Қонунҳои тиллоии зиндагӣ

120

Равишҳои ҳамсардорӣ барои мардон

Он чӣ мардон бояд бидонанд

***   ***   ***

Гӯш додан ба суханони ҳамсар

Ҳангоме ки ҳамсаратон ба шумо ниёз дорад, ба маънои воқеӣ, пеши ӯ ҳозир бошед. Барои мисол, фақат сукут кардани шумо ба танҳоӣ наметавонад нишонаи ин бошад, ки дар ҳоли гӯш додан ба сӯҳбатҳои ҳамсаратон ҳастед. Гӯш додани воқеӣ ниёзманди барқарории иртиботи ғайрикаломии муносиб, назири иртиботи чашмӣ аст.

Ҳангоме ки ӯ дар ҳоли ҳарф задан бо шумост ва шумо дар ҳоли нигоҳ кардан ба телефони ҳамроҳи худ ҳастед ва ё телевизион тамошо мекунед, бо ин кор, ғайримустақим ба ӯ мегӯед, ки ба ҳарфҳояш гӯш намедиҳед!

Барои он ки нишон диҳед, ба ниёзҳо ва сӯҳбатҳои ҳамсаратон арзиш қоил ҳастед, замони хоссеро барои гуфтугӯ бо якдигар ихтисос диҳед ва дар ин замон, истифода аз телефони ҳамроҳ ё телевизион ва корҳои дигарро канор бигузоред.

***

Қонуни тиллоии зиндагӣ

Риояти қонуни тиллоӣ аз муҳимтарин усули ҳамсардорӣ барои мардон аст.

Қонуни тиллоии зиндагии муштарак масъалаи содае нест. Ҳеч вақт ҳамсари худро таҳдид накунед.

Ӯро назанед ва бо киноя бо ӯ сӯҳбат накунед.

Дар рӯбарӯ шудан бо мушкилоти зиндагӣ, инро дар назар бигиред, ки ҳамеша гузинаҳои дигаре ба ҷуз ин рафторҳои осебрасон вуҷуд дорад.

Нодида гирифтан ва зери по гузоштани ин қонуни тиллоӣ метавонад ба қимати тахриби ҷуброннопазири робитаи шумо ва ҳамсаратон тамом шавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.