Хонаводаҳои хушбахтро бишиносед

157

Табиитарин шакли хонавода ин аст, ки ҳеҷ омиле ҷуз марг наметавонад пайванди заношуиро аз байни бибарад ва миёни зану шавҳар ҷудоӣ биафканад. Кӯшиши ислоҳгарони ҷомеа ба вижа паёмбарони Худо ҳамвора бар ин буда, ки хонавода низоми мустаҳкаму пойдор бошад ва ҳеҷ омиле натавонад ин конуни саодатро аз байн бибарад.

Дар бештари маворид конуни гарми хонавода ба далели адами меҳрварзии зану шавҳар ба якдигар, набуди дарки мутақобил, адами таваҷҷуҳ ба тафовутҳои фардӣ ва соири маворид табдил ба конуни сард мегардад ва бештарин осебҳои равонӣ ва иҷтимоӣ ибтидо гиребони фарзандони он хонавода ва сипас зану шавҳар мегардад.

Дар ҳамин масир шинохти вежагиҳо ва хусусиёти хонаводаҳои хушбахт метавонад машъали фурӯзони ҳидоят барои хонандагон гардад то бо улгугирӣ аз ин нишонаҳо ва амал ба онҳо, нишонаи дигаре аз низоми хонаводаи хушбахтро фароҳам созанд:

Дар байни аъзои хонавода ҷумлаи “ба ман чӣ” ё “ба ту чӣ” радду бадал намешавад; зеро онҳо ба гуфтугӯ ва машварати мантиқӣ эътиқод доранд ва дар муқобили мушкилот ва масоили ҳамдигар эҳсоси масъулият мекунанд.

Аъзои хонавода ба якдигар эътимод доранд ва аз ин эътимод сӯи истифода намекунанд ва эътимодро аз вижагиҳои пойдори издивоҷи муваффақ ва хонаводаҳои муваффақ медонанд.

То ҷое, ки имкон дорад, бо ҳам ҳастанд ва дар меҳмониҳо ё корҳои марбут ба хонаводаҳо танҳо ширкат намекунанд. Ҳамдилӣ, ҳамкорӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамоҳангиро омили бақои хонавода медонанд.

Бо ҳам муттаҳиданд, дар масоили мухталиф бо гуфтугӯ ва машварат ба тафоҳум мерасанд, саъй мекунанд агар бадфаҳмӣ ба вуҷуд омад, онро байни худашон ва бидуни инки касе бифаҳмад ҳал кунанд.

Аз салиқа ва ақидаи якдигар огоҳанд ва ба он эҳтиром мегузоранд.

Шарми беҷо надоранд; яъне хостаҳои табиии худро бидуни нигаронӣ ё хушунат иброз мекунанд.

Ба ҳарими якдигар эҳтиром мегузоранд ва аз ҳудуди мушаххаси худ фаротар намераванд.

Нигарони саломати рӯҳӣ ва ҷисмии якдигаранд ва аз ҳам муроқибат мекунанд ва агар мушкиле ба вуҷуд ояд, дар ҳалли он бисёр мекӯшанд.

Дар бештари авқоти лаҳазоти хушеро, ки бо якдигар будаанд, мурур мекунанд ва думболи хотироти талх нестанд. Дӯст доранд ҳамеша дар хубӣ ва шодӣ ва нишот зиндагӣ кунанд.

Барои хешовандон ва ҳамсояҳои худ аҳамият қоил ҳастанд ва пазирои фомили якдигар ҳастанд.

Аз вазъияти молии якдигар хабар доранд ва чизеро аз якдигар пинҳон намекунанд. Сарфаҷӯӣ ва пасандоз кардани ҷузви барномаҳои иқтисодии хонаводаҳои хушбахт аст.

Барои рушди якдигар талош мекунанд ва заминаи пешрафти хонаводаро фароҳам меоваранд.

Аъзои хонавода ба ҳам уфуқӣ нигоҳ мекунанд на амудӣ; Яъне ҳеҷкас худро бартар аз дигарӣ ва дар мақоми қудрат намебинад ва диктаторӣ ва зӯру қудратталабӣ бар муҳити онон ҳоким нест.

Ҳама эҳсос мекунанд, ки муваффақ, пирӯз ва умедворанд ва худро дар зиндагӣ баранда медонанд.

Дар канори ҳам эҳсоси амнияту оромиш мекунанд, на тарсу изтироб ё танишу даргирӣ.

Алоқа ва ишқу муҳаббат ва сафо ва якдилии худро ҳам дар рафтор ва ҳам дар гуфтор ба якдигар иброз мекунанд.

Аз якдигар интизори беҷо ва номуносиб надоранд.

Агар мушкиле пеш ояд ба роҳи ҳал фикр мекунанд ва дар пайи айбдор ва гуноҳкор нестанд ва ба ёфтани иллату решаёбии он мушкил мепардозанд ва роҳи ҳалли мантиқӣ арза мекунанд.

Ҳар як аз ду тараф пайваста ба фикри хушҳол кардан ва розӣ нигаҳ доштани дигаре аст.

Зану шавҳар барои ҳамдигар зиндагӣ мекунанд: аввал худ, баъд дигарон. Зиндагии онон барои бачаҳо ё тарс аз талоқ ва ҳарфи мардум нест.

Зану мард ҳар рӯз ба дунёи ихтисосии якдигар наздик мешаванд ва ба масоили хусусӣ ва зиндагии дигарон кор надоранд.

Бо дархостҳои якдигар бархурди муносиб ва мантиқӣ доранд.

Зану мард дар канори якдигаранд, на рӯ дар рӯ ва рақиби ҳам. Рафиқанд ва вокуниши манфӣ аз худашон нишон намедиҳанд.

Хонаводаҳои хушбахт талош доранд фарзандони хубу солим ва хушбахте ба ҷомеа таҳвил диҳанд.

Зану шавҳари хушбахт ба ҳарими хусусии якдигар эҳтиром мегузоранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.