Равишҳои тарбиятии кӯдакон

104

Равишҳои тарбиятии кӯдакони 3 то 14 сола

Оё барои тарбияти кӯдак усули хоссе вуҷуд дорад, ки падару модарон бо риояти он битавонанд ба равиши матлубе амал кунанд?

Агарчӣ наметавон усули комилан рӯшанеро барои тарбият баён кард, аммо метавон ба чанд асли куллӣ ишора кард, ки фароянди тарбиятро осонтар мекунад. дар идома ба бархе аз маҳоратҳои тарбиятӣ ишора хоҳем кард.

***

Босубот амал кунед

Падар ва модар дар тарбияти фарзанди худ, бояд субот дошта бошанд. Субот доштан дар робита бо кӯдак яке аз муҳимтарин усули фарзанддорӣ аст, бо ин вуҷуд мумкин аст дар пайравӣ аз он дар мавқеиятҳои рӯзона бо мушкил рӯбарӯ шавед. Агар ҳангоме ки кӯдак кореро анҷом медиҳад, ба ӯ лабханд бизанед, лекин дар замоони дигаре, ҳамон кор ё шабеҳи онро анҷом диҳад, ба ӯ сахт гиред, кӯдак башиддат дучори сардаргумӣ мешавад. Чаро ин амал дар як замон хатои бузурге буд ва дар замони дигар, хандаовар?

Ҳангоме ки иҷоза медиҳед ҳолоти хулқии шумо аксуламалҳоятонро нисбат ба кӯдак таҳти таъсир қарор диҳад, қарор гирифтан дар ин бесуботӣ осон мешавад. Пас мувозиб бошед, кӯдаки худро ба иллати рафтори мусбат, ки анҷом дода, ташвиқ намоед ва ба иллати рафтори манфӣ танбеҳ намоед, на ин ки милоки ташвиқ ё танбеҳи шумо ҳолоти хулқии шумо бошад. Рӯзе шоду боҳавсала ва рӯзи дигар ба далелҳои гуногун, хаставу беҳавсала бошед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.