Бонувон ва шеваҳои ҳамсардорӣ

67

Розҳои муваффақият

Одоби ҳамсардорӣ

Ҳамаи хонумҳо дилашон мехоҳад қалби шавҳарашонро тасхир кунанд ва аз ӯ ҳарфҳои муҳаббатомез бишнаванд, аммо гоҳе онҳо дучори хашму беэҳсосии шавҳар мешаванд. Равоншиносон ва мушовирони хонавода мегӯянд, мардон паёмҳои дидориро дарёфт мекунанд ва хонумҳо паёмҳои шунидориро бештар дӯст медоранд.

***

Агар мехоҳед ҷаззоб бошед…

Агар мехоҳед барои шавҳаратонр ҷаззоб бошед, пеш аз ҳама ба зоҳири худатон аҳамият диҳед. Таваҷҷӯҳ ба саломатӣ, фаъолиятҳои ҷисмонӣ, мисли пиёдаравӣ ва варзишҳои сабук метавонад қудрати нуфузи шуморо боло бибарад.

Саъй кунед худатонро дӯст дошта бошед ва фаъолиятҳоеро, ки худатонро розӣ мекунад, анҷом диҳед то худбоварӣ ва эътимод ба нафсатон боло равад. Агар фикр кунед, ки дӯстдоштанӣ нестед, касе шуморо дӯст нахоҳад дошт.

Саъй кунед, шодмониро ба зиндагии худ роҳ диҳед. Заноне, ки ҳамеша шод ҳастанд ва дар мавриди худ эҳсоси хубе доранд, бештар мавриди таваҷҷӯҳи ҳамсарашон ҳастанд ва аз ҷаззобияти бештаре бархурдоранд.

Вақте шавҳаратон хаста аз аз кори рӯзона ба хона бармегардад, ба истиқболаш биравед ва бо хушрӯӣ аз ӯ пазироӣ кунед ва ҳангоми рафтан ба сари кор, ӯро гусел кунед.

Васоили ӯро аз дасташ бигиред ва аз харидҳояш таъриф кунед.

Аввал аз ҳама хабарҳои хубро ба ӯ бидиҳед ва нагузоред, бачаҳо дар ибтидои вурудаш ба хона, ба сару китфи ӯ боло бираванд.

Агар замони хӯрок хӯрдан аст, аз пеш омода бошед ва суфра бичинед.

Вақте ҳамсаратон хаставу беҳол ё гурусна аст, хостаҳоятонро матраҳ накунед. Пеш аз хӯрок хӯрдан дархости анҷоми коре накунед.

Агар ҳамсаратон бадқавлӣ кард ё дер ба хона омад ва тавзеҳе надорад, баъд аз рафъи хастагӣ бо мулоимат аз ӯ иллати таъхирашро бипурсед ва бигӯед, ки барои ӯ нигарон шудаед.

Агар ҳамсаратон кам ҳарф мезанад, фазое барои танҳоии ӯ қарор диҳед ва барои саргармии худ аз камҳарфии ӯ шикот накунед. Агар танҳо мемонед, шумо ҳам бо як саргармии шахсӣ, вақти худро пур кунед то замоне ки ҳамсаратон худ дархост кунад, ҳарфҳояшро бишнавед.

Шояд аҷиб бошад, вале хеле шунида мешавад, ки мардон, занони боҳушро дӯст намедоранд ва дилашон мехоҳад ҳамсарашон нисбат ба онон маълумоти камтаре дошта бошад. Ин мавзӯъ ба онон ҳисси беҳтаре медиҳад ва баръакс ин мавзӯъ ҳисси ҳасодату рақобаташонро бармеангезад. Бинобар ин дар пеши онҳо ибрози фазл накунед ва то ҷое ки метавонед, бо вуҷуди тавоноии ҷисмӣ ва фикрӣ аз онон кӯмак бихоҳед. Ба ҳамсаратон эҳтиром гузоред ва ба ҷои рақиб дуруст кардан, барои ӯ, аз ӯ таърифу тамҷид кунед.

Дар нороҳатиҳояш шарик шавед ва шунавандаи хубе бошед ва панду андарз доданро канор гузоред ва аз гуфтаҳояш сӯистифода накунед.

Дар хонавода, ошхонаи пурравнақе дошта бошед ва агар мехоҳед, аз шавҳаратон кӯмак гиред, аз корҳои ношоиста эрод нагиред ва ҳар кори хуби ӯро таҳсин кунед то барои анҷоми бақияи корҳо, тарғибу ташвиқ шавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.