Авомили саодати хонавода(қисмати севвум)

153

Масъулиятпазирӣ

Аз ҷумла авомили муассир дар таъмини саодати хонавода масъулиятпазирии мутақобили ҳамсарон аст. Ҳар як аз зану мард бояд бидонанд, ки бо қабули зиндагии муштарак масъулиятҳое бар уҳдаи онон қарор мегирад, ки пеш аз ташкили хонавода аз он осуда буданд; ин масъулиятҳо бо таваҷҷуҳ ба ихтиёрот, тавоноиҳо ва шароти хоси ҳар як аз зану шавҳар бар уҳдаи онон қарор мегирад.

Расули Худо(с) мефармояд:

“Мард нигаҳбони аҳлу байти худ аст, ва ҳар нигаҳбоне дар мавриди ончи, ки бояд аз он нигаҳбонӣ кунад, масъул аст ва зан нигаҳбони моли ҳамараш аст ва нисбат ба он масъул мебошад”.[1]

Ва низ мефармояд:

“Ҳамаи шумо нигаҳбон ва масъул ҳастед, … мард бар хонаводааш нигаҳбон аст ва нисбат ба онон масъул мебошад ва зан бар хонадон ҳамсар ва фарзандони ӯ масъул аст”.[2]

Ин масъулият дар ҷониби мард аз аҳаммияти хоссе бархурдор аст, зеро вай уҳдадори сарпарастии хонавода аст ва дар натиҷа дар қиболи тамоми масоил ва мушкилоти фикрӣ, руҳӣ, ахлоқӣ ва иқтисодии ҳамсар ва фарзандони худ масъул аст ва тафра рафтан ва шона холӣ крадар аз зерибори ин масъулиятҳо ва бе тафовутӣ нистабт ба онҳо офати бузурге барои зинадгии хонаводӣ маҳсуб мешавад.

Ғафлат аз шинохти масъулиятҳои гуногуни хонавадгӣ, осори зиёнбори бисёре ба ҳамроҳ дошта, дар ниҳоят муҷиби пушаймонӣ ва ҳастари инсонхоҳад шуд. Бадин чиҳат. Зарурут тодар, ки ҳар инсоне пайваста дар бораи масъулиятҳои хонавадагии худ бияндешад ва бо шинохти комил ба анҷоми дақиқи онҳо ҳиммат гуморад. Амири муъминон Алӣ(а) мефармояд:

Ҳар марде нисбат ба зердаст ва хонаводаи худ масъул аст.[3]

Ҷилваҳои масъулиятпазирӣ

Баъзе аз намудҳои масъулиятпазирии зану шавҳар дар зиндагии хонводагӣ иборатанд аз:

  • Таъмини ҳазинаи зиндагӣ

Шавҳари вазифашинос ва масъл нисбат ба хонавода дар таъмини ҳазинаи зиндагӣ аз қабили ғизо, либос, маскан, асбобу асосияи манзил ва соири махориҷи лозим кушиши фаровон мекунад. Ӯ кор карданро шарафи инсон, ҳавҳари зиндагӣ ва ҷиҳот дар роҳи худо медонад. Аз ин ру, аз танбалӣ кардан ба шиддат мераҳезад ва дар роҳи таҳсили рузӣии ҳалол талош мекунад, ранҷ мебарад, арақ мерезад ва хаста мешавад то зиндагиро бо обурумандӣ идора кунад ва ниёзҳои ҳамсару фарзандони худро бо шарофат таъмин кунад. Ӯ аз ин роҳ хушнудии Худоро фароҳам меоварад, чаро ки имом Боқир ва имом содиқ(а) мефармоянд:

“Касе, ки пеши Худо хушнудтар ва арфтораш писандидатар аст, ки барои хона ва хонаводааш неъмату осоиши бештаре дурз аз исрофу табзир фароҳам кунад”.[4]

  • Мудирияти хонавода

Шавҳаре, ки мудири хона аст, бо тадбир ва дурандешии вижаи худ сиёсатҳои куллии хонаводаро таъйин мекунад ва дар ифои масъулият сарпарастӣ ва ҷалби итоати ҳамсар –аз пеш- заминаи пазириш ва итоатро дар ӯ фароҳам мекунад, ба имконот ва руҳиёти ҳамсари хеш таваҷҷуҳ карда, дар ҳадди тавон аз ӯ интизор хоҳад дошт; танҳо дар кори нек ва маъруф ба ӯ фармон медиҳад ва за худраъйӣ дар ин замина дурӣ мекунад ва медонад, ки агар фармоне бар хилофи фармони Худо бошад, пазириш ва итоати ҳамсар лозим нест.

