Муҳимтарин ниёзҳои мардон

183

 

Муҳимтарин ниёзҳои мардон

Ниёзҳои мардонро дар муҳити хонавода метавон ба ду бахши асосӣ тақсим кард:

 1- Ниёзҳои отифӣ:

Аз ҳаётитарин ниёзҳои инсон аст. Ва ҳар як аз мо ҳамон қадр, ки дар равобити отифии худ бо атрофиён, хусусан дар муҳити хона ва дар иртибот бо ҳамсар, муҳаббат нисор мекунем камо беш ба ҳамон андоза интизор дорем, ки ба мо муҳаббат кунанд. Пас зарурӣ аст, ки ба манзури эҷоди тавозуни отифӣ дар зиндагии муштарак ва ҷилавгирӣ аз эҳсоси зиён дар як тараф, аз ниёзҳои аслии якдигар бохабар бошем.

Ниёзҳои отифии мардон иборатанд аз:

 а- Мақбӯлият:

Аз муҳимтарин ниёзҳои отифии мардҳо мавриди пазириш қарор гирифтан аст. Тамоми мардон ниёзманди он ҳастанд то ба онҳо собит шавад, ки дар муҳити хонавода, хостанӣ ва азиз ҳастанд. На ба хотири [шуғл ва даромадашон ё мақом ва мавқеияти иҷтимоияшон], ки инҳо тамоман муваққатӣ ва гузаро ҳастанд, балки фақат ба хотири вуҷуди худашон.

б – Эътимод:

Аз дигар ниёзҳои отифии мардон, мавриди эътимод будан аст. Агар марде дар муҳити хонавода бо ин эҳсоси нохушоянд рӯбарӯ шавад, ки ҳамсар нисбат ба ӯ боварӣ ва итминони лозимро надорад. Эҳсоси бекифоятӣ, надоштани худбоварӣ ва нохушнудӣ бар вуҷуди ӯро дарбар бигирад, эҳсос мекунад ҳимоятгари хубе барои хонаводааш нест. Ва тасаввури инки зан, шавҳарашро белаёқат ва бекифоят бидонад ва он тавр, ки дар сахтиҳо ва душвориҳо бояд ӯро такягоҳ қарор надиҳад ин барои мард ба ҷои марги отифӣ аст.

Вале агар интизороти зан аз мард бо тавоноиҳо, имконот ва истеъдодҳои ӯ воқеъбинона бошад ва интизороти худро бар асоси воқеяёт танзим кунад, ҳаргиз эҳсоси ноамнӣ ва ё белаёқатиро ба шавҳар ва муҳити хонаводаи худ мунтақил намекунад. Вагарна ҷойгоҳи мард ҳам ба унвони ҳамсар дар назди ҳамсар ва ҳам ба унвони падар дар назди фарзандон мутазалзил хоҳад шуд. Пас хуб аст ба ҷои поён овардани ҷойгоҳи мард дар хонавода, ба манзилати аслӣ ва воқеии ӯ биандешем ва онро ба шарики зиндагии худ ҳадия кунем, то бо эҳсоси амнияти бештар бар талоши худ барои дарки хонавода ва боло бурдани чигунагӣ ва миқдори иртиботот ва беҳбуди вазъияти рафторӣ ва ахлоқии худ бифзоед. Фарзандон низ бо боварӣ ба қудрати фикрӣ ва тавоноиҳои падар, худро дар ҷомеа танҳо ва беёвар ва бе пуштибон тасаввур накунанд.

 в- Ташвиқ:

Ҳар марде барои умедвор будан ба зиндагӣ, ба ташвиқ ниёзманд аст. Ташвиқи мард, эҳсоси арзишмандӣ ва ризоятро ба ӯ ҳадия мекунад. Аз назари равонӣ, рафторе, ки мавриди ташвиқ қарор гирад такрор хоҳад шуд. Пас биёед ба ҷои онки айбҳои тарафи муқобилро ба рухи ӯ бикашем ва ё заъфҳо ва нотавоноиҳои ӯро ба таври мудовим ба худаш ва ё дар ҷамъ ёдовар шавем, [аъмоли некӯ, нуқоти қувват, ва тавоноиҳояшро ин бор на дар хилват, ки дар ҷамъ низ баён кунем то рафтори номуносиб ба шеваи ғайримустақим кам шавад ё комилан аз байн биравад.

 2- Ниёзҳои ахлоқӣ

Ахлоқи хуб ва хуши зани хона, яке аз пояҳои нигаҳдоранда ва шояд битавон муддаӣ шуд, ки аслитарин сутуни зиндагии муштарак ҳисоб мешавад. Ва агар гилояе аз вазъияти мавҷуди хона ва фазои зиндагии муштарак аст бояд онро бо лаҳни ором ва бо калимоти муносиб ва бе тавҳин ба шахсияти шавҳар, баён кунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.