Сабабҳои пайдоиши инҳирофи ҷинсӣ

59

Маъмулан пайдоиши равобити номшруъ ва инҳирофи ҷинсӣ дар ҷавон бар асари иллатҳои зер ба вуҷуд меояд:.

1- Мусоид набудани шароити хонаводагӣ ва муҳити зиндагӣ.

2- Риоят накардани ҳарими байни зану мард.

3- Таваҷҷуҳ накардани волидайн ба аҳкоми динии заношуӣ дар иртибот бо якдигар.

4- Бетаваҷҷуҳӣ дар ҳамнишинӣ бо афроди бебандубор ва лоуболӣ хусусан агар хешутабор бошанд.

5- Барнома надоштан дар вақтҳои фароғат ва бекор будан.

6- Рафту омад дар муҳитҳои олуда ва чашмчаронӣ.

7- Гӯш додан ба гуфтугӯҳои афроди мунҳариф ва олуда дар бораи масоили ҷинсӣ ва касби иттилои нодуруст ва номуносиб ва надоштани огоҳии саҳеҳ аз масоили булуғ.

8- Норасоиҳои зеҳнӣ ва касб накардани муваффақиятҳои таҳсилӣ ва дарсӣ.

9- Хаёлпардозиҳои инҳирофомез дар ҳангоми танҳоӣ.

10- Таҳрикоти ҷинсӣ аз тариқи аксҳо ва тасвирҳо.

11- Сустии имон ва надоштани тарбияти саҳеҳи динӣ.

12- Ҳамнишинӣ бо дӯст ва рафиқи мунҳариф.

Ҳамаи инҳо метавонад заминаҳои буруз инҳирофоти ҷинсиро дар ҷавон фароҳам созад.

Агар бихоҳем ҳамаи ин авомилро дар як калом, хулоса кунем, бояд бигӯем, ки риоят накардани роҳу равиши зиндагӣ ва суннатҳои исломӣ дар муҳити хонаводагӣ ва иҷтимоӣ, чӣ дар замони кор ва ё дар айёми фароғат, мӯҷиботи падид омадани ин инҳирофотро фароҳам хоҳад сохт.

Агар дар решаҳои пайдоиши инҳирофоти ҷинсӣ аз қабили равобити номшруъ байни духтар ва писар, ҳамҷнсгароӣ, истимно таҳқиқ намоием мебинем, ки ҳархонаводае, ки дастурҳои исломӣ ба хусус ҳарими байни зан ва мард ва духтару писарро риоят накарда бошад ба навъе аз анвои инҳирофи ҷинсӣ мубтало гардидааст.

 

Ҳушдор.

Агар ҷавон дар ҳангоми пайдоиши ҳолати худирзоӣ, истимно ва равобити номшруъ ба инҳирофи будан ва хатарнок будани амали худ таваҷҷуҳ накунад ва онро тарк нанамояд ба зудӣ ин рафтор шакли одат ба худ мегирад, одати решадор ва кушанда, ки ҷавони покро олуда сохта ва неруи шодоби ҷавонӣ ва халлоқият ва истеъдодҳои ӯро ба нобудӣ мекашонад, ба тавре, ки идомаи он , мӯҷиби авоқиби шум ва ногуворе хоҳад шуд.

Бояд донист, ки хатарноктар аз ин барои ҷавон пас аз огоҳӣ ба паёмадҳои шуми он яъсу ноумедӣ аст, ки дар роҳи мубориза бо ин одат ба худ роҳ медиҳад, зеро навмедӣ бузургтарин сади роҳи наҷоти мубталоён ба ин беморӣ аст.

Пас ҷавон ба муҷарради огоҳӣ ба зиёнҳо ва хатарҳои ин кор ба ҷойи ҳаргуна сустӣ ва ноумедӣ ва изтироби бефоида, бояд бо эътимоди комил ба нусрати илоҳӣ, иқдом ба тарки он кунад ва бидонад, ки агар воқеан қасди тарки онро дошта бошад, қатъан муваффақ хоҳад шуд.

 

Бозгашт.

Ҷавони мубтало ба инҳирофи ҷинсӣ ва равобити номашруъ, бояд бидонад ки ӯ қодир хоҳад буд ва метавонад аз ин амали зишт, даст бардорад ва тасмими ҷиддӣ ваҳақиқӣ ба тавба бигирад, ба хусус, ки сини чандоне аз ӯ намегузард ва ин кор ҳанӯз ба сурати одат дар умқи вуҷудаш рахна накардааст.

Бо қадре ҳиммат ва ёрӣ хостан аз Худо, ба зудӣ метавонад аз ин рафтори нобаҳанҷор, ки вайронгари саломатӣ ва сармояи ҷавонии ӯст даст бардорад ва худ ро аз чанголи ин одати шум наҷот бахшад ва ба зиндагии одӣ ва поки хеш бозгардад, дар ҳар ҳол , бояд бидонад, ки агар Ислом, ин аъмолро наҳи кардааст, дорои ҳикмате ҳаст ва фақат ба маслиҳати фарду ҷомеа аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.