Ӯ тавре зиндагиро раҳбарӣ мекунад ва ба хонавода нишот, хуррамӣ, назму инзибот мебахшад, ки ҳамсару фарзандонад шро ба унвони сарпарасти воқеӣ мешиносанд ва итоати ӯро бар худ лозим мешуморад.

Зани вазифашинос низ қадри заҳамоти шавҳарашро медонад, ба раҳнамудҳо ва дастурҳои ӯ эҳтиром мегузорад, мудирияти ӯро дар умури зиндагӣ мепазирад ва мутобиқи дастуроташ амал мекунад ва аз ин тариқ идомаи зиндагии муштаракро муяссар месозад.

  • Ҳамсардорӣ

Марди масъул, занро дар дасти худ амонати илоҳӣ дониста, ва нисбат ба ӯ эҳсоси вазифа мекунад, ба шахсият, афкор ва аъмоли ӯ эҳтиром мегузорад, ба нишоту ғизои руҳии ӯ ва дигар аъзои хонавода мерасад, дар умури хона ва зиндагии муштарак бо ҳамсару фарзандони худ машварат мекунад ва ба онҳо болу пар медиҳад. Зани вазифашинос низ ба назариёти шавҳар эҳтиром мегузорад, аз ӯ итоат мекунад, аз сифоти хуби ӯ ташаккур карда, ва бо ӯ мудоро мекунад, аз таваққуи худ мекоҳад, ва дар ҳифзи мол, номус ва обру мегузорад, аз ӯ итоат мекунад, аз сифати хуби ӯ ташаккур карда, ва бо ӯ мудоро мекунад, аз таваққуи худ мекоҳад, ва дар ҳифзи мол, номус ва обруи шавҳар мекушад.

  • Тарбияти авлод

Намуди дигари масъулиятпазирӣ, дар тарбияти авлод ошкор мешавад, зану шавҳари вазифашинос, дар табияти саҳеҳ ва исломии фарзандони худ ниҳояти талоши худро ба кор мегиранд ва дар тамоми мароҳили рушди фарзанд, аам аз даврони ҳамл, ширхорагӣ ва пас аз он худро нисбат ба тарбияти саҳеҳи вай масъул дониста ва дастуротеро ки Ислом дар ин замина ироа намуда, иҷро мекунад.

Аҳаммияти ин масъулият ба андозае аст ки Имом Саҷҷод(а) аз Худованди субҳон барои адои ин таклиф истимдод талабида, арз мекунад:

“Бор Худоё маро дар тарбият, таъдиб ва некӣ ба фарзандонам ёрӣ фармо”.[5]

Ва низ он ҳазрад дар баёни ҳаққи фарзан нисбат ба падару модар мефармояд:

“Ҳаққи фарзанд бар ту, ин аст, ки бидонӣ вуҷуди ӯ аз ту аст ва нек ва бадиҳои ӯ дар ин дунё ба ту вобаста аст, ва бидонӣ, ки ту дар тарбияти ӯ аз қабили ҳусни адаб ва … масъул ҳастӣ”.

Осори масъулиятпазирӣ

Ин вежагии ахлоқӣ дорои осори фаровоне аст, ки густараи он бештари масоили зиндагиро дар бар мегирад. Инак ба ду асари куллие, ки нақши вежае дар таъмини саодати хонаводагӣ дорад. Мепардозем:

  • Истеҳкоми пайванди хонаводагӣ

Аз осори мустақими хҳсоси масъулият, ба даст овардани муваффақият дар умури зиндагӣ аст.

Касе, ки тамоми вазоифи хонаводагии худро мешиносад ва якояки онҳоро бо алоқаи фаровон анҷом медиҳад, бидуни шак дар тамомии умури зиндагӣ муваффақ мешавад. Ҳамсари ӯ низ аз инки вай аз вазоиф ва таклифҳои худ огоҳ аст, хушнуд мешавад.

Бисёре аз ақибмонагиҳо дар зиндагии хонаводагӣ, маълули нашнохтани масъулиятҳо ва гурез аз анҷоми вазоифи хонаводагӣ аст. Агар ҳар як аз зану шавҳар вазоиферо, ки бар уҳдаи онон аст, ташхис дода, ба он амал кунанд, чархи зиндагии онҳо дар масири матлуби хеш қарор гирифта, умури зиндагиашон равнақ хоҳад ёфт, ва ҳар гуна сарпечӣ аз он ба истиҳкоми ин конун, зарба хоҳад зад.

