Анвои тафаккур дар завҷайн

113

 

Яке дигар аз ҷанбаҳои равоншинохтӣ бӯъди тафаккур аст.

 Анвои тафаккур

Равоншиносон аз як дидгоҳ тафаккурро ба чанд марҳала тақсимбандӣ кардаанд:

 1- Тафаккури ибтидоӣ

Ба ин маъно, ки шумо қодир бошед маънои саҳеҳро аз як макон ба даст биоваред. Дар ин навъ аз тафаккур, занҳо ҷузъигаро ҳастанд ва ба тамоми чизҳо ва иттифоқоти хурду калон диққат мекунанд ва ҳамаро дар зеҳн мегиранд ва мардон куллигаро ҳастанд ва ба сурати умумӣ ба шароит ва макони рафтаи худ таваҷҷуҳ мекунанд. Ва ин навъ тафаккур бештар дар замони гуфтугӯ миёни зану шавҳар худро нишон медиҳад.

Мисол: Марде ба танҳоӣ ба як меҳмонӣ даъват шуда, вақте ба хона бармегардад, хонум доиман аз [чигунагии меҳмонӣ, теъдоди афрод, ҳатто резбарномаҳо ва иттифоқоти рух дода] савол мекунад. Аммо шавҳар ба ҷиҳати идроки куллӣ аслан тавзеҳи зиёде надорад, ки баён кунад. Бинобар ин фақат ба гуфтани чанд ҷумла кифоя мекунад, [хуб буд] ё [бад набуд] ё [муҳим нест] ё [чизи муҳимме набуд]. Вале боз зан ба саволҳои худ идома медиҳад.

Дар ин шароит, агар мард аз равоншиносии идрокии хонумҳо иттилое надошта бошад, асабонӣ мешавад ва фикр мекунад ҳисси таҷассус хонум гул карда ва мехоҳад аз ҳама чиз бо хабар шавад. Аз он тараф агар хонуме аз равоншиносии идрокии мардҳо огоҳ набошад, фикр мекунад ҳамсараш мехоҳад чизеро аз ӯ пинҳон кунад, ва кашмакаш авҷ мегирад.

  2 – Тафаккури ҳалли масъала

Дар ин тафаккур мардҳо сареътар аз занҳо ҳастанд. Ва иллати он ин аст, ки машғул шудан дар ҷузъиёт ва ҳассосияти беш аз ҳадди хонумҳо, онҳоро аз машғул шудан ба масоили муҳим ва боарзиш боз медорад.

Агар ин тафовутро аз назар дӯр бидорем самарааш гилояҳои завҷайн хоҳад буд, ки мард аз ғур-ғури пай дар пайи зан шикоят дорад ва зан, аз бетаваҷҷуҳӣ ва бемеҳрӣ ва бадхулқии мард шиква дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.