Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 7

102

posukhportyushesh-250x160Савол: Зани ман ҳамеша ба хонаи падараш меравад ва ҳеҷгуна ба зиндагии худаш таваҷҷӯҳ намекунад. Ҳарвақт аз ҷоикор ба хона меравам бо хонаи сарду беруҳ рубару мешавам. Бахотири ин иртиботот ӯ ҳаргиз ба ҳуқуқи ман таваҷҷӯҳе надорад. Оё ин кор дуруст аст?

Ҷавоб: Бидун шак кори ин зан дуруст нест. Агар зан дар шаҳри худашон зиндаги мекунанд хуб аст, ки ҳафтае яке дубор ба хонаи падарашон бираванд, ки сабаби нишот ва шодобии зан мешавад. Ин зан зиёдаравӣ мекунанд. Инсон вақте издивоҷ мекунад масъулияти ҷадид ва муҳиммеро ба уҳда мегирад. Махсусан занҳо, ки масъулияташон хеле муҳим аст ва дар ривоёти мо аз шавҳардории зан таъбир ба ҷиҳод кардаанд. Пайғамбар (с) фармуданд: Ҷиҳоди зан хуб шавҳардори кардан аст. Ин зан дар рафтуомад бо хонаводаашон бояд таҷдиди назар кунад. Бояд расидаги ба ҳамсар ва хонадорӣ кори аслии занҳо бошад. Ислом ба миёнаравӣ таъкид мекунад. Дар ривоят дорем, ки беҳтарини корҳо ҳадди васати он аст. Худо моро уммати васат (миёна) қарор додааст, росту чап гумроҳи аст ва роҳи рост роҳи миёна аст. Арастуҳам дарбораи ифроту тафрит сухан гуфтааст ва ифроту тафритро беморӣ донистааст. Зан бояд миёнаравиро риоят кунад, албатта мо набояд падар ва модари худро раҳо кунем. Зан бояд равобитро мудирият ва маҳдуд кунад. Шумо бояд тавре танзим кунед, ки замони омадани ҳамсаратон ба манзил дар хона бошед. Ин замон, замони муҳимме аст ва мард дӯст дорад, ки вақте вориди хона мешавад ҳамсараш дар хона бошад. Занҳое, ки кор мекунанд бояд корашонро багунае танзим кунанд, ки пеш аз ҳамсар ва фарзандонашон дар хона бошанд, магар инки имкони ин кор набошад. Агар шумо қабл аз ҳамсар ва фарзандонатон дар хона бошед оромишро дар хона бавуҷуд меоред.

   Маскан яъне маҳалли сукун ва оромиш. Вақте мард ба хона меояд ва хона сард ва беруҳ аст, мумкин аст, ки барои омадан ба хона бемайл шавад ва бидуни далил ба берун аз хона биравад. Ҳузури бедалили мард дар берун аз хона замина ва бистари инҳирофотро бештар фаромаҳ мекунад. баъзе аз домодҳо ин гумонро доранд, ки модарзан дар зиндагӣ дахолат мекунад ва зани манро бар зидди ман мешуронад ва вақте шумо зиёд робита дошта бошед ин гумони бад зиёд мешавад. Иртиботи зиёд мумкин аст, ки сабаби шикастани ҳурматҳо бишавад. Дури ва дустӣ чизи хубе аст ва динҳам бар он таъкид мекунад. Оқои Халил Ҷуброн мегӯяд, ки ҳатто сутуни маъбадҳоҳам аз якдигар фосила доранд. Барои иртибот наметавон адад ва рақам дод. Дар шаҳрҳои калон мумкин аст, ки ҳафтае дубор хеле сахт бошад ва ҳафтае якбор бас аст. Худи инсон метавонад ҳис кунад, ки дар иртибот зиёдаравӣ мекунад ё намекунад.

 

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.