Заношӯии бидуни таниш (1)

 Замоне ки авомили огоҳу ноогоҳ, даст ба дасти якдигар дода ва дар равобити байни зану шавҳар ҷароҳатҳои рӯҳиро амиқтар ва дардноктар мекунанд, бояд ҳар чӣ зудтар ин ҷароҳатҳои равониро илтиём бахшеда ва танҳоиро, ки дар зиндагӣ осеб ворид мекунанд, зудуд.

97

Дар ин мақола бар онем, то 17 нуктаи корбурдӣ ҷиҳати буҳронзудоӣ аз хонавода ва авомили муассир дар беҳбуди равобити завҷайнро мавриди баррасӣ қарори диҳем:

Шахсияти ҳамсаратон ҳарчӣ бошад, шумо ҳам ниёз ба дуборасанҷии эътиқодотии худ дар мавриди зиндагӣ доред. Ин бовар ки шумо ҳам бе айбу нақс нестед, як навъи омодагӣ ва инъитофи рӯҳӣ эҷод мекунад, ки барои дастёбӣ ба тафоҳум зарурати зиёде дорад.

Мушклоти зиндагӣ ҳама як тавр нестанд ва аз лиҳози мавзӯъ ва печидагиҳо бо ҳам фарқ доранд. Ва аз ӣн рӯ замони мутаносиб бо ҳар кадом барои буҳронзудоии маврид ниёз мебошад. Ҳаргиз шитобзада бо мушкилоти муҳим бархӯрд накунед, балки эътиқод дошта бошед, ки мушкилот ба тадриҷ ва бо гузашти замон, шакл мегиранд ва бар ҳамин асос, ба сурати тадриҷӣ низ бояд ҳал шаванд.

Буҳронҳо ва мушкилоти зиндагӣ, маҳаки лаёқату шоистагии шумо ба шумор мераванд. Саъй кунед бо гузаштан аз ин буҳрон, лаёқат, ҷиддият ва тавони худро ба исбот расонед.

Иҷоза надиҳед ҳаводис ва афрод шуморо бикӯбанд. Рӯҳияи худро дастхуши номулоимот накунед ва қудрати худро аз даст надиҳед.

Дӯборасанҷии интизорот ва таваққуъоти шумо аз ҳамсаратон, дар бархе маворид ба коҳиши буҳрон мунҷар мешавад; маслан бояд аз худ бипурсед инки ман муътақидам “ҳамсарам бояд чунину чунон мекард” ин “боядҳо” аз куҷо нашъат гирифтаанд? Ва чигуна боядҳо ба қавонину муқарроти зиндагӣ табдил шудаанд? Ва ин амал дар баррасии имконоти ҳамсаратон ва арзёбии қудрат вокуниши ӯ ба хостаҳои шумо судманд аст.

Барои тағйир дар рӯҳияи ҳамсаратон ва дар натиҷаи мушкилзудоӣ аз зиндагӣ, бархе шароити ҳоким бар хонаводаро тағйир диҳед; масалан пешниҳоди як мусофират, афзудани бархе барномаҳои мутанаввиъ ба зиндагӣ, ва дар сӯрати имкон тағйир дар шароиту соатҳои кору бозгашт ба манзил ва тағйири улгуҳои иртиботӣ бо ҳамсар, аз ингуна маворид маҳсуб мешавад.

Аз қувваи ҳаётии худатон мисли пӯлатон саҳеҳ сарфаҷӯӣ кунед ва ин ҳақро низ барои ҳамсаратон қоил бошед, ки ӯ ҳам энержии равонии худро захира кунад ва бо бархурдҳои шикананда, дучори афсурдагӣ ва пирии зӯдрас нашавад.

Як фалсафаи зиндагиро ки бар пояи хушбинӣ бошад,  бигиред, кунед. Чунин масъалае ба маҳор кардани авотиф ва ҳифзи қувваҳои ҳаётии шумо, кумак хоҳад кард.

Созмони отифии худро ба гӯнае мураттаб ва муназзам кунед, ки монеъ аз интиқоли кулияи нигарониҳо ва афкори манфии марбут ба коратон, ба фазои манзил ва билъакс гардад.

Теъдоде аз завҷҳои ҷавон ба далели осебе, ки дар улгуҳои иртиботии байни худ дораад, наметавонанд ба тафоҳум барисанд.  Мумкин аст ин осеб дар наҳваи гуфтугӯ, ҳамкорӣ, бархурд бо атрофиён ва ё монанди он ба вуҷуд омада бошад, ба ҳар ҳол дар равобити онҳо халале эҷод мекунад. Дар ингӯна маворид ҳузури фарди сеюм ба унвон мушовир метавонад дар рафъи мушкилоти иртиботии онҳо муассир бошад.

Ҳар вақт дар байни гуфтугӯ бо ҳамсаратон эҳсос мекунед, ки ба ҳолати асабӣ наздик мешавед, аз идомаи баҳс худдорӣ намуда дар замони муносиб ба баёни бақияи матолиби худ бипардозед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.