Кудакозорӣ чигуна сурат мегирад?

118

Кудакон ба шаклҳои мухталиф мавриди озор қарор мегиранд:

1) Кудакозории ҷисмӣ: Баъзе рафторҳое, ки ба ҷисми кудак садама мезанад монанди кутак задан, сузондан, маҷруҳ кардан, шикастан ва мавориди дигар.

2) Кудакозории равонӣ: Шомили рафторҳоест, ки ба саломати равонии кудак осеб мерасонад, монанди тавҳин кардан, тарсондан, тахқир кардан, табъиз ва…

3) Бетаваҷҷуҳӣ ва ғафлат: Яъне таваҷҷуҳ накардан ба ниёзҳои асосии кудакон, монанди тағзия, беҳдошт, пушок, омузиш ва… дар ҳадде, ки ба саломати ҷисмӣ ва равонии онон осеб бирасонад.

4) Суъи истифода: Яъне истифода аз кудак дар иртибот бо маводди мухаддир, водоштани онҳо ба корҳои душвор, суъи истифодаи ҷинсӣ ва ғ.

Чаро кудакон мавриди озор қарор мегиранд?

1) Ноогоҳии волидайн: Гоҳе волидайн ё афроди дигар, ки ба кудакон озор мерасонанд намедонанд, ки рафтори онҳо кудакозорӣ аст, монанди касоне, ки кудаконро танбеҳи баданӣ мекунанд, мавриди таҳқир ва тавҳин қарор медиҳанд, ба ниёзҳои асосии онҳо таваҷҷуҳе надоранд ва ин рафторҳоро оддӣ ва маъмулӣ медонанд.

2) Мушкилоти иқтисодӣ: Фақр сабаб мешавад, ки кудакон аз дастрасӣ ба ниёзҳои асосии худ монанди омузиш, беҳдошт, тағзия ва… маҳрум шаванд ва ё волидайн ба иллати фишорҳои молӣ ё рафторҳое монанди пархошгарӣ, хушунат, бетаваҷҷуҳӣ ва… кудаконро мавриди озор қарор диҳанд.

3) Эътиёд: Эътиёд ба иллати хусусиёте, ки дар афрод эҷод мекунад монанди пархошгарӣ, бемасъулиятӣ, коҳиши авотиф, ва ғ. сабаб мешавад, ки кудакон мавриди озор ба вижа аз навъи суъи истифода қарор гиранд.

4) Бемориҳои равонӣ: Дар сурате, ки волидайн ба бемориҳои равонӣ мубтало бошан бо рафторҳое монанди тундхуӣ, хушунат, носозгорӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва…, ки ношӣ аз бемории равонии онҳост сабаби озори кудакон мешавад.

5) Мушкилоти хонаводагӣ: Мушоҷироти шадид ва тулонии волидайн, ҷамъияти зиёди хонавода, шеваҳои тарбиятии номуносиб, дар бархе маворид вуҷуди пияндар ва моиндар ва… сабаб мешавад, ки кудакон мавриди озор қарор гиранд то ҳадде, ки мушкилоти хонаводагӣ яке аз далоили кудакозорӣ ба шумор меравад.

6) Мушкилоти кудакон: Кудаконе, ки мушкилоти нисбатан пойдор ва шадид доранд бештар аз соири кудакон мавриди озор қарор мегиранд, монанди кудаконе, ки дучори бемориҳои ҷисмии музмин ва тулонимуддат бо мушкилоти рафторӣ аз қабили пархошгарӣ, изтироб, шабидрорӣ ва ғ. ҳастанд ба иллати мушкилоте, ки барои бузургсолон эҷод мекунанд ва низ ба сабаби ноогоҳии волидайн аз ин мушкилот ағлаб мавриди озори ҷисмӣ ва равонӣ қарор мегиранд.

7) Мушкилоти мактабӣ: Мушкилоте, ки дар мактаб барои донишомузон эҷод мешавад монанди интизори беш аз ҳад, надидани тафовутҳо, эҷоди изтироб, тарс ва рақобатҳои шадид, табъиз, танбеҳи баданӣ, таҳқир, тавҳин ва ғ. сабаби озори ҷисмӣ ва равонии кудакон мешавад.

Роҳкорҳои коҳиши кудакозорӣ

1) Кудакро бештар ва беҳтар бишносем: Шинохти кудакон ва ниёзҳои онон сабаб мешавад, ки рафтори беҳтаре бо онҳо дошта бошем ва барои ин кор метавонем аз равишҳои мухталиф монанди хондани китобҳои муносиб, ширкат дар дарсҳои омузишӣ, машварат кардан бо афроди огоҳ ва ғ. истифода кунем.

2) Иллати кудакозориро бишносем: Кудакозорӣ монанди ҳар рафтори дигаре иллате дорад. Саъй кунем иллати онро пайдо кунем ва бо рафъ кардан он кудакозориро коҳиш диҳем. Мумкин аст бархе аз мушкилотро натавонем аз байн бибарем дар он сурат пазируфтани он беҳтар аз озор додани кудакон аст.

3) Аз дигарон кумак бигирем: Кумак гирифтан ва машварат кардан нишонаи ҳушёрӣ ва огоҳӣ аст на нотавонӣ барои коҳиши мушкилот худ. Метавонем аз афроди огоҳ ва ботаҷриба кумак бигирем.

4) Оромиши худро ҳифз кунем: Зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳ бо мушкилот аст, саъ кунем хашми худро идора ва барои мушкилот чораҷуӣ кунем. Бисёре аз кудакозориҳо дар шароите анҷом мегирад, ки волидайн қодир ба контуроли хашми худ нестанд, контуроли хашм омухтанӣ аст ва метавонем бо тамрин бар хашми худ ғалаба кунем.

Зиёнҳои кудакозорӣ барои кудакон

Кудакӣ даврони рушд ва шаклгирӣ шахсият аст. Анвоъи кудакозорӣ дар ин солҳои ҳассос ва муҳим ба рушд ва саломат онон осебҳои ҷиддӣ мерасонад. Кудакони озордида дар ҳамаи ҷанбаҳои рушд монанди рушди ҷисмӣ, зеҳнӣ, равонӣ ва иҷтимоъӣ бо мушкилот ва норасоиҳои фаровоне ру ба ру хоҳанд шуд. Баррасиҳои анҷомшуда нишон медиҳад бисёре аз кудаконе, ки дар даврони кудакӣ қурбонии озор ва бадрафторӣ будаанд, дар бузургсолии худ ба озори кудакон пардохтаанд ва ин бузургтарин зиёни кудакозорӣ аст, ки сабаби

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.