Шаш нуктаи ахлоқӣ барои ҷавонон

61

Расули гиромӣ ҳазрати Муҳаммад(с) дар ин ривоят, ба чанд нуктаи ахлоқӣ ишора намуда мефармоянд:

“Агар шаш чизро барои ман замонат (кафолат) кунед, ман биҳиштро бароятон замонат мекунам:

1) Ҳар гоҳ сухан гуфтед, рост гӯед;

2) Ҳар гоҳ ваъда додед, вафо намоед;

3) Ҳар гоҳ (касе ба шумо) амонате супурд, онро адо кунед, яъне амонатро ба соҳибаш баргардонед;

4) Авратҳои худро нигаҳ доред. (Яъне бо касе равобити ҷинсии ғайримашрӯъ анҷом надиҳед);

5) Чашмони худро (аз номаҳрам) бибандед;

6) Дастони худро боздоред. (Яъне даст наёзед ба ашёе, ки дастёзӣ ба онҳо муҷоз нест, масалан даст ба ҳаром мазанед, ё он ки касеро, ки заданаш муҷоз нест мазанед ва ғайра…)”

(Ривояти Аҳмад, Ҳоким ва Ибни Ҳаббон аз Уббода ибни Сомит)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.