Бузургтарин монеи ҳалли ихтилоф (2)

51

Матлаби дувум: Зан ва шавҳаре, ки қасди ҷудоӣ доранд агар дорои ‏фарзанд ҳастанд бояд ба фикри онҳо низ бошанд. Осоиш ва хушии кудак дар инаст ки падар ва модараш бо ҳам бошанд то ӯ зери сояи падар ва дар домани утуфати модар парвариш ёбад.

Агар ин зиндагии муштарак аз ҳам пошид конуни умеди кудак вожгун гашта ‏даврони хушии ӯ хотима ме‏ёбад. Агар падар аз ӯ нигаҳдорӣ кунад аз меҳру муҳаббатҳои холисонаи модар маҳрум мегардад ва зери дасти номодариаш қарор мегирад. Таклифи номодри ҳам равшан аст. Зеро онҳо аксаран аз кудаки зани собиқи шавҳарашон хушашон наме‏ояд ва ӯро музоҳим ва сарбори хештан медонанд.

Бинобар ин то битавонад ӯро азият ва озор мекунад. Падар ҳам ҷуз сукут ва сабр ва ҳавсала ‏чорае надорад.

Ва  агар модар сарпарастии фарзандашро ба ӯҳда бигирад он тифли маъсум аз сарпарастӣ ва муроқибати падар маҳрум мегардад ва чи басо зери дасти нопадарӣ воқеъ ме‏шавад.

Бо вуқӯи талоқ конуни гарми хонавода аз ҳам пошида мешавад ва фарзандони ‏он хонавода бе сарпараст ва бепаноҳ мегарданд ва гоҳе падар ва модар дар асари лаҷбозӣ ва худхоҳӣ ба куллӣ он афроди бегуноҳро раҳо ме‏созанд.

Вақте атфоли бегуноҳ сарпарасти хешро аз даст доданд ва паноҳгоҳе надоштанд ғолибан кучагард ва ҳарза мешаванд ва дар асари бетарбиятӣ ва уқда‏ҳои рӯҳӣ мумкин аст дар замони кӯдакӣ ё баъд аз бузург шудан даст‏ ба дуздӣ ва қатл ва ҷиноят бизананд.

Чунонки осори он дар сафаҳоти маҷаллот ва рӯзномаҳо мунъакис мегардад.

Дар таҳқиқе, ки аз конуни ислоҳ ва тарбияти кӯдакон дида шуда аз 116 нафар ҷавони базаҳкори конун, ҳаштод нафарашон номодрӣ доштанд ва бисёре аз онҳо далели инҳирофи худро вуҷуди номодрӣ ва сахтгириҳои ӯ зикр кардаанд.

Падари мӯҳтарам, ва модарӣ гиромӣ барои ризои Худо ва ба хотири фарзандони бегуноҳатон фидокорӣ кунед, гузашт дошта бошед, баҳона‏ҷӯӣ накунед, аз ҳавасбозӣ даст ‏бардоред, айбҳои кӯчакро нодида бигиред, лаҷоҷат ва ситеза‏гарӣ накунед, дар авоқиби кори худатон ва фарзандони бегуноҳатон ‏хуб биандешед, онҳо камбуд надоранд.

Ба чашмҳои фурӯ рафта ва чеҳраи афсурдаи онон тараҳҳум кунед.

Ин афроди бегуноҳ аз шумо интизор доранд ошёнаи онҳо яъне конуни гарм‏и хонаводагиро аз ҳам напошед ва он чӯҷа‏ҳои бе пару болро пароканда ва саргардон насозед.

Агар ба хостаи даруни онон таваҷҷуҳ накунед ва дилашонро бишиканед оҳ ва нолаи ‏онон бе асар намемонад ва руи саодат ва хушбахтиро нахоҳед дид.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.