Мантупазиро аз шавҳарам омӯхтам!!!

151

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Манту як намуди таъоми миллии тоҷикӣ ба шумор меравад, ки бештар байни кишварҳои Осиёи Миёна маъмул аст. Дар Тоҷикистон бошад, дӯстдорони манту хеле зиёд ба назар мерасанд, яъне ҳамагон истеъмол намудани ин хӯроки миллиро бо ҷону дил қабул мекунанд. Албатта, барои хушмазза пухтани он катбонуе лозим меояд, ки дастони моҳиру тавонно дошта бошад. Яке аз чунин катбонуҳо холаи Гулчеҳра мебошанд, ки дар омода намудани манту дастони моҳир дорад. Холаи Гулчеҳра, ки сокини ноҳияи Фирдавсӣ мебошад, ки 40-соли умри худро ба катбонугӣ гузаронидааст ва аз тамоми нозукиҳои ин касб бохабар аст. Инак, сӯҳбате доштем, ки пешкаши хонандагони «Ману ту» мегнардонем.

– Гулчеҳра хола, кадом намуди мантуҳо ҳастанд ва бештар кадом навъашро шумо омода мекунед?

Мантуҳо гуногун мешаванд, ба мисоли мантуи фаршӣ, кадугӣ, бо гӯшти қиммашуда, гулманту, хонима ва гайраҳо. Мо бештар мантуи фаршӣ омода мекунем, чунки мизоҷони ин навъи манту зиёдтар ҳастанд.

– Ба ақидаи шумо ҳамчун як катбону чаро хоҳишмандони хонима ё ин ки мантуи кадугӣ кам ба назар мерасанд?

Пеш аз ҳама бояд гӯям, ки мантуи кадугӣ ё ин ки хонума хонагӣ ҳастанд ва онро танҳо дар хона бо аҳли оила сари як дастурхон нишаста тановул мекунем. Аммо дар ошхона ва тарабхонаҳо махсусан дар шаҳр танҳо мантуи фаршӣ омода мекунанд. Лекин ҳастанд муштариёне, ки хонума ё ин ки мантуи кадугӣ хоҳиш мекунанд ва мо низ барои онҳо тайёр мекунем.

– Шумораи муштариён чӣ гунаанд? Шуморо қаноатманд карда метавонанд?

Аслан гирем, ман дар инҷо тӯли ду моҳ мешавад, ки кор мекунам, лекин шумораи муштариён дар ошхонаи мо хуб аст. Масалан, ман 200-250 дона манту пухта мемонам то нисфирӯзӣ аллакай ба фурӯш мераванд. Дар ҷойи кори пештараам, ки дар ошхонаи хурдакак кор мекардам, ғайр аз шахсони меомада мерафтагӣ боз зиёда аз 15-20 нафар муштариёни доимӣ доштам.

– Боре шудааст, ки муштариёни шумо аз ҷойҳои дур, ноҳияҳои дурдаст мантуи шумо хуштаъм гуфта хеста омада бошанд?

Албатта, ман вақте, ки дар 33мкр кор мекардам, муштариёни зиёд доштам ва буданд онҳое, ки аз ҷойҳои дур барои хӯрдани мантуи ман меомаданд. Дар худи ҳамин дохили шаҳр низ шахсони дар ГАИ кор мекардагӣ мантуҳои шумо бомазза гуфта, хеста меомаданд.

– Баъзан шахсон мегӯянд, ки пухтани манту хеле осон аст ва ҳар кас ҳам аз ӯҳдаи пухтани он баромада метавонад, яъне зарурат ба омухтани он нест. Шумо ба ин гуфтаҳо розӣ шуда метавонед?

Не, ман ба ин фикр розӣ шуда наметавонам, чунки аввалан ҳар кас ҳам аз ӯҳдаи пухтани манту баромада наметавонад. Пухтану омода намудани манту ҳам заҳматро талаб мекунад. Хамирашро бояд нағз омода кунем, бояд сахт шурем, то ин ки суст нашавад агар суст шавад, дар вақти тунук кардани зуволаи он мушкилиҳо эҷод шуданаш мумкин аст. Инчунин аз хамираш низ вобаста аст, бояд хамирашро тунук кунем. Худи ман вақте ки навхонадор будам, азбаски шавҳарам ошпаз буд, ман бештар наздаш мерафтам ва бештар тарзи омода намудани онро нигоҳ карда меомӯхтам.  Умуман тамоми навъи хӯрокҳоро аз шаҳарам омӯхтам.

– Фарши манту чӣ гуна омода карда мешавад?

Пухтану омода намудани ҳар як таом ба худ хусусиятҳои хосро дорад, ки аз ҳар як ошпаз ё катбону талаб карда мешавад. Албатта тайёр намудани фарши манту низ нозукиҳои худро дорад, ки мо бояд онро омӯзем. Аз ин хотир пеш аз ҳама мо бояд пиёзи онро майда ва тунук реза кунем, чунки вақте мо мо норо ката ва ғавс реза мекунем, он хом мемонад ва манту метавонад лаззати аслии хешро гумм кунад. Баъдан пиёзи реза намударо бо фарш якҷоя намуда ба он равғани гов, намак, мурчу зира ва ҳар гуна преправҳои хушбӯйкунанда омехта намоем, то ин ки мантуи мо болаззат шавад.

– Барои беҳтару табъаш бомаззатар шудан чанд дақики мебояд мантуро болои тафдон гузошт?

Барои хуб пухта расиданаш на беш аз 30 дақиқа бояд дар болои тафдон истад. Чунки аз меъёр гузарад, вай суст мешавад ва аллакай мазаашро гум мекунад. Дар давоми 40-соле, ки ман ба ҳамин касб машғул ҳастам, ва аз таҷрибае, ки дорам чунин мешуморам.

– Чӣ гунке, ки маълум аст, манту худ махсулоти хамирӣ аст. Ба ақидаи шумо зиёд итсеъмол кардани он ба саломатӣ зараре намерасонад?

Манту худ таъоми миллӣ мебошад, ки фикр мекунам зараре надошта бошад. Албаатта, агар ҳамарӯза онро истеъмол намоем, ба саломатии мо зарар мерасонад ва ба фарбеҳшавии шахс оварда мерасонад. Аммо мардуми мо одатан ҳамарӯза мантуро истифода намебарем. Дар як ҳафта як маротиба ё ин ки пас аз чанд рӯз истеъмол намудан лозим аст. Баъдан истеъмол намудани манту бо чака онро болаззатару хуштаъмтар мегардонад.

Мусоҳиб

Фарзонаи Умаралӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.