Навҷавонро дарёбед…

107

Аҳодиси ахлоқӣ дар мавриди ҷавонону навҷавонон

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ҳар кас дар ҷавониаш биомӯзад, омӯхтааш монанди нақш бар санг аст ва ҳар кас дар бузургсолӣ биомӯзад, монанди навиштан бар рӯи об аст”.

Расули Акрам(с) фармуданд: “Худованд ҷавонеро, ки ҷавониашро дар итоати ӯ бигзаронад, дӯст дорад”.

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст: “Навҷавонро дарёбед, зеро ки онон зудтар ба корҳои хайр рӯй меоваранд”.

Аз ҳазрати Алӣ(а) нақл шудааст: “Дили навҷавон монанди замини омода аст, ки ҳар базре (тухмӣ) дар он афшонда шавад, мепазирад”.

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудаст: “Ба омӯхтани ҳадис ба навҷавонатон, пеш аз он ки мунҳарифон ононро гумроҳ созанд, иқдом намоед”.

Марде ба Расули Худо(с) арз кард: Ҳаққи ин фарзанд бар ман чист? – Паёмбар(с) фармуданд: Исми некӯ барояш интихоб кунӣ ва ба хубӣ ӯро тарбият намоӣ ва ба кори муносиб ва писандидае бигуморӣ.

Аз Имом Алӣ(а) нақл шудааст: “Шоистатарин чизҳое, ки навҷавонон бояд биомӯзанд, он чизҳое ҳастанд, ки ҳангоми бузургсолӣ ба онҳо ниёз доранд”.

Аз Имом Алӣ(а) нақл шудааст: “Одобу русуми худро ба фарзандонатон таҳмил накунед, зеро онон барои замоне ғайр аз замони шумо офарида шудаанд”.

Аз Имом Алӣ(а) нақл шудааст: “Ҳангоме ки дар пешомаде эҳтиёҷ ба машварат доштӣ, ибтидо ба ҷавонон муроҷиат намо, зеро ки онон зеҳни тезтар ва ҳадси сареътар доранд, сипас натиҷаи онро ба назари бузургсолон ва пирон расон, то пайгирӣ намуда, оқибати онро бисанҷанд ва роҳи беҳтарро интихоб кунанд, зеро таҷрибаи онон бештар аст”.

Расули Акрам(с) фармуданд: “Эй Алӣ, чаҳор чизро пеш аз чаҳор чиз дарёб: ҷавониатро пеш аз пирӣ, саломатиатро пеш аз беморӣ, сарвататро пеш аз фақр ва зиндагиатро пеш аз марг”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.