Фикр мекуни кӣ ҳасти?(1)

84

Ҳама медонем нахустин касе, ки дар баробари Худо истод ва нофирмонӣ кард, шайтон буд аммо медонед шайтон ба чӣ ҷурме аз даргоҳи Худованд ронда шуд? Саҷда накардан ба одам? Истодан муқобили Худо? На! дар манобе (китобҳои муътабар)-и динии мо омадааст аслитарин гуноҳи Иблис такаббурварзӣ буд. Охир шайтон бо тамоми кӯчакиаш, муқобили азамати Худо ба чӣ чиз нозид ва бо такя бар кадом ҳунараш ин чунин такаббур кард? дурӯғ чаро? Такаббур дарди бисёре аз а инсонҳо низ ҳаст. Аслан чӣ маъно дорад, ки вақте дар замин роҳ меравӣ, фикр куни аз бинии фил афтодаӣ? магар Худо нагуфтааст «Гиромитарини шумо ботақвотарини шумост» Пас чаро барои дунё мағрур мешавем ва таваҳҳуми худбузургбинӣ пайдо мекунем?

Вожаи такаббурро бештар олимони луғат ба сурати воҳид тарҷума кардаанд. Алломаи Деҳхудо дар луғатномааш дар ин бора менависад? «кибр яъне бартарӣ, худписандӣ. Кӯчак шумурдани дигарон ва бузург донистани худ». Дар маънои истикбор ҳам гуфтаанд: «талаби такаббур ва худбузургбинӣ кардан». Шояд бароятон ҷолиб бошад бидонед, ки такаббур ва муштаққоташ беш аз 57 бор дар Қуръон такрор шудааст. Худованд бо ин кор ба ҳамаи мардум собит карда, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо такаббур канор намеояд. Оқибати шайтонро, ки фаромӯш накардаед?!

 

Суқут!

Ояи 34-и сураи Бақара, бисёр зебо ба моҷарои ихроҷи шайтон ишора мекунад , «Ва чун фариштагонро фармудем барои одам саҷда кунед, саҷда карданд ба ҷуз Иблис, ки сар боз зад ва кибр варзид ва аз кофирон шуд» Паёмбари Акрам (с) дар бораи ин оят ба Абузар(рз) фармуданд: «эй Абузар! касе, ки бимирад дар ҳоле, ки дар қалбаш заррае аз такаббур бошад, бӯи биҳиштро намеёбад магар инки қабл аз марг тавба кунад. Эй Абузар! бештар касоне, ки дохили оташ мешаванд, мутакаббиронанд». Албатта аз ин аҳодис то дилатон бихоҳад дар китобҳои ҳадисии мо вуҷуд дорад; Намунааш дар Ғурарулҳикам. Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд: «аз кибр дӯрӣ кунед, ки ҳамоно он, раъси туғён ва маъсияти Худост. Бидонед, ки такаббур ангезаи фурӯ рафтан дар манҷалоби гуноҳон аст».

Ҳоло дидед аҷаб хислати ваҳшатноке аст? Аслан ба ҳамин далел аст, ки Худо дар ояти 18-и сураи Луқмон таклифро равшан карда ва гуфтааст: «Писарам ! бо беаҳаммиятӣ аз мардум рӯй магардон ва мағрурона бар замин роҳ Марав, ки Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дӯст надорад» ҳамин мавзӯъ дар ояти 37-и сураи Асро ҳам омадааст: «Ва дар замин бо кибру сармастӣ роҳ марав зеро ҳаргиз наметавонӣ заминро бишикофӣ ва дар баланди ба кӯҳҳо намерсӣ».

Амири муъминон Алӣ (а) дар хутбаи Қосиаи Наҳҷулбалоға бо ишора ба ояти 34-и сураи Бақара дар бораи накӯҳиши кибр ва худбартарбинӣ чунин мегӯяд: «Панд ва ибрат гиред ба ончи Худованд бо Иблис рафтор кард, дар он ҳангом, ки аъмол ва ибодоти тӯлонӣ ва талош ва кӯшишҳои ӯро, ки 6 ҳазор сол бандагии Худо карда буд, ба далели соате такаббур варзидан бар бод дод. Бо ин ҳол чӣ касе баъд аз Иблис метавонад аз кайфари Худо дар баробари анҷоми ҳамон маъсият дар амон бимонад? На! ҳаргиз мумкин нест Худованд, инсонеро ба биҳишт бифиристад, дар баробари коре, ки ба хотири он фариштаеро аз биҳишт рондааст. Ҳукми Худованд дар бораи аҳли осмон ва замин яке аст».

