Тарбияти кӯдакро аз навзодӣ оғоз кунед

62

Тарбияти кӯдакамонро аз чӣ замоне оғоз кунем?

Тарбияти як кӯдаки навзодро аз куҷо шурӯъ кунем?

Оё синни навзод барои тарбият кам аст?

Оё тарбият бо танбеҳ якест, ё бо ҳам фарқ доранд?

Ҳангоме ки кӯдаки яксола барои шукулод фарёд мекашад ё хӯроки худро аз дохили коса берун мерезад, барои падару модарон каме сахт аст, ки бидонанд чӣ рафторе бояд бо ӯ дошта бошанд. Дар зимн, шояд тасаввур шавад, ки ҳанӯз синни кӯдак хеле кам аст ва наметавон равишҳои тарбиятиро бо ӯ кор кард ва ё ӯро танбеҳ намуд.

Аммо ин тавр нест. Вақте бо забони хуш наметавон масоилеро ба кӯдак ёд дод, шояд беҳтар бошад ба кӯдак хубу бадро тавзеҳ диҳем. Падару модарон тарбиятро бо танбеҳ иштибоҳ мегиранд, аммо асли тарбият бар омӯзиш устувор аст. Дар мавриди тарбияти кӯдаки яксола, падару модарон бояд маҳдудиятҳоро ба ӯ омӯзиш диҳанд. Бо ҳамин равишҳои сода метавонед кӯдакро ба самти рафторҳои хубу писандида ҳидоят кунед.

***

Саргармиҳои мухталифро имтиҳон кунед

Ҳангоме ки асабонӣ мешавед ва мехоҳед сари кӯдаки худ дод бизанед, худро ба даст гиред, зеро ин кор боиси нороҳатӣ ва баҳонаҷӯиҳои кӯдак мешавад.

Ба ҷои ин кор, бо оромиш ӯро ба анҷоми корҳои мавриди алоқааш ташвиқ кунед, барои мисол, вақте кӯдак аз дастаҳои мублу кумуд боло меравад, ба ҷои дод задан, ӯро рӯи замин гузоред ва бо бозичаҳо бо ҳам бозӣ кунед ё барояш китоб бихонед. Ин кор на танҳо монеи анҷоми корҳои иштибоҳ мешавад, балки ба ӯ мефаҳмонад, ки бархе корҳоро набояд анҷом диҳад.

***

Рӯи сухани худ бимонед

Агар ба кӯдак гуфтаед, ки ҳақ надорад пеш аз шом ё наҳор ширинӣ бихӯрад, набояд ҳаргиз, ҳатто вақте зиёд гиря кард ва пофишорӣ намуд ба ӯ иҷозати ин корро надиҳед. Агар фақат як бор ин корро бикунед, ӯ ёд мегирад ва ҳамеша бо доду фарёду гиря мехоҳад ба хостааш бирасад.

Барои тарбияти кӯдак бояд ҳамеша рӯи ҳарф ва назари худ бимонед. Ин масъаларо бояд падарҳо низ риоят кунанд ва ҳамеша бо модар дар масири тарбияти кӯдак ҳамроҳӣ кунанд. Агар падар як ҳарфе бизанад ва модар чизи дигаре бигӯяд, боиси сардаргумии кӯдак мешавад ва намефаҳмад қонуни хона чист?

***

Мусбат бошед

Агар ҳамеша ба кӯдак “на” бигӯед, пас аз муддате дигар ба суханҳои шумо эътиборе намедиҳад. Ё бадтар аз он, худаш ҳам аз ин калима барои анҷом надодани корҳое, ки намехоҳад истифода хоҳад кард. “На”-ро ҳамаҷо нагӯед, онро барои ҳангоми зарурат нигаҳ доред. Ба таври мисол, ҳангоме кӯдак ба самти оташ ва ашёи гарму хатарнок меравад, бояд бо садои қавӣ “на” бигӯед.

Аммо дар мавориде, ки хатаре надорад, лозим нест мудом на бигӯед.

***

Равиши корро ба ӯ омӯзиш диҳед

Кӯдак бештар ба корҳое, ки анҷом медиҳад, таваҷҷӯҳ дорад, то суханҳое, ки ба онҳо меомӯзед. Бештарин чизҳое, ки ёд мегиранд низ аз тақлиди корҳои бузургтарҳост. Бинобар ин, дар канори омӯзишҳои каломӣ, бархе корҳое, ки мехоҳед анҷом диҳед, дар пеши ӯ анҷом диҳед. Ба унвони мисол, кӯдак дастҳояшро намешӯяд ва мисвок намезанад, барои он ки ӯро ба мисвок задан водор кунем, бояд шабҳо бо ҳам дандонҳоямонро бишӯем, то барояш ҳаяҷонангез бошад.

***

Рафторҳои хуби ӯро таҳсин кунед

Гоҳе рафторҳои бади кӯдакон ба ин далел аст, ки маҳорати иртибот барқарор кардан бо дигаронро ҳанӯз ёд нагирифтаанд ва мехоҳанд ба ҳар тариқе таваҷҷӯҳи шуморо ба худ ҷалб кунанд. Ба ҳамин далел бисёр муҳим аст, ҳангоме ки кӯдак кори хубе анҷом медиҳад, ӯро таҳсину ташвиқ кунед. Ба ин тартиб, ба ӯ меомӯзед, ки рафторҳои хуб бештар назаратонро ҷалб мекунад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.