Чӣ бояд бигӯем?

331

 

Ниёзҳои фарзандатонро бишиносед. Фурсати муносиберо ба шиносоии ниёзҳои ӯ ихтисос диҳед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Магар ту чӣ кам дорӣ, ки ин корро мекунӣ?”
Метавонед бигӯед: “Дӯст дорам дар як фурсати муносиб бо ҳам бинишинем ва масоили гуногунро баррасӣ кунем ту чӣ замонеро пешниҳод мекунӣ?”
Ба ӯ масъулият бидиҳед ва ташвиқ кунед, ки дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ширкат кунад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Одаме, ки дуздӣ мекунад ҷойгоҳе дар байни дигарон надорад ва ҳеҷ кас ӯро намепазирад.”
Метавонед бигӯед: “Фикр мекунам, ки ту масъулиятпазир ҳастӣ ва метавонӣ бахше аз барномаҳои мактаб ё боғчаро ба ӯҳда бигирӣ. Мо ҳам ба ту кӯмак мекунем.”
Бо ӯ мантиқӣ бархурд кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Чашмам равшан! Аз чӣ касе ин корҳои зиштро ёд гирифтӣ?”
Метавонед бигӯед: “Ин дафтарча, ки дохили сумкаи туст моли дӯстат аст. Бояд онро ба ӯ баргардонӣ!” Ҳангоми адои ин ҷумла лаҳни ҷиддӣ ва қотеъ, аммо ба дур аз сарзаниш дошта бошед. Агар барои ҳифзи обрӯяш дар назди шумо ба инкори мавзӯъ пардохт қабул накунед, вале ӯро дурӯғгӯ нахонед, балки бо ҳамон қотеият, ҷумлаи худро такрор кунед ва агар лозим шуд дафтарчаро оварда ва боз ҳам ба таъкид бигӯед: “Ин дафтарчаро бояд ба дӯстат баргардонӣ, чун моли ӯст.”
Роҳи ҳалро барояш равшан кунед то аз мушкиле, ки дар он гирифтор шудааст наҷот пайдо кунад. Тавре бо ӯ саҳбат накунед, ки маҷбур ба гуфтани дурӯғ шавад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Чаро ин корро кардӣ? Ҳон? Зуд бигӯ, ки чаро пулҳои духтархолаатро гирифтӣ?”
Метавонед бигӯед: “Пулҳои духтари холаатро ҳарчи зудтар ба ӯ баргардон.” Ӯро ташвиқ кунед то зимни узрхоҳӣ аз иштибоҳаш пулро баргардонад ва агар барои ҳифзи обрӯи худ тавзеҳе дод монеи сухан гуфтанаш нашавед. Ба ӯ бигӯед ҳар вақт, ки пул лозим дорад бояд мавзӯъро ба шумо бигӯяд, на ин ки пулҳои дигаронро бардорад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ҳаминро мехостӣ, ки обрӯи маро бибарӣ?”
Метавонед бигӯед: “Фикр мекардам ҳар масъала ва ё ниёзе дошта бошӣ ба худам мегӯӣ, аммо ҳоло дилам гирифта ва эҳсоси ноумедӣ мекунам.”
Огоҳии худро аз коре, ки анҷом дода ба гунае нишон бидиҳед, ки ҳам эътимодаш ба шумо кам нашавад ва ҳам посухҳои дурӯғ нагӯяд.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Худам дидам, ки пинҳонӣ сумкаи бародаратро мекофтӣ.”
Метавонед бигӯед: “Писарам! Ту нопурсида ба сумкаи бародарат даст задӣ! Пештар гуфта будам, ки барои истифода аз васоили дигарон бояд аз худашон иҷоза бигирем. Аз ин корат хеле нороҳатам.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.