Таҳсили илм дар ҷавонӣ

94

“Ҳар кас дар ҷавониаш илм биомӯзад, омӯхтааш монанди нақши бар санг аст ва ҳар кас дар бузургсолӣ биомӯзад, монанди навиштани рӯи об аст”. (Паёмбари Акрам(с)).

“Инсон бояд барои охираташ аз дунё, барои маргаш аз зиндагӣ ва барои пириаш аз ҷавонӣ тӯша бигирад, чаро ки дунё барои шумо офарида шудааст ва шумо барои охират офарида шудаед”. (Паёмбари Акрам(с)).

Ибни Сино: “Баъзе чунон саргарми мероси илмии гузаштагонанд, ки фурсати муроҷиа ба ақли худро надоранд ва агар фурсате ҳам ба даст биоваранд, ҳозир нестанд, ки иштибоҳот ва лағзишҳои ононро ислоҳ ва ҷуброн кунанд”.

Бузургмеҳр гуфтааст: “Беҳтарин корҳо ин аст, ки дар ҷавонӣ дониш омӯзӣ ва дар пирӣ ба кор барӣ”.

***

 Ғаззолӣ ва роҳзанон

Дар шарҳи ҳоли Имом Ғаззолӣ ин достон омадааст, ки аз Тӯс ба Нишопур омада ва чанд сол онҷо монда буд ва таҳсил мекард ва хеле ҳам ҷиддӣ буд ва тибқи маъмул дарсҳои худашро ёддошт мекард ва менавишт.

Вақти баргаштан аз Нишопур ба Тӯс, Ғаззолӣ ёддоштҳои худро дар як буқча дохили васоилаш гузошта буд. Дар байни роҳ роҳзанон ба корвони онҳо ҳамла мекунанд ва вақте суроғи он буқча рафтанд, Ғаззолӣ хеле изтироб аз худ нишон дод ва бо ишора ба он буқча гуфт, ҳар чӣ мехоҳед бибаред, аммо ҳамин якеро набаред.

Роҳзанҳо хаёл мекунанд, ки ҳатман дар дохили он колои бисёр нафисе ҳаст, бинобар ин бештар ҳарис мешаванд, ки онро бигиранд ва бибаранд. Аммо вақте буқчаро боз мекунанд, мебинанд ба ҷуз коғазҳо чизи дигаре нест.

Раиси роҳзанҳо рӯ ба Ғаззолӣ мегӯяд:

— Инҳо чист, ки ин қадр бароят муҳим будааст? Инҳо, ки ба ҷуз коғаз чизе нест.

Имом Ғаззолии ҷавон мегӯяд:

— Инҳо маҳсули заҳматҳое аст, ки ман дар тӯли чанд сол кашидаам ва ман як донишҷӯ ҳастам ва дарс мехонам ва ҳар чӣ ёд гирифтаам ҳамаро дар инҷо забт кардаам, ва агар шумо инро бибаред, тамоми заҳматҳои чандсолаи ман ҳадар рафтааст.

Раиси дуздон буқчаро ба ӯ медиҳад, вале мегӯяд:

— Ман як ҳарф ҳам мехоҳам ба ту бизанам, ва он ин аст, ки: илме, ки ҷояш дар буқча бошад ва бо бурдани дузд, аз ту гирифта шавад, илм нест.

Ҳарфи ин дузд таҳаввули азиме дар Ғаззолӣ эҷод мекунад, ки то охири умраш аз он ёдовар мешуд. Ғаззолӣ гуфтааст: “Ҳамин ҳарфи дузд дар ман хеле асар бахшид.”

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.