Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Бӯсидан ва навозиши кӯдакон аз шаш солагӣ мамнуъ! !

Бараҳна шудан дар баробари кӯдакон, аз ду ҷиҳат, таъсири номатлубӣ бар онҳо дорад: аз як тараф, ҳаёи онҳоро аз байн мебарад ва аз тарафи дигар сабаби таҳрики ҷинсии кӯдакон мешавад. Ин масъала дар мавриди бараҳна кардани кӯдакон ва дидани аврати онҳо низ матраҳ аст.

Дар навиштаи пеш мавориде аз боистаҳои тарбият ҷинсӣ дар давронм кӯдакеро баён кардем. Ба тавсияҳои барои пешгирӣ аз булуғм зудрас ва рафторҳои нобаҳанҷори ҷинсие, ки дар натиҷаи таҳрик ва ҳушёрии пеш аз мавъиди ин ғариза рух медиҳанд расидем. Тавсияи нахуст талоши волидайн барои надидани саҳнаи муҳаррик аз сӯи фарзандон буд. Ва акнун идомаи он тавсияҳо:

б) Иҷоза гирифтани фарзандон барои вуруд ба утоқи волидайн‏

Аз онҷое, ки фарзанд ба либоси хоб ва ё вазъияти хосси волидайн дар рухтихоб таваҷҷӯҳ ме‏кунд ва ин таваҷҷӯҳ агар бо фаҳми ҷинсии ӯ ҳамроҳ шавад метавонад заминаи таҳрикоти ҷинсиро фароҳам созад, Худованд дастур дода, ки кӯдакон бояд ҳангоми ворид шудан ба утоқи падар ва модар, аз онҳо иҷоза бигиранд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, бояд бардагон ва кӯдаконатон, ки ба ҳадди булуғ нарсидаанд, дар се вақт аз шумо иҷоза бигиранд: Қабл аз намози субҳ, дар нимрӯз, ҳангоме, ки либосҳои худро берун меоваред ва баъд аз намози Хуфтан; Ин се ҳангом, замони хилват кардан барои шумост … Ҳангоме, ки кӯдакони шумо болиғ шуданд ҳам бояд ҳамонанди қабл, иҷоза бигиранд.» (Сураи Нур, ояти 58-59)

Худованд дар ин оят, се вақтеро, ки замони хилват кардани зану шавҳар аст ва ба таври маъмул пойбанд ба пӯшиш нестанд, ба унвони вақтҳое, ки дигарон бояд барои ворид шудан иҷозат бигиранд, мушаххас кардааст ва бо ин таъйини замон аз волидайн мехоҳад, ки ба фарзандони худ омӯзиш диҳанд дар вақтҳое, ки волидайн, машғули истироҳат ҳастанд ва либос‏ҳои худро аз тан даровардаанд ё либоси нозуки бар тан доранд ва мумкин аст бо ҳам равобити хусусӣ дошта бошанд, набояд бар волидайн ворид шаванд.

Шахсе аз имом Зайналъобидин алайҳиссалом пурсид: оё мард барои ворид шудан бар падараш бояд аз ӯ иҷоза бигирад? Имом фармуд:

«Бале, ман ҳам барои вуруд бар падарам иҷозат мегирифтам, дар ҳоле ‏ка модарпм фавт карда буд ва падарам ҳамсарӣ ихтиёр карда буд ва ман навҷавон будам. Шояд онҳо дар хилватшон рафтори дошта бошанд, ки дӯст надоранд онҳоро дар он ҳайнӣ, ғофилгир кунам ва онҳо ҳаргиз ин рафторт маро дӯст надоранд. Роҳт дуруст, иҷозат гирифтан ва салом кардан аст.»

ҷ) Худдори аз бараҳна шудан дар баробар кӯдакон ё бараҳна кардани онҳо

Бараҳна шудан дар баробари кӯдакон, аз ду ҷиҳат, таъсири номатлубӣ бар онҳо дорад: аз як тараф, ҳаёи онҳоро аз байн мебарад ва аз тарафи дигар сабаби таҳрики ҷинсии кӯдакон мешавад. Ин масъала дар мавриди бараҳна кардани кӯдакон ва дидани аврати онҳо низ матраҳ аст.

Имом содиқ алайҳиссалом фармуд:

«Волидайн ҳақ надоранд ба аврати фарзандшон нигоҳ кунанд ва фарзандон ҳақ надоранд ба аврати волидайни худ нигоҳ кунанд.»

Дар ҳамин бора Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:

«Аврати кӯдакро бипушонед; Чаро, ки ҳурмати аврати кӯдак, монанди ҳурмати аврати‏ бузургсол аст ва худованд ба касе, ки авраташро барои дигарон ошкор мекунад нигоҳи раҳмат намекунад.»

д) Худдори аз даст задан ба аврати кӯдак

Аз ҷумла равишҳои пешгирӣ аз инҳирофи ҷинсии кӯдакон, худдори аз даст задан ба аврати онҳост. Имом Алӣ (а) бо ишора ба ин, ки таҳрикпазирии ҷинсии бача, аз шаш солагӣ ба баъд бештар аст ва дастмоли кардани аврати кӯдак, заминаи инҳирофи ҷинсиро фароҳам месозад

Share



Назари худро бинависед