Раванди табиӣ барои рушди забон ва гуфтори кӯдак

Яке аз нигарониҳои волидайн, мушкилоти гуфтории кӯдакони 2 сола аст. Онҳо фикр мекунанд фарзандашон ба хубӣ рушд накарда ва дорои ихтилолоте аст. Аммо барои ҳалли ин мушкил роҳкорҳои соддае вуҷуд дорад.

179

Кӯдак дар синни 2 солагӣ ҳар рӯз бо калимаҳои тозае ошно шуда ва бо гузашти замон маҳоратҳои гуфториро касб мекунад. Ӯ бо забони содда сухан мегӯяд ва иборатҳои таккалимаии фаровоне ба забон меоварад.

 Фарзанди шумо то 2 солагӣ бояд битавонад мақсади худро баён кунад ва аз посухе, ки ба шумо медиҳад, мутаваҷҷеҳ шавед, ки дастурҳои соддаи шуморо фаҳмида ва вокуниш нишон медиҳад.

 Дар ин син падар ва модар бояд доираи важаҳои ӯро афзоиш диҳанд. Албатта набояд дарси гуфтордармонӣ ва луғатомӯзӣ барои ӯ бигузоред, балки ба сурати ғайримустақим ба ӯ омӯзиш диҳед.

 Шунаванда бошед

 Вақте ӯ сӯҳбат карда ва ҳарф мезанад набояд ҳарфи ӯро қатъ кунед, балки фурсат диҳед ончиро мехоҳад бигӯяд дар зеҳни худ омода кунад ва тамаркузи кофиро ба даст оварад.

 Агар шахси камҳавсалае ҳастед, бояд ин ҳолатро тағйир диҳед. Зеро кӯдак наметавонад ба суръат сӯҳбат кунад ва аҷалаи шумо кӯдакро музтариб карда ва ӯро гиҷ мекунад.

 Баҷои фарёд, қисса бигӯед

 Дар бораи корҳои рӯзмарра ва бозиҳое, ки фарзандатон анҷом медиҳад “қисса” бигӯед. Саъй кунед ҳангоми қиссагӯӣ бо истифода аз калимаҳои гуногун фазои воқеӣ барои кӯдак тарсим кунед ва одоби сӯҳбат карданро дар қолаби диалогҳои қисса, ба кӯдак омӯзиш диҳед.

 Ҳамчунин барои мисол, замоне, ки чизеро ба шумо нишон медиҳад ва мегӯяд ин «гурба» аст; Шумо дар посух аз ҷумлаҳои баланд истифода кунед: «бале азизам, ин як гурбаи кӯчак ва ноз аст, ки думболи модараш мегардад, ту модарашро надидӣ?» ба ин шакл саъй кунед, ки гуфтугӯро бо ӯ идома диҳед.

 Истифода аз китобҳои мусаввар

 Саъй кунед барои кӯдак китоби достонҳои тасвирӣ таҳия кунед ва бо ҳам китоб бихонед. Метавонед гоҳе матни китобро бо лаҳни зебо барои ӯ бихонед ва гоҳе низ дар мавриди тасвирҳо сӯҳбат кунед ва аз ӯ бихоҳед ончиро мебинад барои шумо тавзеҳ диҳад. Ба ин шакл доираи луғоти кӯдак афзоиш ёфта ва дарки мутафовите нисбат ба перомуни худ ба даст меоварад.

 Ҷодуи навозиш

 Яке аз аслитарин далелҳои мушкилоти гуфтории кӯдакон ба хусус дар синни 2 солагӣ, изтироби дарунии ӯст. Махсусан замоне, ки калимаеро иштибоҳ гуфта ё ҳарфе задааст, ки нописанд буда; дар ин ҳангом бо масхара ё асабонияти атрофён рӯбарӯ шуда ва эътимод ба нафси худро аз даст додааст.

 Дар оғӯш гирифтан ва бӯсидани фарзанди дилбандатон метавонад изтироби ӯро коҳиш дода ва эътимод ба нафси ӯ афзоиш ёбад. Пас ҳангоме, ки калимаро иштибоҳ гуфтааст, саъй кунед бо муҳаббат ва хушруӣ шеваи дурусти баёни онро бо кӯдак тамрин кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.