Зарари эътиқодии фазои маҷозӣ

48

Бахши дигаре аз осебҳои фазои маҷозӣ, осебҳои эътиқодӣ мебошад. Имрӯза ҷангу дагирии инсонҳо ба хотири эътиқодоташон аст ба ҳамин сабаб расонаҳо ҳам ба дунболи ин ҳастанд, ки боварҳои мардумро тағйир диҳанд. Чанги нарм яъне ин ки ором ором зеҳнҳоро тағйир диҳанд. Ғарбиҳо мегӯянд: Агар шумо дар ҷанги нарм як тир душманро бизанед ду имтиёз мегиред, вале дар ҷанги сахт фақат як имтиёз мегиред. Чаро?

Чун дар ҷанги сахт вақте як тир ба душман мезанед, як нафар аз лашкари душман кам мешавад, аммо дар ҷанги нарм вақте як тир ба душман мезанем як нафар аз лашкари душман кам мешавад ва як нафар ба лашкари худамон илова мешавад. пас тамоми талоши худро ба кор мебаранд то ин ҷангро анҷом диҳанд чун ҳам кам ҳазинатар аст ҳам асаргузортар. Чигунагии истифодаи расонаҳо аз ҷанги нарм:

  1. Аввалин қадами осебҳои эътиқодӣ, ба вуҷуд овардани шубҳаҳо мебошад, яъне ҳамвора шахс бо хатари рӯбарӯ шудан бо шубҳаҳои эътиқодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, низомӣ ва… дар расонаҳо қарор мегирад. Барои мисол филм аз паёмбарон месозанд дар ҳоле, ки дар он филм паёмбар машруб мехӯрад ё аз авлиёи Худо филм месозанд то онҳоро ба сухра бигиранд ва ё тавассути бозиҳои кампиютерӣ шубҳа меандозанд.

Шубҳа чун кутоҳ аст ва эҷоди савол мекунад ва тарафи муқобил кунҷков мешавад, ки ҷараён чист дар ҳоле, ки посухҳои шубҳаҳо тулонӣ аст масалан ин шубҳа, ки чӣ касе гуфтааст, ки Худо ҳаст? Бо чаҳор калима шубҳа эҷод шдааст, дар ҳоле, ки исботи Худованд ниёз ба посухи тӯлонӣ дорад то инсон ба ин бовар бирасад чун бистарҳои фазои маҷозӣ кутоҳ буда барои эҷоди шубҳа муносиб мебошад, вале барои посух ба шубҳа муносиб нест. Барои мисол дар сафаҳоти маҷозӣ шубҳаи кӯтоҳ эҷод мешавад дар ҳоле, ки посухи он вуҷуд надорад.

  1. Марҳилаи баъдӣ аз байн бурдани имон аст, ки мунҷар ба сустии имон ва эътиқоди шахс мешавад, эътиқод нисбат ба низом, фарҳанг, ҷомеа, мабоҳиси динӣ ва… коҳиш пайдо мекунад чун як ҳаҷмаи зиёде аз шубаҳот дар зеҳни фард эҷод шудааст ва чун тавони посухгуӣ ба ин ҳама шубаҳотро надорад ҳамаро мункир мешавад.
  2. дар марҳилаи баъд гароиш пайдо мекунад ба ирфонҳои навзуҳур, ки бистари тарвиҷи ин фирқаҳо ҳам ин фазоҳои маҷозӣ ҳастанд, ки бузургтарин таблиғу тарвиҷи дин барои масеҳият аст. Ин фирқаҳо мухотабони зиёде ҳам доранд ва аз текники (кошт, дошт, бардошт) истифода мекунанд яъне ақидаро дар зеҳни фард мекоранд сипас онро парвариш медиҳанд ва дар ниҳоят дар як замони махсусаш онро бардошт мекунанд.
  3. Марҳилаи баъд гароиш ба адён аст, ки марҳилаи ҳатто аз ирфонҳои навзуҳур болотар аст ба тавре, ки фард гароиш ба динҳои дигар мисли масеҳият пайдо мекунад ва кам кам тағйири мазҳаб медиҳад, чун асли дини худро мункиш шудааст ва чун шубҳаҳои зиёде дар зеҳнаш ворид шудааст ва посухе барои онҳо нагирифтааст ва дар ҳақиқат бистаре барои посух ба шубаҳот вуҷуд надоштааст. Масалан Худоро мункир мешавад, заруриёти дин мисли амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва хондани намозро мункир мешавад. Гоҳе вақтҳо ин иттифоқ бо шухӣ шурӯъ мешавад. Масалан қавми ҳазрати Лут (а) дар маҷлис ва гуфтугуҳои худ ҳаёро риоят намекарданд ва бархе чизҳоро ба сухра мегирифтанд, ин гуноҳони кучак кам кам табдил ба гуноҳони бузург мешавад.
  4. Ва дар марҳилаи охир расидан ба пучгароӣ аст, бисёре аз худкушиҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳад ба хотири ҳамин пучгароӣ мебошад, чаро? Чун шахс ҳеҷ умеде барои зиндагӣ надорад ва муътақид аст баъд аз ин дунё ҷаҳони охирате нест, чун бовари қалбии ӯ тағйир карда пас суроғи худзанӣ ва озору азияти дигарон ва дар ниҳоят худкушӣ меравад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.