 

 Решаи ғурур, куфр аст

Фарди мутакаббир дар фарҳанги Ислом, он қадар манфӯр аст, ки ҳатто дар мавориде кофир хонда шудааст. Агар бовар надоред ин ҳадиси имом Содиқ(а)-ро бихонед: «Камтарин дараҷаи куфр ва илҳод, такаббур аст». Имом Боқир (а) ҳам ҳадисе дар бораи решаи куфр доранд, ки дар ҷилди дувуми усули Кофӣ омадааст: «Усул ва решаҳои куфр ва исён, се чиз аст; Ҳирс, такаббур ва ҳасад. Ҳирс сабаб шуд, ки одам аз дарахти мамнуъ бихӯрад, такаббур сабаб шуд, ки Иблис аз фармони Худо сарпечӣ кунад ва ҳасад, сабаб шуд, ки яке аз фарзандони одам, дигареро ба қатл бирасонад».

Ҳоло, ки ин ҳама аз нописанд будани такаббур гуфтем, хуб аст бидонед, ки Худованд дар Қуръон ҷойгоҳи мутакаббиронро ҳам равшан кардааст; Дар ояти 76-и сураи Ғофир омадааст: «Аз дарҳои дӯзах дароед, дар он ҷовдон бимонед, чӣ бад аст ҷойи мутакаббирон». Имом боқир(а) ҳам дар шарҳи ин оят фармудаанд: «Касе, ки ба миқдори заррае кибр дар қалбаш вуҷуд дошта бошад, дохили биҳишт намешавад». Хулосаи калом инки такаббур фақат махсуси Худост. «Худованд фармуда кибриё ва бузургӣ шоистаи ман аст. Ҳар, ки хоҳад дар яке аз инҳо бо ман баробарӣ кунад ӯро ба ҷаҳаннам хоҳам афканд»; Ин сухани Паёмбар (с) аст. Бо ин ҳисоб, такаббуре, ки инсон дорад, ҷуз хорӣ ва таваҳҳум чизи дигаре нест.

 

 Истодан муқобили Худо

Такаббур ҳам мисли бештари ахлоқҳои хуб ва бад,тақсимбандӣ дорад.

  • Такаббури муқобили Худо: Агар такаббур дар муқобили Худованд бошад, мунҷар ба нофармонии Парвардгор мешавад, ки баробар бо таслим нашудан хоҳад буд ва ин ҳамон беимонӣ аст. Касе дар муқобили Худованд таслим аст, ки такаббур надошта бошад. Ин мавзӯъ дар ояти 60-и сураи Ғофир мавриди ишора қарор гирифта аст; «Парвардгоратон фармуд маро бихонед то шуморо иҷобат кунам. Дар ҳақиқат касоне, ки аз парастиши ман кибр меварзанд, ба зудӣ хор дар дӯзах дар меоянд.» Аслан ҳамаи ин оташҳо аз кӯндаи бениёзӣ баланд мешавад. Гоҳе банда нисбат ба Худо дучори ғурур мешавад, яъне вақте инсон тасаввур кунад, ки бениёз аст ба худаш мағрур мешавад ва фикр мекунад аз оламу одам бартар аст. Қуръони Карим дар бораи ин афрод мегӯяд: «Касоне, ки саройи дигарро бовар намекунанд, дилҳояшон инкоркунанда аст; Эшон такаббуркунандагонанд» Дар оёти 6 ва 7-и сура Алақ омада: «Одамӣ ҳамин, ки худро бениёз бибинад, саркашӣ мекунад». Ҳамин ҳиси худбартарбинӣ аст, ки инсонро ба суқут мекашоанад. Ҳамин қазия ҳам буд, ки боиси такаббури Иблиси раҷим шуд. Ояти 12-и сураи Аърофро бихонед: «Худованд ба Иблис фармуд: чӣ чиз туро боз дошт аз инки ба одам саҷда кунӣ? Гуфт ман аз ӯ беҳтарам; Маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил». Яке дигар аз мутакаббироне, ки дар Қуръон мавриди ишора қарор гирифта, фиръавн аст, ки муқобили Худо такаббур кард. Дар ояти 24-и сураи Нозиот омадааст: «Фиръавн гуфт, ки ман парвардгори бартари шумо ҳастам».
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.