Роҳҳои гурез аз дасти шайтон

59

Пӯшиши айбҳо бо либоси тақво

Эй фарзандони одам! либосе барои шумо фиристодем, ки андоми шуморо ме‏пушонад ва мояи зинати шумост аммо либоси парҳезгорӣ беҳтар аст! инҳо (ҳама) аз оёти Худост, то мутазаккири (неъматҳои ӯ) шавед! (сураи Аъроф, ояти 26)

Шайтон ҳамонгуна, ки либос аз тани падари мо Одам берун овард то айбаш ошкор шавад, ме‏хоҳад либоси тақворо аз пайкари мо фарзандони Одам низ барканад. Либосе, ки айбҳои башарро ме‏пушонад. Он либосе, ки айбҳои маънавии инсонро ме‏пушонад либоси тақво аст, ки беҳтарин либосҳост ва набояд инсон танҳо ба он либосе, ки баданашро ме‏пушонад кифоят кунад.

“Ва либоси парҳезгорӣ аз ҳар либосе беҳтар аст” мурод аз ҳар либосе, либосҳое аст, ки баданро ме‏пушонад, ҳар чанд ба он либосҳо низ бояд таваҷҷуҳ дошт.

Натиҷа: ниёзи бадан ба либос, ба андозаи ниёзи рӯҳ ба ҷомаи тақво ниёз ба тафаккур ва тааммуқ надорад, ки.

 

 Аввалин қиёс, қиёси шайтон буд

(Худованд ба Иблис) фармуд: Вақте, ки ман (ба саҷда) фармонат додам, чӣ чиз туро аз саҷда кардан боз дошт? (шайтон) гуфт: ман аз ӯ беҳтарм, маро аз оташ ва ӯро аз гил офаридӣ. (сураи Аъроф, ояти.12)

 

Нукатаҳо:

Далели саҷда‏и фариштагон бар одам, фармони Худованд ва лиёқати зоти инсон буд на ҷинсият ва сохтмони вуҷудии ӯ.

Дар ҳадисе ме‏хонем: Шайтон, ки савганд хӯрд аз чаҳор тараф дар камини инсон бошад то ӯро мунҳариф ё мутаваққиф кунад, фариштагон аз рӯйи дилсӯзӣ гуфтанд: Парвардигоро! ин инсон чигуна раҳо хоҳад шуд? Худованд фармуд: ду роҳ аз болои сар ва поин боз аст ва ҳар гоҳ инсон дасте ба дуо бар дорад, ё рӯй бар хок ниҳад, гуноҳони ҳафтодсолаашро ме‏бахшам.

Шайтон дар мақоми тавҷеҳи нофирмонии худ, бо мағлата ва қиёси нобаҷо иддао кард: ман аз Одам бартарам, зеро ман аз оташам ва Одам аз хок. Дар ҳақиқат ӯ бо ин иддаои ғалат, ба ҷойи итоат аз фармони Худованди ҳаким ва таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи одамӣ назди Худованд, «Ман дар замин ҷонишин қарор медиҳам» (Бақара, ояти.30) ва нодида гирифтани рӯҳи илоҳӣ дар инсон, «Аз рӯҳи худ дар ӯ дамидам» (сураи Ҳиҷр, ояти.29) Дар муқобили фармони Худованд гарданкашӣ кард. Чунонки бисёре аз мо низ дар бисёре маворид, аҳком ва дастуроти диниро бидуни таваҷҷуҳ ба ҳикмат ва фалсафа‏и он, ба зоҳир бо ақли худ ме‏санҷем ва чун далели ошкоре барои он наме‏ёбем, онро наме‏пазирем ва ба он беаҳаммиятӣ, ё дар бархе маворид аз муқоиса‏и мавзӯъоти муташобеҳ бо якдигар, ҳукми яксоне барои ҳама‏и онҳо содир ме‏кунем.

Бинобар ин дар мавриди “Шайтон”, ки дар ривоёт ме‏хонем ӯ нахустин касе буд, ки қиёс кард, нукта‏аш ин аст, ки ӯ офариниши худро аз назари модӣ бо офариниши одам, муқоиса намуд ва бартарии оташро дар баъзе аз ҷиҳатҳо, бар хок далел бар бартарии ҳамаҷониба гирифт, бидуни инки ба дигар хусусиёти хок ва аз он болотар ба хусусиёти рӯҳонӣ ва маънавии Одам таваҷҷуҳ кунад, ва аз тариқи “қёси авлавият”, қиёсе, ки бар поя тахмин ва гумон ва мутолиа сатҳӣ ва номаҳдудаш қарор дошт, ҳукм ба бартарии худ бар одам намояд, ва ҳатто фармони Худоро ба хотири ҳамин қиёси ботил зери по бигузорад! ҷолиб инки дар баъзе аз ривоёт, ки аз имом Содиқ(а) дар кутуби шиа ва аҳли тасаннун ҳар ду нақл шудааст ме‏хонем:

«Касе, ки амри динро бо қиёс бисанҷад, Худованд дар рӯзи қиёмат ӯро бо Иблис, қарин хоҳад кард».(тафсир Аламнор, ҷ 8, саҳ. 331 ва Нуруссақалайн, ҷ 2, саҳ. 7)

 

 Натоиҷе, ки аз оя мегирем:

1 – Қабл аз судури ҳукм, муҳокима ва бозпурсӣ лозим аст.

