Оё коронавирус аз тариқи ҳоҷатхонаи муштарак мунтақил мешавад?

Узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ, зимни таъкид бар олуда будани тарашшуҳҳои фарди мубтало ба вируси КОВИД-19, дар бораи истифода аз ҳоҷатхонаи муштараки фарди олуда бо дигар ашхос ҳушдор дод.

76

Доктор Соро Солориён, фавқи тахассуси муроқибатҳои вижа дар посух ба бархе шубҳаҳо бар асоси олуда будани мадфуъи фарди мубтало ба корона изҳор кард: Тамоми тарашшуҳҳои фарди олуда, аз ҷумла мадфуъ, метавонад интиқолдиҳандаи вируси КОВИД-19 бошад.

Вай идома дод: Тавсия мешавад замоне, ки фарде гирифтори корона шуд ё гумон мекунад, ки мумкин аст интиқолдиҳанда бошад, аз ҳоҷатхонаи ҷудогона истифода кунад.

Солориён унвон кард: Дар ҳамин росто беҳтар аст аз ҳоҷатхонаҳои сохти аврупоӣ истифод шавад, чаро ки бо бастани дари он аз пахши ҳавои олуда ба фазои ҳоҷатхона ҷилавгирӣ мешавад.

Ин узви ҳайати илмии донишгоҳ зимни таъкид бар зарурати шустушӯй ва безараргардонии зуд ба зуди фазои ҳоҷатхона, афзуд: Аз тарафе шустушӯи дастҳо, ба вижа миёни ангуштон, зери нохунҳо ва байни хатҳои даст баъд аз истифода аз ҳоҷатхона бояд бо диққати бештаре анҷом шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.