Ҷавон ва таҳсили илму дониш

90

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Хайри дунёву охират бо дониш аст ва шарри дунёву охират дар бесаводист!”

Яке аз чизҳое, ки метавонад барои пешрафти корҳои инсон дар зиндагӣ, нақши муҳимме дошта бошад, фарогирии илму дониш аст. Тамоми пешрафтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ аз тариқи илм ба таҳаққуқ мерасад. Ва бори ин амонат бештар бар ӯҳдаи насли ҷавон аст.

Ривояте аз Имом Содиқ(р) нақл шудааст, ки мегӯянд: “Дӯст надорам ҷавоне аз шуморо ҷуз дар ду ҳолат набинам: донишманд ё донишҷӯ”.

***

Ибни Сино ва вазорат

Ибни Сино замоне вазир буд. Ҳасудонаш аз ӯ ба амир хабарчинӣ карданд ва мағзуби амир шуд. Рафт махфӣ шуд. Дар ҳамон махфигоҳ фурсати хубе барояш пайдо шуд. Шурӯъ кард ба таълифи китоб. Иддае аз шогирдон маҳрамона меомаданд пеши вай ва ӯ барои онҳо тадрис мекард ва онҳо менавиштанд. Китобҳои маъруфи ӯ мисли “Шифо”, ҳосили ҳамин тадрисҳо буд.

Дар ҳамин байн, суитафоҳум байни ӯ ва амир бартараф шуд ва эълом карданд, ки Бӯалӣ ҳар куҷо ҳаст, берун биёяд ва сари мақоми худаш ҳозир шавад.

Бӯалӣ берун наомад. Гуфт, барои ман ҳамин махфигоҳ ва ҳамин корам аз вазорат хеле беҳтар аст. Дид агар берун биёяд, маҷбураш мекунанд, ки дубора кори вазоратро ба ӯҳда бигирад. Аз ин рӯ, аз берун омадан худдорӣ мекард. Як идда муфтхӯр, ки аз вазир будани Бӯалӣ баҳраманд буданд, исрор карданд, то берун биёяд. Аммо ӯ худдорӣ мекард. Билохира, ҳамонҳо махфигоҳи ӯро нишон доданд ва Бӯалиро ба зӯр аз онҷо берун оварданд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.