Ахлоқи ҳамсардорӣ (махсуси бонувон)

188

Оромиш ва таолии хонавода

а) Шеваи муҳаббат ба ҳамсар

Худованди мутаол дар Қуръони Карим ба муҳаббат ва алоқае, ки миёни зану шавҳар вуҷуд дорад, ишора намуда ва онро аз нишонаҳои қудрати хеш шумурдааст.

“Яке аз оёти Худо ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид то бо онон унс бигиред ва миёни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ ниҳод”.

Ҳамаи инсонҳо ташнаи дӯстӣ ва муҳаббат ҳастанд ва тамоюл доранд, ки маҳбуби дигарон бошанд. Ҳамсари шумо ҳам аз ин эҳсоси ғаризӣ ба дур нест.

Ӯ низ ташнаи ишқу муҳаббат аст ва интизор дорад, дӯсташ бидоред, агар ӯро дӯст дошта бошед, ӯ ҳам ба шумо алоқаманд хоҳад шуд, зеро муҳаббат як пайванди дутарафа аст ва меҳрубонӣ ва изҳори муҳаббат воқеан мӯъҷиза мекунад.

Мумкин аст ҳамсаратонро аз самими дил дӯст бидоред, аммо ин миқдор кофӣ нест, бояд аз рафтор, гуфтор ва ҳаракотатон осори ишқу алоқа ба шавҳар намоён бошад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.