Ҳамкорӣ ё зан залилӣ

49

1

Гоҳе вақтҳо, марде ки дар хона кумак кунандаи оилааш дар корҳои хона аст, ба он нисбат дода мешавад ки, зан залил аст ва гуё аз оилааш метарсад  ва ё агар марде ҳарфӣ мантиқӣ ва дуруст хонумашро гуш диҳад, ба ӯ зан залил гуфта мешавад. Ба назар меояд ин як иштибоҳе аст, ки барои ҳар ҳамоҳанг шудане байни зану мард, ба мард залилӣ таъбир шавад.

Дар ҳадисе ба нақли аз Ҳазрати Алӣ(алайҳиссалом) омада аст: “рӯзе Пайғамбари Акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба хонаи мо омаданд, дар ҳоле ки Ҳазрати Фотима(саломуллоҳу алайҳо) дар канори деге нишаста буданд ва ғазоро табх мекарданд ва ман ҳам адас пок мекардам, Пайғамбари Акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) манро дар ин ҳолат дид ва фармуд: эй Алӣ! Аз ман бишнав ва ман ҷӯз он чи Худованди Мутаол фармон дода чизе намегуям. Ҳар марде, ки дар манзил ба занаш кӯмак кунад, ба адади ҳар тори мӯи баданаш ибодати як сол ки рӯзҳоро рӯза гирифта ва шабҳоро ба ибодат машғул буда ба ӯ дода мешавад ва Худованди бузӯрг ба ӯ подоши собиронро ато мекунад; ҳамонанди подоше ки ба Ҳазрати Довуд, Яъқуб ва Исо(алайҳимуссалом) ато кард ва…”

Бо таваҷҷуҳ ба ривояти зикр шуда, оё шоиста ва сазовор аст, ки кӯмак ва ҳамкории шавҳар дар хонаро, таъбир ба зан залилӣ кард? Мутаассифона гоҳе вақтҳо, ин гуна бар часб заданҳо, заминаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни зану шавҳарҳоро дар хона кам мекунад. Ба таври мусаллам ин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни ҳамсарон сабаби самимият ва рақобат байни ҳамсарон мешавад.

Худои Мутаол дар Қурони Карим мефармояд: (“هُنَّ لِباسٌ لَکُم وَأنتُم لِباسٌ لَهُنَّ” онҳо ҷома ва либоси шумо ҳастанд ва шумо низ ҷома ва либоси онҳо ҳастед) ]сураи муборакаи Бақара\178 [ Дар ин ояти шарифа; Худои Мутаол ҳамсаронро ба либос ташбеҳ кардааст, ки вуҷуҳи ташобуҳи зиёде байни онҳост; яке аз ин вуҷуҳ ин аст, ки камоли самимият ва қаробат байни ҳамсарон бояд барқарор бошад. Ҳамчунон ки байни либос ва фарде, ки онро пӯшида, фосилае нест ва робитаи танготангӣ байнашон барқарор аст.

Бинобар ин, наздиктарин иртибот ва самимитарин иртиботро фард бояд бо ҳамсараш дошта бошад. Он қадар ин иртибот муҳим аст, ки дар ривояте омада аст:(“المُؤمِنُ یَأکُلُ بِشَهوَةِ أَهلِهِ” Муъмин мутобиқи иштиҳо ва майли ҳамсараш таом мехурад.)

Пас, аз онҷое ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни ҳамсарон эҷод кунанда ин самимият ва иртибот аст, лизо ин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ ҳамсарон, дар хона лозим меояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.