Авомили таъсиргузор дар тарбият – II

94

Бахши дуюм

Авомили таъсиргузор дар тарбияти кӯдак

Инсон аз лаҳзаи таваллуд дар ҳоли таълиму тарбият ва парвариши шахсият аст. Ва беҳтарин даврон барои тарбият, даврони кӯдакист; замоне ки ҳанӯз шахсияти фард шакл нагирифтааст ва заминаи муносибе барои парвариш вуҷуд дорад.

Дар ривояте аз ҳазрати Алӣ нақл шудааст, ки: “Қалби кӯдаки наврас монанди замини холӣ ва омодаи кишт аст. Ҳар тухмие, ки дар он кошта шавад, қабул карда ва парвариш меёбад”.

Рафтору гуфтори дуруст ё нодурусти падару модар ва шароити муҳит, ба монанди тухмиест, ки дар замири кӯдак афшонда мешавад ва ба тадриҷ парвариш меёбаду рушд мекунад ва оҳиста-оҳиста дар даврони булуғ ва ҷавонӣ ба рушди ниҳоии худ мерасаду бор медиҳад.

Масъулияти ин кор дар марҳалаи аввал бар ӯҳдаи падару модарон аст. Аммо тарбият кори содае нест, балки фанни бисёр зарифу ҳассос аст, ки кордонӣ ва иттилооти кофӣ ва сабру таҷрибаро металабад.

Бисёре аз падару модарон тарбиятро фақат дар амру наҳй медонанд ва гумон мекунанд, ки фақат ҳангоме ки машғули панду андарзи кӯдак ҳастанд, ба тарбияти онҳо машғуланд. Аммо бояд ба ин нукта ишора кунем, фарзандони мо ҳамоне мешаванд, ки мо ҳастем, на ҳамоне ки мо мехоҳем!

Ҳамон тавре ки дар ривояте омадааст: “Шумо ба бузургони худ эҳтиром гузоред то кӯдакони шумо ба шумо эҳтиром бигузоранд”.

Масаъалаи муҳимми дигар ин ки ёдамон бошад, лаҳзаҳое, ки кӯдак дар мактаб сипарӣ мекунад, аз муҳимтарин ва ҳассостарин лаҳзаҳои зиндагии ӯ ба шумор меравад.

Чаро ки улгу ва сармашқпазирии кӯдак бисёр болост ва нуфузи маънавии муаллим дар байни шогирдон ба қадре реша дорад, ки бо амал ва рафтори худ ба улгу ва сармашқ барои кӯдакон табдил мешавад.

Аз тарафе таъсири дӯстон ва ҳамсолонро низ набояд нодида гирифт, чаро ки “писари Нӯҳ бо бадон биншасту хонадони нубувваташ гум шуд”.

Сухани гуҳарбори Паёмбари Акрамро ҳусни хитоми барномаи имрӯз қарор медиҳем, ки мефармоянд: “Ҳикояти ҳамнишини хуб, ҳикояти атрфурӯш аст, ки агар аз атраш ба ту надиҳад, бӯи хуши он ба машомат мерасад ва ҳикояти ҳамнишини бад, монанди оҳангар аст, ки агар ҳарорати коргоҳи ӯ либосатро насӯзонад, бӯи бади он машоматро меозорад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.