2 – Шайтон, поя‏гузори нофармонӣ ва гуноҳ аст. Чун аввалин нофармонӣ тавассути ӯ сурат гирифт.

3 – Иқоби бе баён қабеҳ аст, то ҳукме ва матлабе баён нашудааст, бозхост ва муҷозот наме‏тавон кард.

4 – Шайтон дар баробари Худо истод, на дар баробари ҳазрати Одам. Чунонки дар ояи дигар ме‏хонем: «Аз фармони парвардигораш берун рафт» (сураи Каҳф, ояти.50)

Ҳамин, ки ҳазрати Одам аз тасаллути шайтон бар инсон огоҳ шуд, рӯ ба даргоҳи Худо оварда ва нола зад. Хитоб расид: Нороҳат нбош, зеро ман гуноҳро яке ва савобро даҳ баробар ҳисоб ме‏кунам ва роҳи тавба ҳам боз аст.

5 – Шайтон низ ҳамчун инсон дорои таклиф ва ихтиёр аст.

6 – Мизон, итоати амри Худост. Сину нижод ва собиқа ва ғ. ҳеҷ кадом меъёр нест.

7- Дар қазоват, ба муҷримон низ фурсати изҳори низир бидиҳем.

8- Нодида гирифтани буъди малакутии инсон ва танҳо чашм духтан ба ҷисми ӯ, ки маром ва маслаки моддигароҳо ме‏бошад, шайтон‏сифатӣ аст.

9 – Худбартарбинӣ ме‏тавонад махлуқро ба ҷабҳа‏гирӣ дар муқобили холиқ водор ме‏кунад.

10- Қабули холиқияти Худо ба танҳоӣ кофӣ нест, итоат ва таслим ҳам лозим аст. Шайтон, холиқияти Худоро пазируфта буд, вале аз ӯ итоат накард.

11 – Нажодгароӣ, аз арзишҳои шайтонӣ аст.

12- Шайтон дар баробари фармони равшан ва сареҳи Худованд, ба салиқаи шахсии худ амал кард ва ба истилоҳ, иҷтиҳод дар баробари нас намуд.

13- Шайтон, аз қиёс истифода кард, ки асоси илмӣ надорад, балки бар мабнои гумон аст.

 

 Шайтон фиребатон надиҳад!

Шайтон гуфт: «Пас чун маро гумроҳ кардӣ, ман ҳам барои [фирефтани‏] онон ҳатман бар сари роҳи рости ту хоҳам нишаст. Сипас аз пеши рӯ ва аз пушти сар, ва аз тарафи рост ва аз тарафи чапи онҳо, ба сӯроғашон ме‏равам ва бештари онҳоро шукргузор нахоҳи ёфт! »

Шайтон агар битавонад, монеи имони инсон ме‏шавад ва агар натавонад, роҳ‏ҳои нифоқ ва иртидодро ме‏кушояд ва агар муваффақ нашуд, бо эҷоди шаку тардид ва васваса, инсонро ба гуноҳ мекашонад то аз имон ва ибодаташ лаззат набарад ва кори хайр барояш сангин ва бо кароҳатбор ҷилва кунад.

Ҳамин, ки ҳазрати Одам аз тасаллути шайтон бар инсон огоҳ шуд, рӯ ба даргоҳи Худо оварда ва нола зад. Хитоб расид: Нороҳат набош, зеро ман гуноҳро яке ва савобро даҳ баробар ҳисоб ме‏кунам ва роҳи тавба ҳам боз аст. (тафсири Нуруссақалайн)

Дар ривояте, ки аз имом Боқир(а) нақл шудааст: Тафсири амиқтре барои ин чаҳор ҷиҳат дида ме‏шавад, онҷо, ки ме‏фармояд: «Тақсад аз омадани шайтон ба сӯроғи инсон аз “пеши рӯ” ин аст, ки охират ва ҷаҳонеро, ки дар пеш дорад дар назари ӯ сабук ва содда ҷилва ме‏диҳад, ва мақсад аз “пушти сар” ин аст, ки онҳоро ба гирдоварии амвол ва ҷамъ кардани сарват ва бухл аз пардохти ҳуқуқи воҷиб ба хотири фарзандон ва ворисон даъват ме‏кунад, ва манзур аз “тарафи рост” ин аст, ки умури маънавиро ба василаи шубҳаҳо ва эҷоди шаку тардид, талаф ме‏созад, ва манзур аз “тарафи чап” ин аст, ки лаззоти модӣ ва шаҳватро дар назари онҳо ҷилва ме‏диҳид.(тафсири Маҷмаулбаён, ҷ 4, с 403)

 

Манобеъ:

1- тафсири Ҳидоят, ҷ 3

2- тафсири Нур, ҷ 4

3- тафсири Намуна, ҷ 6

4- тафсири Нурусақалайн, ҷ 2

5- тафсири Алманор, ҷ 8

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.