Авомили таъсиргузор дар тарбияти кӯдак

84

Чӣ авомиле дар тарбияти кӯдак таъсир доранд?

Нақши ҳар кадом аз ин авомил чӣ андоза муҳим аст?

То ба ҳол ба рушди як гиёҳ диққат кардаед?

Ба назари шумо чӣ авомиле боиси рушди гиёҳ мешавад?

Ҳамон гуна ки ду гурӯҳ аз авомил бар рушди гиёҳ муассир ҳастанд, дар тарбияти инсон низ авомили варосатӣ ва муҳит нақши басазое доранд.

Бо ин тавзеҳот, акнун биёед бубинем ин авомил чӣ гуна дар тарбияти кӯдакамон таъсиргузор ҳастанд.

Аз муҳимтарин авомили таъсиргузор дар тарбияти кӯдак, варосат аст. Аз ин рӯ, дини ислом бар масъалаи интихоби ҳамсар ва муроқибатҳои хосси пеш аз таваллуд таъкид дорад.

Зану марде, ки ҳамшаън ва дорои тафоҳуми ахлоқӣ бошанд, метавонанд дар муҳити беҳтар ба парвариши фарзанд бипардозанд. Ва тамоми ин мабоҳис баёнгари ин масъалаи муҳим аст, ки шахсияти кӯдак пеш аз ба дунё омадан бино мешавад.

Агарчӣ омили виросат бисёр муҳимму боаҳамият аст, вале набояд аз авомили дигаре ба номи муҳит ва тарбият ғофил шуд. Зеро ин муҳит аст, ки агар мусоид бошад, виросат короӣ дорад ва метавонад боиси рушд ва шаклгирии хусусиёти женетикии кӯдак шавад ва ҳатто метавон гуфт: тамоми ончиро ки ҳангоми таваллуд надорем ва дар бузургсолӣ ба он эҳтиёҷ пайдо мекунем, метавонем ба василаи муҳит ва тарбият, ба даст оварем. Муҳит тамоми авомили ғайр аз варосатро дарбар мегирад.

Дар дараҷаи аввал хонавода ва сипас мактаб ва ҷомеа муҳити зиндагии моро ташкил медиҳанд.

Бояд ёдоварӣ кунем, ки хонавода асари шигифтангез ва зотӣ дар пайрезии рафтор ва шахсияти кӯдак дорад. Чаро ки кӯдак аз лаҳзаи таваллуд таҳти таъсири хонаводаи хеш қарор мегирад. Пас хонавода метавонад ҳам табоҳкунандаву вайронгари шахсияти кӯдак гардад ва ҳам созанда бошад. Хонавода метавонад руҳи зиндагӣ ва оромиши равониро дар вуҷуди кӯдак эҷод намояд…

Таъсири хонавода бар инсон инкорнопазир аст, зеро инсон ё ҳамон кӯдак бештари замони худро дар хона ва бо афроди хонавода сипарӣ мекунад ва падару модар ҳам вазифа доранд, муҳити хона ва хонаводаро ба тавре фароҳам кунанд, ки кӯдак дар он эҳсоси амнияту оромиш дошта бошад…

Ҳамон тавре ки гуфтем, муҳити тарбиятии кӯдакони моро дар дараҷаи аввал хонавода ва сипас мактаб ва ҷомеа ташкил медиҳанд. Мо саъй мекунем дар навиштаҳои баъдӣ, низ ин мавзӯъро идома диҳем ва нақши мактаб ва ҷомеаро ҳам баён кунем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.