Калимаи навзуҳури “нов моб фобиа”

149

Калимаи навзуҳури “нов моб фобиа”

Новмабфобиа истилоҳи навзуҳур ба маънои тарс аз ҷудо шудани аз телефони ҳамроҳ аст

Фарҳангҳои луғати мӯътабари дунё ҳарсол чанд вожаро ба унвони вожаи бартари соли гузаштаи худ эълон мекунанд. Барои соли 2018 фарҳанги луғати Камбриҷ калима «новмабфобиа» ро интихоб кардааст, ки ба тарс ё нигаронӣ аз ҳамроҳ надоштани телефони ҳамроҳ ё нотавонӣ дар истифодаи аз он ишора мекунад.

Калимаи «no mobia» кӯтоҳшудани «no mobile phone phobia» аст. Се калимаи дигар номзад шуда Камбриҷ дар сол 2018 «gender gap», «ecocide» ва «no-platforming» ҳастанд. «gender gap» вожае аст, ки фарқи байн тарзи бархурди ҷомеа бо мардон ва занонро нишон медиҳад. «ecocide» ба нобудии минтақаҳои табиии бузург ё осеби фавқулода ба он ишора дорад.

Парҳез аз осеб ба зиндагии муштарак

«No-platforming» низ пешгирӣ аз пазируфтани ҳаққи дигарон дар ибрози боварҳо ва ақоидашон дар фазои умумӣ аст, ба далели ин, ки тасаввур мешавад ин боварҳо хатарнок ва нопазируфтанӣ ҳастанд.

«Новмабфобиа» дар солҳои ахир раванди рӯ ба рушд доштааст ва далел он ҳам ба ҳушманд шудан, афзоиши короӣ ва вобастагии мо ба телефонҳои ҳамроҳ бармегардад. Пештар тасаввур мешуд далели аслии новмобфобиа, нигаронӣ дарбора тамосҳои муҳимме аст, ки шахс аз даст медиҳад аммо имрӯза муҳаққиқон мегӯянд: далели аслиаш ин аст, ки телефони ҳамроҳ ба унвони бахше аз ҳувияти шахсӣ ба мо иҷозат медиҳад, дидгоҳҳо ва таҷрибиётамонро бо дигарон ба иштирок бигузорем. Бо таваҷҷуҳ ба фарогир шудани ин истилоҳ дар зиндагии рӯзмарраамон, аз байни дигар калимоти интихобшуда тавассути соири мароҷеъ барои сол 2018, ба баррасии ин нигаронӣ мепардозем.

Ёддошти доктори равоншинос, дарбораи осебҳои бемории новмобфобиа ва тавсияҳо бахонаводаҳо.

Худтонро ба танбалии зеҳни одат надиҳед!

«Новмофобиа» истилоҳи навзуҳур ба маънои тарс бобати ҷудоӣ аз телефони ҳамроҳ аст, ки ба далели авориз ва мушкилоти ноши аз истифодаи беш аз ҳадди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мубтанӣ бар телефонҳои ҳамроҳ ба вуҷуд омадааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ, вобастагии зеҳнии козиби падид меоваранд, ки дар афрод, алоим ва рафторҳои шабеҳи мӯътодон ба маводи афюни дорад. Ба гунае, ки афрод наметавонанд муддате бидуни онҳо ба сар баранд. Агарчи мумкин аст баҳонаи онҳо барои истифода аз интернет, дастёбӣ ба иттилооти мавриди ниёз бошад аммо дар амал, ин гуна афрод ҷуз сар задани беҳадаф дар каналҳо кори дигаре анҷом намедиҳанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.