Фоидаҳои муъҷизаосои 8 равғани гиёҳӣ

120

Равғанҳо бар хилофи бовари ҳамешагии ашхос метавонад бисёр ҳам муфид воқеъ шавад, бинобарин пешниҳод мешавад бо фоидаҳои  муъҷизаосои 8 равғани гиёҳии хос ошно шавед.

Ба гузориши Фарҳангниюс ин равғанҳо ба шарҳи зер аст:

1-Равғани бодом

Равғани бодом пур аз чарбизои муфид аст ва ин вижагӣ ин равғанро ба як равғани  муносиб барои  истифодаи пуст ва му табдил кардааст.

2- Равғани ҷуҷубо

Номи равғани ҷуҷубо(жожоба) аз як дарахтчаи биёбонӣ бо ҳамин ном меояд. Ин равған барои обу ҳавои хушку хашин бисёр муносиб аст ва аз дигар шигифтиҳои  ин равған шабоҳати сохтори кимиёии он бо равған ва чарбии табии бадани мо аст.

Ин равған барои истифода дар заминаи пуст ва муву нохун бисёр муфид аст ва метавон аз он ба унвони мартубкунандаи лаб низ истифода кард. Аз хосиятҳои дигари ин равған созгории он бо дигар равғанҳо аст ва ин бадон маъност, ки метавонед онро бо афзуданиҳои дигар монанди дамкардаҳои мухталиф ва ё чарбиҳои дигар истифода кунед.

3-Равғани донаи ангур

Равғани донаи ангур дорои антиоксидҳо ва кислотаҳои равғанӣ аст, ки метавонад ба пешгирӣ аз ноҷуриҳои пустӣ мисли озах ва акина(наррак) кумаки зиёде кунад.Хосияти кашидагии пуст дар ин равған низ метавонад пуст ва зери чашмро кашида ва зебо ҷилва диҳад. Ин равған як гузинаи табиӣ барои қисматҳои тираи пуст аст ва хосияти зиддипирии ин равған бисёр шагифтангез аст.

4- Равғани геран

Истифода аз равғани геран боиси кашидагии пуст мешавад ва метавонед ба унвони як доруи табиъӣ барои пусти равғании худ истифода кунед, зеро ин равған метавонад пустро аз акинаҳова захмҳои давраӣ дармон ва поксозӣ кунад ва илтиҳобҳои пустиро таскин бахшад ва ҳамчунин боиси афзоиши гардиши хун мешавад.

5- Равғани устухудус

Равғани устухудус(эфир ё лаванда) дар ин феҳрест бештарин хосияти зиддибактерияиро дорад ва ҳамчунин таскини сардард ва оромбахш будани он ба ҳангоми хоб ва оромиши системаи асабӣ аз дигар вижагиҳои ошкори ин равған ба шумор мераванд.

6-Равғани зайтун

Равғани зайтун  амиқтарин мукаммил барои Шумо ба шумор меравад. Ин равған дорои олеуропиен ва сегуалиен мебошад ва ба ҳамин сабаб аст, ки пур аз антиоксидон мебошад ва хосияти зиддиилтиҳобӣ дорад ва барои пусти шумо бисёр муфид аст. Ин равған метавонад ба унвони  як дору дар баробари эгзема амал кунад ва боиси тармими коллаген мешавад. Хосиятҳои зиддимикробии ин равған бисёр густарда аст.

7-Равғани садбарг

Равғани садбарг, ки аз донаҳои ин гул гирифта мешавад пур аз кислотаи ретиноеӣ, бета-каротин, омего 3 ва омего 6 аст ва ҳамаи ин мавридҳо ба он маъно аст, ки ин равған дар баробари сухтагии офтоб ва захм ва эгзема коркарди фавқулодда дорад.

Аз дигар хосиятҳои ин равған хосияти истеҳкомбахшии он ба нохун ва дармони шикастагии нохун аст, ки мебоист ҳар шаб онро бар руйи нохуни осебдида ва ё заъиф бимолед ва пас аз муддати кутоҳе муъҷизаи онро бубинед.

8- Равғани эвкалипт

Шумо ин равғанро метавонед дар шарбатҳои сулфа ва бо таркибҳои ароматробӣ пайдо кунед. Ин равған ҳамчунин дорои хосиятҳои таъсиргузорӣ ба қисматҳои мухталифи бадан низ аст. Пажуҳиши маҷаллаи” Тибби ҷисм ва тавонбахшӣ”-и Амрико нишон медиҳад, ки ин равғани хосиятҳои зиёде дар таскини дардҳои ҷисм дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.