Заношӯии бидуни таниш (2)

 Замоне ки авомили огоҳу ноогоҳ, даст ба дасти якдигар дода ва дар равобити байни зану шавҳар ҷароҳатҳои рӯҳиро амиқтар ва дардноктар мекунанд, бояд ҳар чӣ зудтар ин ҷароҳатҳои равониро илтиём бахшеда ва танҳоиро, ки дар зиндагӣ осеб ворид мекунанд, зудуд.

97

Аз 17 нуктаи корбурдӣ ҷиҳати буҳронзудоӣ аз хонавода ва авомили муассир дар беҳбуди равобити завҷайн чанд мавридро баррасӣ кардем ва идомаи онро баён мекунем:

Барои ҳаводисе, ки шояд ҳаргиз рӯй надиҳад, худатон ва ҳамсаратонро озор надиҳед.

Аз коҳ кӯҳ насозед ва масоилро бузург накунед. Бидонед, ки дар зиндагии афроди хушбин, коҳу кӯҳ, ҳар ду вуҷуд дорад, вале дар зиндагии афроди бадбин фақат кӯҳ вуҷуд дорад, зеро онҳо аз ҳар коҳе, кӯҳе месозанд ва дар баробари он изҳори нотавонӣ мекунанд.

Бар он бошед, ки дар фурсатҳои муносиб иртиботи каломӣ бо ҳамсаратон дошта бошед ва онро маҳдуд ба вақтҳое, ки дучори буҳрон мешавед, накунед. Зеро дар чунин ҳолате иртиботи каломии шумо бо таҳрикоти рӯҳӣ ва асабӣ ҳамроҳ хоҳад буд ва дар он сурати натиҷае оиди шумо намешавад.

Ҳамсаратон, аз шахсияте бархурдор аст, ки на ончунон печида аст, ки шинохти ӯ ғайри мумкин бошад ва на ончунон содда аст, ки ниёзманди талоше аз ҷониби шумо набошад. Шинохти ҳамсаратон масъалаи мумкин ва зарурӣ аст. Бо мутолиаи мустамар дар ҳолатҳо ва рӯҳиёташ, ӯро бештару беҳтар мешиносед ва дар натиҷа зиндагии шумо ҳаргиз ба лабаи партгоҳ наздик нахоҳад шуд.

Дар бархе аз буҳронҳои заношӯӣ, ҳар як аз завҷайн бо матраҳ сохтани хотироти дардноки гузашта ва баёни дардҳои рӯҳии худ, мушкилро печидатар мекунанд. Дар ҳоле, ки зоҳиран масъалаҳои гузаштаи дахле ба мушкили имрӯзи онҳо надорад. ин кайфият ки навъе “вопасгаронӣ” дар зиндагии муштарак аст, эҳтимоли муваффақиятро дар гуфтугӯии завҷин аз байн меравад.

Беҳтарини формул дар ингуна маворид ин аст, ки ҳар як аз дигарӣ содиқона бипурсад: “барои аз ин ба баъд, аз ман чӣ интизороте доред, ки ман анҷом диҳами?” ин пурсиш пайванди мушкили имрӯзро бо гузаштаҳои дур ба канор мениҳад ва бо тарҳи як пурсиши мушаххас, дар пайи посухи мушаххасе бармеояд ва дар ниҳоят мушкил ба шеваи оқилона ҳал хоҳад шуд.

Теъдоде аз завҷҳои ҷавон ба далели осебе, ки дар улгуҳои иртиботии байни худашон вуҷуд дорад, наметавонанд ба тафоҳум барисанд. Мумкин аст ин осеб дар наҳваи гуфтугӯ, ҳамкорӣ, бархурд бо атрофиён ва ё монанди он ба вуҷуд омада бошад, ба ҳар ҳол дар равобити онҳо халале эҷод мекунад. Дар ингуна маворид ҳузури фарди сеюм ба унвон мушовир метавонад дар рафъи мушкилоти иртиботии онҳо муассир бошад.

Тарҳ ду пурсиши асосӣ ба ӣн сӯрат метавонад дар коҳиши буҳрони зиндагӣ муассир бошад, ба гунае ки ҳар як аз завҷайн аз худ бипурсад:

+ Нақши ман дар оромишу амнияти хотири зиндагӣ чист?

+ Ва оё чунин нақшеро метавон тавсеа бахшид ?

Талоши завҷин барои ёфтани посухои равшан, оқилона ва бодалел метавонад аз бурузи буҳрон дар хонавода пешгирӣ намояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.