Зиндагии ором дар гарави дурӣ аз сангдилӣ

198

Сабабҳои сангдилӣ

Маънои «сангдилӣ» чӣ буда ва роҳи дармони он чист? Оё надоштани меҳри қалбӣ нишонаи сангдилӣ аст?

Сангдилӣ гоҳе дар робита байни инсон ва Худо мушоҳида мешавад, ки дар ин сурат инсоне, ки кибр дорад қалбаш монанди санг шуда ва қалби «инсони сангдил» бо ёди Худо нарму ором намешавад, ва гоҳе ин қасоват дар равобити иҷтимоӣ миёни инсонҳо ба вуҷуд меояд, ки онҳо нисбат ба гирифториҳое, ки барои дигарон пеш меояд, эҳсоси ҳамдардӣ намекунанд ва шояд ба навъе сифати сангдилӣ ва бераҳмӣ дар онҳо шакл мегирад.

Бархе аз муҳимтарин авомили ба вуҷуд оварандаи қасоват иборатанд аз: дурӣ аз ёди Худо, гуноҳ,  орзуҳои дароз, сарватандӯзӣ, зебо ҷилва додани аъмол тавассути шайтон ва зиёдагӯӣ.

Бархе аз роҳкорҳои мубориза бо ин сифати мазамматшудаи ахлоқӣ ба ёди Худо будан, пайравӣ аз паёмбарони илоҳӣ, ятимнавозӣ, хондани Қуръон ва илтиҷо ба даргоҳи илоҳӣ мебошад, ки бо лутфу раҳмати Ҳудо умеди он меравад, ки қалби инсонҳо нарму пок шавад.

 Авомили сангдилии инсон

Бар асоси оятҳо ва ривояҳо авомили мухталифе дар сангдилии инсонҳо нақш доранд, ки ба чанд мавриди он ишора мешавад:

  • Гуноҳ: оби чашми инсон хушк намешванд, магар бар асари сангдилӣ ва дилҳо ҳам сахт намешавад, магар бар асари гуноҳони зиёд.
  • Орзуҳои дароз: эй Мӯсо! орзуҳоятро дар дунё дароз накун, ки қалбат сахт мешавад, ва инсонҳои сангдил аз ман дуранд.
  • Зибо ҷилва додани гуноҳ тавассути шайтон: «чаро ҳангоме, ки кайфари мо ба онҳо наздик шуд, нола ва зорӣ накарданд?! балки онҳо сангдил шуда ва шайтон ҳар кори зиштиро, ки онҳо мекарданд, дар назаршон хуб ҷилва дод».

Бар асоси ин ояти Қуръон сангдилӣ дар натиҷаи аъмолу рафторҳои зиште аст, ки шайтон онро ороста ва ҷилва додааст;

Аз инрӯ аст, ки вақте инсон мавриди имтиҳони илоҳӣ қарор мегирад ва ё бар ӯ дарду ранҷе мерасад ба ҷои илтиҷо ба даргоҳи Худо боз ба ҳамон корҳои зишти худ идома медиҳанд ва ингуна аст, ки ба сабаби сангдилӣ гирифтори хашми илоҳӣ мешаванд.

  • Дурӣ аз ёди Худо: Худованд ба Мусо(а) фармуд: Эй Мусо! ҳеҷгоҳ  аз ёди ман ғофил машав, ки ғофил шудан аз ёди ман, инсонҳоро сангдил мекунад.
  • Сарватандӯзӣ: Дар васияти имом Алӣ(к) ба фарзандаш имом Ҳасан(а) омадааст: ва бидонед, ки сарвати зиёд метавонад дини инсонро нобуд карда ва инсонҳоро сангдил кунад.

Моландӯзии беш сабаби сангдилӣ хоҳад шуд ва инсонро ба исрофу фахрваразӣ кашонда ва заминаи бисёре аз гуноҳонро барои ӯ фароҳам месозад.

6٫ Ҳазрати Исо(а) фармудааст: «Ғайр аз зикри Худо сухани зиёде нагӯед; зеро ононе, ки дар ғайри зикри Худо, зиёда сухан гуфтанд дучори сангдилӣ шудаанд.

Сабабҳои сангдилӣ ва роҳкорҳои дармони он 

Меҳрварзӣ барои ононе, ки сангдилӣ дар вуҷудашон аст бисёр душвор аст, аммо дар айни ҳол боз роҳи чора вуҷуд дорад аз набояд, ки аз раҳмату лутфи илоҳӣ ноумед шуд. Бинобарин дар марҳилаи нахуст пешгирӣ аз сангдилӣ осонтар аз дармони он аст, аммо дар марҳилаи баъд роҳкорҳое барои дармони ин бемории рӯҳӣ ва равонӣ дар оятҳои ва ривоято омадааст, ки ба бархе аз онҳо ишора мешавад:

  • Ёди Худо: аввалин ва муҳимтарин роҳ раҳоӣ аз сангдилӣ ба ёд Худо будан аст. Қуръон дар ин бора мефармояд; Худованд беҳтарин суханро нозил кардааст, ки аз шунидани оятҳояш ларза бар андоми касоне меафтад, ки аз парвардигоршон метарсанд, сипас зоҳиру ботинашон ба самту сӯи зикру ёди Худо гароида ва дилашон нарм мешавад.
  • Пайравӣ аз паёмбарони илоҳӣ: … Исо ибни Марям(а)-ро фиристода ва ба ӯ Инҷил ҳадия карда ва дар дили пайравонаш раъфату раҳмат қарор додем.

3- Ятимнавозӣ: Расули Худо(с) фармуданд: «Ҳаркас нигарони сангдилии хеш аст назди ятиме рафта ва ба ӯ меҳрубонӣ кунад ва дасти навозиш бар сараш бикашад то бо иродаи Худованд дилаш нарм шуда ва сангдилӣ аз дур шавад.

  • Хондани Қуръон: дар ривоят омадааст: Қуръонро зебо бихонед, ки судмандтарини достонҳо дар он аст ва аз Қуръон шифо гиред.
  • Кӯмак аз лутфу раҳмати Худо: дар Қуръон мехонем; «Ба (баракати) раҳмати илоҳӣ дар баробари мардум, нарм (ва меҳрубон) шудӣ!

Паноҳ ба даргоҳи илоҳӣ: ҳамонтавре, ки дар банди саввум авомили сангдилӣ баён шуд, ояти 43 сураи Анъом нола ва зорӣ накарданро нишоне аз сангдилӣ медонад; Аз инру дар тарафи муқобил метавон гуфт, ки паноҳ ҷӯстан ба даргоҳи Худо ба нармшудани дилҳо хоҳад анҷомед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.