Асрори равобити заношуӣ дар хонаводаҳои муваффақ(1)

193

Асрори равобити заношуӣ дар хонаводаҳои муваффақ

Қатъан робитаи заношуии дуруст ҷузъи корҳои рӯзонаи ин хонаводаҳо нест балки онҳо рафторҳое доранд, ки хориҷ аз утоқи секс, эҳсоси наздикии бештаре ба якдигар доранд ва онҳо иборатанд аз:

1- Инки на барқарории робитаи мутановиб ва ҳар рӯза гиреҳгушои кор аст ва на робитаи дарозмуддат қобили қабул аст. Чаро, ки равобити ҷинсии ба ҷо ва ба мавқеъ, наздикии рӯҳии отифӣ ва равонии ду тарафро тақвият карда ва ба он жарфо мебахшад.

Афроде, ки аз барқарории робитаи ҷинсӣ бо якдигар худдорӣ мекунанд, миёни худ фосилаи бисёр зиёде ба вуҷуд меоваранд; Бинобарин пас аз чанде афроди ғариба дар назарашон беш аз шарики феълии зиндагиашон ҷаззоб ҷилва мекунанд. Имрӯза равоншиносҳо собит кардаанд, ки дафаоти муназзами секс барои мардон дорои аҳммияти фаровоне аст.

Доктор Лора Берман равоншиноси Америкаӣ дар пайрави суханони Аҳлубайт(а) мегӯяд: Яке аз роҳҳое, ки метавонад ду нафарро ба ҳам наздиктар кунад ва ба ҳам наздик нигаҳ дорад ин аст, ки он ду завҷ аз назари ҷинсӣ ба ҳам наздик бошанд, танҳо роҳи расидан ба наздикӣ ва самимият низ ҳамин маврид аст. Вақте марде ба теъдоди дафаоти муназзам бо ҳамсари худ робитаи ҷинсӣ дошта бошад, ӯ ҳисси романтик будани худро аз даст медиҳад; Пас аз андаке ҳам хонум шӯр ва ҳарорати ҷинсии худро аз даст медиҳад.

Завҷҳои муваффақ як бор дар ҳафта робитаи заношуӣ доранд. Аммо нуктаи калидӣ инҷост, ки ҳар ду завҷ аз ин як бор лаззати ниҳоиро мебаранд. Ва агар ин муддатзамон тӯлонӣ шуд кунҷков шуда ва саъй дар пайдокардани мушкил доранд.

2- Хориҷ аз бистар ҳам якдигарро навозиш кунед

Омили дувуми мувваффақият ва хушбахтии завҷҳои муваффақ ин аст, ки гоҳ ва бегоҳ бе инки ҳеҷ далели хоссе вуҷуд дошта бошад якдигарро дар оғӯш мекашанд, поҳояшонро ба ҳам мезананд ва барои мароҳили аслитар худашонро омода мекунанд.

Дар китоби “Орзуи хушбахтӣ” навиштааст, ки ламс кардан 5 марҳала дорад: як завҷи муваффақ ҳадди ақал бояд 4 марҳалаи аз онро анҷом бидиҳад. Дар ҳоле, ки бисёре аз завҷҳо танҳо ду навъи иртиботи ламсӣ доранд:

1 – Ё ҳеҷ чиз

2- Фақат муқорабат, ва замоне, ки ин чунин бошад маъмулан иртибот аз навъи ҳеҷ чиз бештар такрор мешавад.

Замоне, ки якдигарро мебусед ё пушти ҳамро мемолед, метавонед ба роҳатӣ агар тамоюле ба идомаи иртибот надошта бошед, онро мутаваққиф кунед. Ҳолати дигар инки бо ҳам қарор бигузоред, ки агар тамоюл ба барқарории иртиботи ҷинсӣ надоред дастҳои якдигарро бигиред ва бо муҳаббат бифишоред. Ба ин тартиб робитаи шумо табиитар мешавад, чаро, ки як навъ ламс кардан ҳамроҳ мешавад бо навъи дигар. Ва метавонед то онҷо, ки алоқа доред ба он идома бидиҳед.

Агар битавонед дар тӯли рӯз аз назари физикӣ бо ҳам иртибот барқарор кунед барои муошиқаи аслӣ омодатар хоҳед шуд ва ин рафтори ба зоҳир содда вале таъсиргузор боис мешавад наздикии қалбҳо ва самимияти равонатон аз даст наравад.

3- Дар мавриди робитаи заношуӣ хатоҳоро фаромӯш карда ва бибахшед.

Қатъан завҷҳое, ки ин робитаро ба зебоӣ ва усулӣ барқарор мекунанд аз фаидаҳои эҳсосӣ ва отифии он баҳраманд мешаванд.

Чӣ муошиқаи аслиро дошта бошед, чӣ фақат якдигарро дар оғӯш гирифта ва навозиш кунед натиҷааш аз байн рафтани шикофҳо ва фосилаҳои мавҷуд ба худии худ хоҳад буд. Паёми ин ламси баданӣ ва дар оғӯш гирифтанҳои хориҷ аз бистар ба тарафи муқобилатон ин аст, ки агарчи мумкин аст дар мавриди хоссе бо ҳам, ҳамақида набошем аммо ишқ масъалаи дигаре аст ва ҳамвора ҷои худро дорад ва ин ҷарру ва баҳсҳо далеле барои коҳиши дӯст доштан нестанд.

Ба унвони як улгуи муассир, завҷайн бо якдигар қарор бигузоранд барои муддатзамони кӯтоҳе, ҳар вақт бар сари масоили ҷузъӣ низоашон боло гирифт аз ҷой хеста ҳамдигарро бибӯсанд. Кори ба зоҳир ин чунин кӯчак самароти мӯъҷизаосое дар зиндагии онҳо хоҳад дошт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.