Марде, ки дар қиболи масъулиятҳои хонаводагӣ саҳлангорӣ карда ва аз зери бори идораи зиндагӣ, шона холӣ мекунад ва бо таносоии худ, хонаводаашро дар маърази фақри иқтисодӣ қарор медиҳад ва ононро дар баровардани ниёзҳои аввалияи худ ёрӣ намерасонад, дар ҳақиқат бузургтарин зарбаро ба саодати хонаводагии худ зада аст.

  • Осоиши руҳӣ

Ифои вазифаи мутақобили ҳамсарон, муҷиби итминони хотир якдигар гашта ва дағдағаҳои руҳии ношӣ аз адами масъулиятпазирии мутақобил дар ҳамсарон, решаи ихтилофоти хонаводагӣ аз байн рафта, зану шавҳар дар ҷави солим ва руҳияаи умеддлвор ба анҷоми вазифаҳои худ мерадозанд.

Авомили пайдоиши руҳияи масъулиятпазирӣ

Бо таваҷҷуҳ ба осори арзандае, ки руҳияи масъулиятпазирӣ бар саодати хонаводагии инсо дорад, шоиста аст, ки ҳар як аз зану мард дар сурати камбуди ин руҳия, дар садади ҷуброни он бароянд. Дар ин замина авомили фаровоне муассир аст, ки ба ду омил ишора мекунем:

  • Эътимод ба нафс

Яке аз авомили муҳимми тақвияти руҳияти масъулиятпазирӣ, иътимод ба нафс аст. Афроде, ки дорои чунин руҳияе ҳастанд, дар тавонии худ барои анҷоми масъулият шак тардид надоранд ва ҳамвора аз масъулиятҳо истиқбол мекунанд ва муваффақияти худро дар гарави ифои масъулият медонанд. Бар акс касоне, ки фоқиди иътимод ба нафс ҳастанд, аз қабули масъулиятро бо шикаст, мусовӣ медонанд; бадин ҷиҳат аз пазируфтани масъулият, шона холӣ карда, аз он дурӣ мекунанд.

Барои ислоҳи чунин афроде бояд руҳияи иътимод ба нафс ва масъулиятпазириро дар он тақвият кард. Чунин афроде бо анҷоми корҳое, ки дар тавони онҳост ва касби муваффақият дар он, ба тадриҷ иътимод ба нафс пайдо мекунанд, зеро ифои масъулият мунҷар ба истиҳкоми шахсият ва муваффақияти онҳо дар зиндагӣ мешавад ва зиндагиро дар коми онҳо ширин мекунад. Дар натиҷа барои қабули масъулият шитоби бештаре аз худ нишон медиҳанд.

Барои парвариши ин руҳия дар ҳамсар низ, метавон аз тариқи ташвиқи вай ба анҷоми масъулиятҳо ва эҷоди ҳисси эътимод ба нафс ба ин ҳадаф даст ёфт.

  • Таъсирпазирӣ аз ҳамсар

Омили дигаре, ки муҷиби тақвияти руҳияи масъулиятпазрии инсон мешавад, муошират бо афроди масъулияипазир аст, зеро ба воситаи таъсирпазирӣ аз руҳиёти дигарон, сифати масъулиятпазирӣ ба тадриҷ дар ӯ дар ӯ тақвияти мешавад. Равшан аст, ки вуҷуди чунин руҳияе дар инсон, муҷиби сирояти ин сифат ба ҳамсари ӯ хоҳад шуд ва ҳамчунин таъсири фароввоне дар масъулиятразири фарзандон он хонавода мегузорад. Бар акс, агар инсон фоқиди чунин руҳияе бошад, аммо аз ҳамсари худ интизор дошта бошад, ки тамоми масъулиятҳои худро ба хубӣ анҷом диҳад, тавфиқе дар ин замина ба даст нахоҳад овард.

Бинобар ин, лозимаи эҷоди руҳияи масъулиятпазирӣ дар муҳити хонавода ин аст, ки марди хонавада, беш аз ҳар кас ин руҳияроо дар худ тақвият кунад то бо гузашти замон дар ҳамсару фарзандони худ таъсир гузорад.

[1] . Мустадракулвасоил, ҷ.14, саҳ.248.

[2] . Маҷмуаи Варром, ҷ.1, саҳ.3.

[3] . Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ.4, саҳ.633

[4] . Баҳоруланвор, ҷ78, саҳ.136

[5] . Саҳифаи Саҷҷадия, дуои 25.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.