Тарзи тайёр кардани ширбиринҷ

128

Зарф ё деги хӯрокпазиро шуста ба он биринҷу обро якҷоя андохта меҷӯшонанд. Миқдори биринҷро кадбону бояд ба нафарони хона мутобиқ намояд. Вале ҳангоми пухтан ҳатман бояд об аз биринҷ як маротиба зиёдтар бошад. Чунки биринҷ обро ҷабида мегирад. Вакте биринҷ мулоим мешавад, ба он ба андозаи муайян (масалан, барои як килограмм биринҷ як литр) шир мерезанд. Сипас онро дар оташи нисбатан пасттар  15-20 дақиқа меҷӯшонанд. Ширбиринҷ, ки пухт рангаш каме зард ва шаклаш нисбатан ғафстар мешавад. Онро ба зарфҳо бардошта дар болояш равғани зард ва ё маска мерезанд. Ин таом на он қадар душворпаз буда, ҳамаи занҳо аз уҳдаи пухтанаш мебароянд.

Мардуми тоҷик ҳамчунон, ки дар мавриди ширчой гуфтем, ширбиринҷро низ на ҳама вақт бо намак тайёр мекунанд. Аммо онро баъзан бо шакар ва ё қанди сафед тановул менамоянд. Дар ноҳияи Муъминобод ҳангоми пухтан барои хуштамъ гардидани он каме намак мерезанд.

Ширбиринҷ миёни мардуми тоҷик ҳамчун хуроки миллӣ хело арзишманд аст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки баъзеҳо ҳангоми ба болои дастархон гузоштани он аз ҷой хеста, наздаш таъзим менамоянд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.