Зани зиндагӣ кадом аст?

72

Ҳамсардорӣ барои хонумҳо

Ҳамсардорӣ мавзӯи махсуси хонумҳо ва ё сирфан мавзӯи махсуси мардҳо нест ва як масъалаи дутарафа аст ва бинобар ин, мардон низ бояд ба нукоти ҳамсардорӣ  таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

Ҳамаи занҳо мехоҳанд, ки барои шавҳари худ ҳамсари комил ва хубе бошанд ва дар ин навишта ба бархе аз усули куллӣ барои ҳамсардории хонумҳо ишора хоҳад шуд.

1 – Дар ҳамсардорӣ мушкилоти аслиро бишносед

Дар тӯли зиндагии муштарак, мусалламан таорузҳову тазодҳое байни шумо ва ҳамсаратон пеш меояд. Аммо оё ҳамаи инҳо арзиши баҳсу ҷанҷолро доранд?

Возеҳ аст, ки бисёре аз ин таорзуҳо нисбат ба бақия аз аҳамияти бештаре бархурдоранд. Агар шумо дар тӯли шабонарӯз доиман дар ҳоли шикоят кардан ба ҳамсари худ нисбат ба ҳамаи масоил ва ба хусус масоили ночизу кучак бошед, ҳангоме ки мавзӯи воқеан ҷиддӣ ва муҳимме пеш ояд, ӯ дигар ҳозир ба шунидани ҳарфҳоятон нахоҳад буд.

Бинобар ин талош кунед то аз интиқодҳои мудом ва ғайрисозанда даст бардоред. Интиқод кардан ба ин шева метавонад робитаи шуморо ба осонӣ хароб кунад. Чаро ки ин интиқодҳо ва сарзанишҳо маъмулан бо ҳаяҷоноти манфии шадиде аз ҷониби шумо ҳамроҳ ҳастанд. Ҳаяҷоноти манфӣ бо қудрати зиёде, ки доранд, боиси табдили як баҳси сода ба як ҷанҷоли бузург мешавад.

Ба ҳамин хотир, бояд роҳҳои контроли ҳаяҷонотро ёд бигирем то дар замони таорузҳову бархурдҳо битавонем бештар мантиқӣ бошем.

Замоне бо якдигар баҳс кунед, ки воқеан мавзӯи муҳимме бошад. Ба ин сурат таъсиргузории суханҳои шумо аз байн нахоҳад рафт ва эҳтимоли натиҷа гирифтан аз ин баҳсҳо барои шумо бештар хоҳад буд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.