Ноумедӣ ҷавононро таҳдид мекунад (қисмати аввал)

74

Далелҳои зиёдеро метавон дар гирифторӣ ба ноумедӣ таъсиргузор донист, ки бино ба изҳориназари равоншиносон, ки иборат аст аз: Вазъияти иқтисодӣ, машғулият, вазъияти хонавода, вазъият таҳсил ва мавориде аз ин гурӯҳ дар гирифтор шудани фард ба ноумедӣ бисёр таъсиргузор аст. Равшан аст, ки фақр ва бекорӣ саҳми калоне дар гирифтор шудани афрод ба ноумедӣ дорад, чаро, ки бино ба таҳқиқоти майдонии сурат гирифта афроде, ки аз назари молӣ дар вазъияти хуб қарор надоранд ба маротиб бештар аз дигарон дучори ноумедӣ мешаванд, ҳамчунин тибқи таърифаҳои созмони беҳдошти ҷаҳонӣ фақр аввалин иллати ноумедӣ дар афрод аст.

Ба иборати содатар, надоштани вазъияти молии муносиби хуб метавонад дар коҳиши эҳсоси умед ва шодобӣ бисёр таъсиргузор бошад. Бар асоси таҳқиқоти анҷом гирифта касоне, ки аз назари молӣ дар вазъияти хубе қарор надоранд ба маротиб бештар аз дигарон эҳсос ноумедӣ доранд. Яке дигар аз далелҳои ноумедӣ дар инсонҳо набуди шуғлӣ муносиб аст, чаро кӣ набуди шуғли муносиб афродро гӯшанишин хоҳад кард; доштани шуғли муносиб худ метавонад сабабе барои шодобӣ ва нишоти фард бошад. Аз сӯи дигар бояд хотир расон кард, ки бар асоси назарсанҷиҳои ба амаломда бисёре аз донишҷуёни солҳои охири донишгоҳҳо танҳо ба далели набуди бозори кори муносиб эҳсоси ноумедӣ доранд ва дигар майли чандоне барои поёни таҳсили худ надоранд, ки ин худ дар афзоиши ноумедӣ дар миёни донишҷуён бисёр таъсиргузор аст.

Бешак вазъияти хонавода ва ҷанҷолҳои ҳоким бар он низ метавонад дар эҷоди ноумедӣ дар фард таъсиргузор бошад чароки бино ба изҳориназари равонпизишкон вазъияти нобасомони баъзе оилаҳо худ сабаби аслии эҷоди ноумедӣ дар афрод аст. Барои мисол афроде, ки падару модари онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд ва ё инки ихтилофоти зиёде бо ҳам доранд нисбат ба дигарон бештар эҳсос ноумедӣ мекунанд чаро кӣ бояд ёдовар шуд вазъияти оила дар саломати рӯҳии фарзандон бисёр таъсиргузор хоҳад буд.

Вазъияти зудҳангом

Ҳамон гуна, ки медонем имрӯза ноумедӣ дар миёни ҷавонон ба вазъияти зудҳангом расидааст; Аз инрӯ интизор меравад масъулони амр барои ҳали ин буҳрон як навъ барномарезиҳои баландмудат, миёнмудат ва кӯтоҳмудат пешниҳод кунанд, чароки дар ғайри ин сурат таъсироти манфии бисёре домани ҷомеаро хоҳад гирифт, тибқи шумориши мавҷуд тайи чанд соли гузашта меъёри ноумедӣ дар миёни ҷавонон ба тарзи аҷибе афзоиш ёфтааст. Бояд дар назар дошт бознигарӣ накардани қавонини мавҷуд, худ сабабе барои коҳиши шумориши издивоҷ дар миёни ҷавонон шудааст, чаро ки тибқи назарсанҷиҳои ба амаломда имрӯза ба далели беъзе қавонини даступогири марбут ба талоқ, нафақа ва мавориде аз ин гурӯҳ баъзан баъзе ҷавонон майли чандоне ба издивоҷ надоранд ва бо баҳонаҳои зиёде аз зери бори масъулият шона холи мекунанд, ки ин худ метавонад заминасози ошкор шудани осебҳои иҷтимоии зиёде шавад.

Бешак яке аз муҳиммтарин иқдомоте, ки давлат метавонад барои афзоиши умед ва нишот дар миёни ҷавонон дошта бошад эҷоди қавонини ҷадид ва ё бознигарии баъзе аз қавонини мавҷуд аст; То ба ин роҳ то ҳдуде умед дар миёни ҷавонон афзоиш ёбад, ҳамонгуна, ки медонем имрӯза ва дар сояи вуҷуди баъзе қавонини даступогир шоҳиди майл надоштани ҷавонон ба издивоҷ ҳастем, ки ин худ сабаби ошкоршудани баъзе аз осебҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мешавад ва ҳамчунин амнияти иҷтимоиро низ ба хатар меандозд. Вуҷуди шикофҳои табақотиро метавон яке дигар аз далелҳои ноумедӣ донист чароки тайи солҳои ахир бо афзоиши шикофи табақотӣ дар ҷомеа рӯ ба рӯ ҳастем, ки ин худ бешак барои ҷавонон қабулкарданӣ нест ва ин метавонад ба коҳиши эътимоди иҷтимоӣ дар миёни ҷавонон кашида шавад.

Бояд зикр намуд, ки зиндагии шаҳрнишинӣ худ метавонад дар гурӯҳи дигар делелҳои афзоиши ноумедӣ дар миёни ҷавонон бошад чаро кӣ бояд дар назар дошт дар сояи зиндагии шаҳрӣ равобит миёни афрод коҳиш меёбад, ки ин худ метавонад дар афзоиши ноумедӣ нақши босазое дошта бошад. Ҳамчунин зиндагии шаҳрнишинӣ тааллуқот ва вобастагии миёни афродро низ коҳиш медиҳад, ки ин худ метавонад сабабе барои афзоиши ноумедӣ бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.