва ҳуқуқи ӯро риоят мекунед, нишот ва шодобии ҳамсари шумо ҳифз мешавад. Ва дучори афсурдагӣ намешавед, баъд ҳамсари хубе барои шумо ва модари хубе барои фарзандони шумо мешавад ва метавонад фарзадони хубе тарбият кунад. Бар асоси омузаҳои динӣ вақте мард ба занаш муҳаббат мекунад сабаб мешавад, ки зебойии зан ҳифз башавад ва зан пир нашавад. Ин ба фоидаи худи мард аст. Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд: агар шумо ба зан таваҷҷӯҳ кунед барои ҳоли ӯ беҳтар аст ва зебойии ӯ идома пайдо мекунад. Ангилисиҳо мегӯянд: зани хуб маҳсули шавҳари хуб аст ё зане ки дар чилсолаги ҷавон мондааст бахотири шавҳари хубаш аст.

Мардон бояд ин фикри ғалатро аз байн бибаранд. Вақте эшон ба шумо эҳтиром нагузоранд аъзои дигари хонаводаҳам ба шумо эҳтиром намегузоранд.

Ҳоло ин хонум читур метавонад ин рафтори ҳамсарашро контурул кунад? Агар зан мехоҳад пеши ин рафтори мардро бигиранд, бояд дар ҷамъ ба ин мард иқтидор бидиҳад, аз мард итоат кунанд ва дар муқобили мухолифати мард ҳарф нагардонад ва муқобила накунад. Марди шумо дар як ҷоҳое ба шумо амру наҳй мекунад, ки муҳим аст. Гоҳе ҳамаи хонавода ҷамъ аст ва мард дар мард дар байни филми тилевизиони мегуяд, ки зан биравем. Дар инҷо бояд зан аз мард итоат кунад. Вақте мард мебинад, ки шумо ба ҳарфи ӯ гуш намекунед, дар ҷои дигар зури мукунад, ки ҳама бидонанд ӯ занзалил нест. Агар зан ҳамонвақт бигуяд, ки бо биравем ҳатто мумкин аст, ки назари мард барои рафтан аваз бишавад зиро иқтидори мард тасбит шуд. Як кудаки чорсола дар хона хеле ором аст вале вақте ба меҳмонӣ меравад беадабӣ мекунад, ин кудак ниёз ба таваҷҷӯҳ дорад. Шумо вақте ба меҳмонӣ расидед ба кудак бигуед ки шеър бихон. Баъд ҳама кудакро ташвиқ мекунанд ва кудак ба дунболи бозии худаш меравад. Пас шумо ба мардатон таваҷҷӯҳ бикунед, ки дагар ниёз набошад бо ин рафторҳо бихоҳад иқтидори худашро собит кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.