Робитаи витамини D ва бемории MS

70

fc4b91eedbadb286a16104b520de5dca_L

Муҳаққиқон дарёфтанд, дар касоне, ки витамини D дарёфт мекунанд, бемории MS камтар фаъол мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, муҳаққиқони улуми пизишкӣ дар Академияи мағз ва аъсоби Амрико эълом карданд: Масрафи витамини D дар мубталоён ба бемории MS муфид аст ва посухи эминии баданро тақвият мекунад.

Тибқи ин таҳқиқ, ки натиҷаи он ба сурати мақолае дар шумораи ахири нашрияи ин Академия мунташир шуд, чиҳил бемори мубтало ба MS мақодири мутафовите аз витамини D бамуддати шаш моҳ таҳти озмоиш қарор гирифтанд.

Муҳаққиқон пас аз шаш моҳ дарёфтанд, дар касоне, ки витамини D дарёфт мекунанд, бемории MS камтар фаъол мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии York Alert дар интернет, бемории MS (Multiple Sclerosis) яке аз шоеътарин бемориҳои системаи аъсоби марказӣ (мағз ва нухоъ) аст ва бар асари тахриби ғилофи миелин эҷод мешавад.

Миелин ғилофе аст, ки фиберҳои асабиро иҳота мекунад ва дар интиқоли сареи амвоҷи асабӣ нақши бисёр муҳимме дорад.

Дар ҳолати табиӣ бо вуҷуди ин ғилоф амвоҷи асабӣ ба суръат мунтақил шуда ва муҷиби тавоноии бадан дар эҷоди ҳаракоти ҳамоҳанг ва мавзун мегарданд.

Дар бемории MS ин ғилофи асабӣ ба тадриҷ тахриб мешавад ва бадин тартиб амвоҷи асабӣ аз мағз ба хубӣ мунтақил намешавад ва алоими мухталифи бемории MS зоҳир мешавад.

Ин беморӣ мусрӣ набуда ва аз дастаи бемориҳои ирсӣ ҳам маҳсуб намешавад, аммо нақши генетика дар эҷоди он тайид шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳеч дармони қатъӣ барои ин беморӣ вуҷуд надорад, аммо шеваҳои дармони мавҷуд дар тағйири суръати раванди беморӣ муассир ҳастанд.

Алоими бемории MS баста ба инки чи минтақае аз системаи аъсоби марказӣ гирифтор шуда бошад, бисёр мутағайир ҳастанд ва улгуи бемории MS аз ҳар фарде ба фарди дигаре мутафовит аст.

Ин алоим ҳатто дар як фарди хос дар тӯли сайри беморӣ тағйир мекунад.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.