Чӣ гуна фарзанди худро ташвиқ кунем?

45

Мураббиён мегӯянд, рушди инсон дар гарави биму умед аст. Дар амри тарбият, ташвиқ бидуни танбеҳ ва танбеҳ бидуни ташвиқ, хатарофарин аст ва аз ҳар ду бояд ба таври мусовӣ ва баробар истифода намуд.

Ташвиқ ва танбеҳ ҳар кадом, равиши тарбиятии хосс ва муҷаззост, аммо ҳамон тавре ки медонем, аввал ташвиқ ва сипас навбати танбеҳ фаро мерасад. Ва то замоне ки бо муҳаббат ва ташвиқ метавон кореро пеш бурд, ба суроғи танбеҳ намераванд.

Бинобар ин суоле, ки имрӯз матраҳ мешавад, ин аст, ки чӣ гуна фарзанди худро ташвиқ кунем?

Пас аз баёни муқаддимаи кӯтоҳе, анвои мухталифи ташвиқро барои шумо баён мекунем ва дар идома таъсироти ташвиқи беш аз ҳад ва нобаҷоро бо ҳам баррасӣ мекунем.

Тавре ки медонед, дар тарбияти инсон, ташвиқу тарғиб асли кор аст, на танбеҳу муҷозот. Дар ривоят омадааст: “Ба василаи хубӣ, бо бадӣ биситезед”.

Ташвиқ боиси рағбату дилгармӣ ва нишоту таҳаррук мешавад ва инсонро ба ҷиддият дар корҳо водор мекунад. Одаме, ки ташвиқ шавад, истеъдодҳояш шукуфо мегардад ва эҳсоси оромишу ризояти хотир ҳосил мекунад. Эътимод ба нафс ва худбоварӣ пайдо мекунад ва барои ҷиддияти бештар ва таҳаммули душвориҳо омода мегардад. Аммо агар мавриди накӯҳиш ё носипосӣ қарор гирифт, дилсарду берағбат мешавад ва эҳсоси заъфу сустӣ мекунад, эҳсоси ҳақорат мекунад ва наметавонад истеъдодҳояшро дуруст истифода кунад ва шукуфо гардонад.

Ташвиқ шаклҳои гуногуне дорад, ки ба синну сол ва фаҳми кӯдак ва чигунагии амали ӯ вобастагӣ дорад. Табиист, ки кӯдаки хурсол дар солҳои аввалияи зиндагӣ, беш аз ҳар чизе ба ҷалби назари падару модар, изҳори муҳаббат, бӯсаҳо ва хандаҳову навозишҳо ва парасториҳои онон ниёз дорад.

Падару модарон барои ташвиқ, бояд синну сол, фаҳми бача ва шароити хосси зиндагӣ ва арзишу аҳамияти кори кӯдакро дар назар гиранд.

Барои ҳамин, ташвиқ метавонад гоҳе ба сурати дилҷӯӣ бошад, гоҳе як иборати муҳаббатомез бошад ва бархе вақтҳо низ як нигоҳи бо лабханд бошад; замоне қисса хондан барои кӯдак ва гоҳе харидани қаламҳои ранга барояш бошад, гоҳе бо додани ширинӣ, китоб ва монанди он метавонад анҷом гирад.

Ҳамзамон бо рушди фарзанд, дар вуҷуди ӯ тамоюлоте монанди масъулиятпазирӣ пайдо мешавад ва мехоҳад падару модар бо ӯ дар корҳо мушовира кунанд.

Ҳоло бубинем, оё ҳар гуна ташвиқе ва ба ҳар андозае, хуб ва ҷавобгӯи ҳадафи аслии мо хоҳад буд ё на?

Дар ривояте аз ҳазрати Алӣ нақл шудааст: “Ситоиши беш аз ҳад, тамаллуқ ва чоплусӣ аст ва боиси ғурур мешавад”.

Аз тарафе гоҳе номутаносиб будани ташвиқ боиси бетаъсир шудани он хоҳад шуд ва дар воқеъ, натиҷаи баръакс медиҳад.

Равоншиносон тавсия мекунанд, аз ташвиқ баҷо ва дар ҳадди мушаххас истифода кунед ва дар бархе шароит бигзоред кӯдак аз коре, ки мекунад, танҳо лаззат барад ва бо ташвиқҳои нобаҷо ва беш аз ҳад, интизори ӯро зиёд накунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.