Одатҳои марговар ва хатарнок

 Доштани умри тӯлонӣ ҳамроҳ бо саломатӣ орзуи ҳамаи мо аст. Аммо гоҳе бархе аз одатҳои худамон коре мекунад, ки ин умри тӯлонӣ ва саломатӣ ба хатар биафтад.

120

Дар ин матлаб шаш одати марговарро баён мекунем:

 1- нӯшидани алкол = саратони ҳалқ

Дар байни шаш одати марговар, масрафи алкол дар мақоми аввал қарор дорад. Ба ақидаи муҳаққиқон масрафи алкол боиси афзоиши хатари ибтило ба саратонҳои мухталиф бахусус саратони даҳон ва ҳалқ мешавад.

 2- нишастани беш аз 7  соат = хатари марг

Муҳаққиқон ба рӯи 230  ҳазор довталаби болои 45  сола баррасӣ карда ва ба ин натиҷа расиданд афроде, ки рӯзона беш аз 7  соат менишинанд ва дучори камбуди фаъолияти баданӣ ва хоб ҳастанд, панҷ баробар бештар хатари маргро дар шаш соли оянда ба ҷон мехаранд.

 3- хобидани беш аз 8  соат = хатари сакта

Бо вуҷуди инки хоб барои тармим ва эҳёи бадан лозим аст, аммо зиёд хобидан барои саломатӣ хайре дар бар надорад. Натоиҷи баррасиҳои чанд солаи муҳаққиқон нишон медиҳад, афроде, ки ҳар шаб беш аз 8  соат мехобанд беш аз дигарон дар маърази сактаи мағзӣ қарор мегиранд ва ин хатар барои хонумҳо бештар аст.

 4- масрафи духонёт = саратони кисаи сафро

Муҳаққиқони донишгоҳи Сидни 96  одати роиҷ байни мардонро мавриди баррасӣ қарор дода ва ба ин натиҷа расиданд, ки сигор кашидан чаҳорумин омили бурузи марги зудҳингом аст. Ба ақидаи ин муҳаққиқон, масрафи духонёт ба таври мустақим боиси бурузи саратони рия, саратони масона ва саратони кисаи сафро мешавад.

 5- ғизоҳои чарб ва ширин

Изофаи вазн ва чоқии зиёд ҷузви авомили аслии марг ва мири зудрс дар сартосари ҷаҳон аст. Ба ҳамин далел лозим аст, ки масрафи маводи ғизоии саршор аз чарбиҳои музир ва қанд маҳдуд шавад. Ба ақидаи мутахассисон, доштани сабки зиндагии солим боиси коҳиши хатари саратонҳои мухталиф мешавад. Бинобарин лозим аст, ки тағзияи мутаодил дошта бошед ва масрафи чарбиҳои гиёҳӣ ва чарбиҳои солимро дар авлавият қарор диҳед то хатари бурузи бемориҳои қалбии уруқӣ коҳиш пайдо кунад.

 6- бетаҳаррук будан = мушкилоти кабидӣ

Ба ақидаи муҳаққиқони донишгоҳи Сидни, соатҳо ҷилави телевизион нишастан, чуртҳои байни рӯзи тӯлонӣ, насӯзондани калория ва ба таври куллӣ бетаҳаррукӣ ҷузви шаш омили аслии хатари бештари маргу мир аст. Ба ақидаи мутахассисон бетаҳаррукӣ, бурузи бемориҳое монанди саратон, поркинсон ва муҳимтар аз ҳама бемориҳои кабидиро афзоиш медиҳад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.