Набоядҳои пас аз тарки сигарет

91

ad91ad893e0d005a9d1917de875c64cb_L

Тарк кардани сигарет сахт, аммо имконпазир аст . Пас аз тарки сигарет лозим аст чанд нукта риоят шавад, ки дар ин матлаб ба нақл аз «Readers Digest» ба он пардохта шуда аст.

1-Аз нушидани нушиданиҳои кофиендор бипарҳизед; беҳтар аст камаш ба муддати 3 то 4 рӯз аз нушидани қаҳва дурӣ ҷуед, зеро бо масрафи кофиен мумкин аст ҳаваси сигарет кашидан кунед.

2-Истеъмоли машруботи спиртӣ: Истеъмоли машруботи спиртӣ илова бар зарарҳои фаровон, ки дорад, майл ба сигарет кашиданро афзоиш медиҳад.

3-Стресс: замоне, ки шахс дучори стресс мешавад , барои бартараф кардан он ба сигарет кашидан руй меоварад . Бинобарин беҳтар аст дар ин замон аз қарор гирифтан дар муҳитҳои пурстресс парҳез шавад.

4-Изтроб: афроде ки дучори изтироб мешаванд , пас аз тарки сигарет ба далели надоштани сигарет дар даст , эҳсоси дармондагӣ мекунанд.

5-Корҳои мушкилсозро ба таъхир биандозед. Корҳои мушкилсоз ё чолишбарангез боиси эҷоди стресс ва изтироб мешавад, аз  тарафе анҷоми он ба тамаркуз ниёз дорад . Дар ин шароит ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дубора ба сигарет кашидан гароиш пайдо кунед.

6-Баҳсу гумугу кардан: саъй кунед бо наздикон ва дустон бгумагу накунед, то дубора ба самти сигарет кашидан гароиш пайдо накунед.

7-Меҳмониҳо : аз нишастҳое ки афрод дар он сигарет мекашанд дурӣ кунед то васваса нашавед, худатонро худатонро фиреб надиҳед. Нагузоред ин васваса, ки «ин сигарет охирин сигаретам хоҳад буд» шуморо гул бизанад. Зеро ин мавзӯъ метавонад ба унвони як дом амал кунад ва ин одати вайронгар дар шумо идома пайдо кунад.

Манбаъ: Сомонаи Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.