Пешгирӣ аз кудакозорӣ

89

Пешгирӣ ҳамеша беҳтар, осонтар ва сариътар аз дармони он аст. Барои пешгирӣ аз кудакозорӣ метавонем аз роҳкорҳои зер истифода кунем:
1) Диққат дар издивоҷ ва ташкили хонавода, худдорӣ аз издивоҷҳои таҳмилӣ ва ношинохта, шитобзада ва издивоҷ дар синини поён.
2) Таваҷҷуҳ ба танзими хонавода ва теъдоди муносиби фарзандон.
3) Афазоиши огоҳии худ дар заминаи парвариши фарзандон ва шеваҳои муносиби рафтор бо онон.
4) Пазириши масъулиятҳо ва анҷоми вазоифи худ ба унвони падар, модар, муъаллим, сарпараст ва ғ. нисбат ба кудакон.
5) Ошноӣ бо ҳуқуқ ва ниёзҳои асосии кудакон.
6) Таваҷҷуҳ ба саломати ҷисмӣ ва равонии худ ва коҳиши фишорҳои асабӣ ва мушкилоти рафтории худ, ки сабаби кудакозорӣ мешавад.
7) Тақвияти руҳияи кумак гирифтан ҳангоми бархурд бо мушкилот ва ошноӣ бо марокизи мушовира ва имдод дар мавриди кудакон ва хонавода.
Барои пешгирӣ ва муқобила бо кудакозорӣ иқдомоти густарда ва мутааддиде бояд анҷом шавад. Аз ҷумлаи ин иқдомот мавориди зер аст:
1) Тасвиби қавонини ҳамаҷониба ва шаффоф ба манзури пешгирӣ ва контуроли кудакозорӣ ва ҳимоят аз кудакони осебдида.
2) Тақвияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайри давлатии ҳомӣ кудакон.
3) Фарҳангсозӣ ва тавсиъаи омузишҳои марбут ба пешгирӣ аз кудакозорӣ дар ҷомиъа.
4) Омузиши маҳоратҳои муассири волидайн барои падарҳо ва модарҳо (шеваи бархурд бо ноҳинҷориҳои рафтори фарзандон, ошноӣ бо фарояндҳои табиии рушди кудакон, таъкид бар аҳамияти муроқибат, ҳимоят, амнияти фарзандон ва шеваи таъмини он).

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.