Анҷоми корҳои кучак ва таъсироти бештари он

121

Равишҳои ҳамсардорӣ барои мардон

Он чӣ мардон бояд бидонанд

Барои он ки муҳаббат ва алоқаи худро ба ҳамсаратон нишон диҳед, лозим нест, ҳамеша ба фикри корҳои сахт ва ё ҳадяҳои гаронқимат бошед. Бисёре аз мардон чун шароити таҳияи ҳадяҳои гаронбаҳоро надоранд, ба таври куллӣ, аз хушҳол кардани ҳамсари худ даст мебардоранд, сипас интизор доранд, ҳамсарашон ин шароитро дарк кунад ва аз ӯ наранҷад. Дар ҳоле ки корҳои бисёр кучаке монанди ҳадя додани як шоха гул, бидуни муносибат ва ба ҳонаи хоссе, тақсими вазоифи хона ва ё омода кардани хӯроке (палав) барои ӯ, эҳсосоти бисёр мусбатеро дар ҳамсаратон бармеангезад.

Дар воқеъ анҷоми корҳои кучак, аммо ҳамешагӣ дар тӯли зиндагии муштарак, метавонад давом ва зебоии робитаи шуморо ба мизони бисёр зиёде таҳти таъсири худ қарор диҳад.

***

Парҳез аз задани ҳамсар

Шумо бояд барои ҳамсаратон як такягоҳи амн бошед.

Бархурди физикӣ – задани зан ва носазогӯӣ боис мешавад, ки ҳамсаратон аз шумо битарсад ва алоқааш коҳиш ёбад.

Бисёре аз мардон аз аъмоқи вуҷуди худ медонанд, ки ин кор иштибоҳ аст, аммо дар замони асабоният наметавонанд, хашми худро фурӯ нишонад. Доду фарёд аз диди ҳамсаратон нишонаи қудрати шумо нест, балки бо ин кор дар пеши ӯ, инсони заифу нотавоне ба назар мерасед. Беҳтар аст барои касби маҳорати контроли хашм, аз кӯмаки як равоншинос беҳраманд шавед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.