Нақши эътимод ва боварӣ дар зиндагии заношӯӣ

Зану шавҳар бояд дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ, хоҳ чанбаи молӣ ва ё ҷанбаи номусӣ ба якдигар эътимод дошта бошанд то битавонанд зиндагии муштараки хонаводагиро идора кунанд, чаро, ки маънои воқеии зиндагии муштарак, ки оромиш аст дар чунин муҳите дарк карда хоҳад шуд. 

165

Техникҳои рафторӣ барои эътимод дар зиндагии заношуӣ

Такрори ин рафторҳо бо гузашти замон зан ва мардро нисбат ба якдигар сард ва онҳоро аз ҳам дур месозад.

Дар ин замон муроҷиа ба як равоншиноси хуб ҷиҳати беҳбуди робитаи завҷайн ва ҳалли мушкилот кумаки шоёне ба завҷайн мекунад ва зан ва мард метавонанд бо тавассул бо техникҳое рафторҳоеро, ки сабаби таҳрик ва аз байн рафтани робитаашон шуда аст, ба кумаки дармонгар ва равоншиносашон кашф ва ҷиҳати беҳбуди робита талош кунанд.

Омӯхтани як даста маҳоратҳо ва риояти бархе нуктаҳо метавонад кумаки шоёне ба завҷайн кунад дар аввалин қадам дурусттарин кор шояд ин бошад, ки мутмаин шуд оё воқеан мушкили ҳақиқӣ сабаби аз байн рафтани эътимоди завҷайн шудааст ва ё инки ҳосили зеҳнияти манфии худамон ва ё шарики зиндагиямон аст? Ва инки оё ҳануз ҳамсаратон ба шумо эътимод дорад ё не? Ду роҳи ибтидоӣ барои аз байн бурдан ё коҳиши эътимод дар як робита:

Аввал инки қарордод ва тавофуқеро, ки бо ҳамсаратон доред лағв кунед. Фақат кофӣ аст ба яке аз қавлҳои худ амал накунед то эътимоди ҳамсаратон нисбат ба шумо камранг шавад.

Дувум: зарба задан ва сӯиистифода ба тариқи мухталиф ба ҳамсари гоҳе вақтҳо танҳо як зарбаи кӯчак метавонад эътимоди тарафи муқобилро аз байн бубарад ва ин зарба задан метавонад дар чанбаҳои мухталиф бошад аз як ноҳамоҳангии кӯчак, ки сабаби таҳқири вай дар ҷамъ шудааст то осебҳои бузургтар.

Дар як издивоҷи муваффақ чӣ навъ эътимодҳое вуҷуд дорад, дар инҷо ба 5 мавриди он ишора хоҳем кард.

  1. Ба якдигар ҳеҷгоҳ хиёнате нахоҳед кард
  2. Бар рӯи якдигар контроли шадиде надоред
  3. Ҳамсари худро ба хотири худаш дӯст доред
  4. Ҳамсари худро дар вақтҳои асабоният, даъво ва мухолифатҳо танҳо намегузоред
  5. Ҳамсаратон авлавияти аввали шумо бошад

Ҳадафи асосӣ аз издивоҷ расидан ба оромиш аст ва бадеҳӣ аст, ки ин ҳадаф вақте таҳаққуқ меёбад, ки зану мард нисбат ба якдигар эътимод дошта бошанд. Дар бархе аз ривоятҳои исломӣ дар масъалаи вежагиҳои ҳамсари хуб чунин омадааст: зани шоиста касе аст, ки вақте ҳамсараш ба мусофират меравад бо диққат ва эҳтимом аз номус ва амволи ӯ ҷудо муроқибат ба амал оварад. Табъан ингуна посдорӣ вақте анҷом мегирад, ки зан ва шавҳар бо ҳамаи вуҷуд ба якдигар эътимод ва итминон дошта бошанд.

Зиндагии хонаводагӣ як навъ мушорикат аст ва аввалин ва асоситарин шарт дар ширкатҳо, итминон ва эътимод нисбат ба якдигар мебошад. Дар натиҷа поя ва асоси ҳар навъ робитае эътимод ва итминон мебошад ва бадеҳӣ аст, ки дар робитаи заношуӣ зану мард бояд заминаҳои эътимодро барои якдигар фароҳам кунанд, ки ҳатто камтарин халале дар самимияти онҳо ворид нашавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.